Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура

25.09.2008 06:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Мулоқоти пурмӯҳтавои дигар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии ЮНЕСКО Коучиро Матсуура анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ЮНЕСКО баҳри дастгирии намоён аз чорабиниҳои фарҳангии Тоҷикистон, аз ҷумла таҷлили 1150-солагии одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи ҷахонӣ арзи сипос кард.

Мусоҳибон оид ба ҳифз, тарғибу ташвиқ ва ба ҷаҳониён боз ҳам бештар муаррифӣ кардани осори бебаҳои таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва миллати тоҷик гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо боварии комил изҳор дошт, ки баҳри ба номгӯйи Ёдгориҳои Ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани осори фарҳангию таърихии Тоҷикистон корҳои намоён ба сомон мерасанд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро баҳри густариши ҳамкориҳои судбахш таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520