Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҷиргатол

04.10.2008 12:00, ноҳияи Лахш

Нимаи дуюми рӯз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷиргатол идома ёфт.

Дар шаҳраки Ваҳдат, ки маркази ноҳияи Ҷиргатол аст, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бозори «Баракат», як маркази савдо ва бинои маъмурии нави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расман ба истифода супурда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба як қисми ҳарбии сарҳадбонии дар ноҳияи Ҷиргатол воқеъгашта, ташриф оварда, ба ҳайати шахсии он дар фазои тантанавӣ парчами ҳарбӣ тақдим намуд.

Таъкид гардид, ки имрӯз бори нахуст ва нахустин парчами ҳарбӣ ба қисми ҳарбии сарҳадбонӣ супорида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин баҳри боз ҳам беҳтар намудани таъминоти моддии сарбозон ва ғамхорӣ ба муҳофизони Ватан супоришҳои мушаххас дода, ҳайати шахсии қисми ҳарбиро ба баланд бардоштани омодагӣ ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.

Дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, баҳри таъмини рушди бонизоми тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, зиёд кардани саршумори қутос ва дигар намудҳои чорво, ривоҷ додани корҳои тухмипарварӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка аз ҳисоби заминҳои нави обёришуда, идома додани шодобнамоии заминҳои ташналаб ва афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳии хурд ба соҳибкорони деҳот дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Дар намоишгоҳ ду кадуи бузургҳаҷм ба назар расид, ки вазнашон аз 60 кг зиёд буд. Деҳқони пиронсоле, ки онро рӯёндааст, вазни як кадуро ба 95 кг расонда, аз рекорди Гинниес гузаштанӣ аст. Ба гуфти ӯ калонтарин каду дар китоби Гиннес бо вазни 92 кг ба қайд гирифта шудааст.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо мардуми сершумори он мулоқоту сӯҳбатҳои дилнишин анҷом дод.

Ба мардуми ноҳия аз ҳисоби Фонди ҷамъиятии Хайрияи Тоҷикистон, ки муассисаш Эмомалӣ Раҳмон аст, 8 трактор бо 8 испор, 9 автобуси мусофирбар, 5 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ва 90 компютер барои мактабҳо тӯҳфа карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин мужда росонд, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтмони беморхонаи нави марказии ноҳияи Ҷиргатол ва таъмири роҳҳои шаҳраки Ваҳдат дар соли равон 1 миллион сомонӣ ва дар соли оянда 1,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Мулоқоти Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми ноҳияи Ҷиргатол бо консерти бошукӯҳи устодони санъат ба поён расид.

Субҳи барвақти рӯзи 4 октябр Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон нахут ба мавзеи Қарамиқи ноҳияи Ҷиргатол, ки дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аст, ташриф овард.

Дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти азнавсозии қатъаи 8 километраи роҳи Душанбе-Саритош, ки мавзеи аз ҳама вазнину мушкилгузари он ба шумор меравад, шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зиёд гардид, ки паҳнсозию тахту ҳамвор кардани роҳ ва сангфарш намудани он сарфи назар аз сардии сахти заминистони ин ҷо то моҳи апрели соли оянда ба итмом мерасад, зеро кор ба таври шаборӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки мумфаршсозию анҷоми пурраи он низ соли оянда таъмин карда шавад.

Ба иттилои роҳсозон аз бориши барфи зиёд, лағжиши замин ва тармафароӣ дар ҳамин мавзеъ 3 булдозери бузургҳаҷми роҳсозӣ бақаъри дараи азим сарозер рафтаанд.

Зимни боздид аз дидбонгоҳи сарҳадии хадамоти гумрук, зикр гардид, ки айни ҳол аз ин роҳ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳар рӯз 15-20 мошини хурду калон мегузарад. «Дар зимистон агар ағбаи Кулма баста шавад, аз ин ҷо дар як рӯз то 40-50 мошин убур мекунанд, асосан мошинҳои байни Чину Тоҷикистон рафтуокунанда», - иттилоъ доданд кормандони гумрук.

Дар хоҷагии давлатии Қизилсуи ноҳияи Ҷиргатол Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз заминҳои кишти картошка дидан карда, бо деҳқонон ва сокинони деҳоти атроф сӯҳбатҳои судманд анҷом дод.

Картошкапарварон иттилоъ доданд, ки имсол аз сабаби нарасидани техника дар майдони 120 гектар картошка кишт карданд. Солҳои пеш дар 300 гектар кишт мекардаанд.

Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки ба ин хоҷагӣ 4 трактори нав дода шавад ва ба картошкапарварони он дастур дод, ки соли оянда дар 500 гектар картошка кишт кунанд.

«Бо амалӣ шудани ин супориш барои 700 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё мегардад», - таъкид намуд Сарвари Давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки дар давоми 5 соли оянда майдонҳои кишти картошкаро аз 2 ҳазор гектари имрӯза ба 4,5 ҳазор га ва истеҳсоли солонаи он дар ноҳия ба 100 ҳазор тонна расонда шавад.

Деҳқонон ва мардуми хоҷагӣ аз ташрифи 5-уми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба диёри худ изҳори сарфарозӣ карда, қавл доданд, ки тамоми супоришу ҳидоятҳои ӯро дар амал татбиқ мекунанд, зеро ба андешаи онҳо имкону захираҳо барои ин мавҷуд аст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520