Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар вохӯрӣ бо намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Амрико

26.09.2008 23:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Самтҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Амрико дар сатҳи соҳибкорону тоҷирони ду кишвар дар воҳӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкории ин кишвар баррасӣ шуд.

Вохӯрии мазкур аз ҷониби Шӯрои соҳибкории ду кишвар ташкил ёфта буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст соҳибкорони Амрикоро бо нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, беҳтаршавии фазои сиёсӣ ва инвеститсионии кишвар, бунёди инфрасохтори мусоид барои рушди тиҷорату соҳибкорӣ ва ғайра шинос намуда, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват намуд.

Аз суханҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи воломақоми Департаменти давлатии Амрико Ҷорҷ Крол бармеояд, ки ҳарду кишвар ба рушди ҳамкориҳо дар сатҳи соҳибкорон ҳавасманданд ва ба ин кор мусоидати фаъол мекунанд. Ҷорҷ Крол, аз ҷумла изҳор дошт: - «Мо дӯсту шарики Тоҷикистон будем ва боқӣ мемонем ва ба рушди он мусоидат мекунем, то мусоидат кунем ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ». Ӯ ҳамчунин мавқеи геополитикии Тоҷикистон ва тадбирҳои Ҳукумати мамлакатро баҳри рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, таҳкими амнияту субот дар минтақа ва дар оянда бо нерӯи барқ таъмин намудани Афғонистон бисёр муҳим арзёбӣ карда, изҳор дошт: - «Тоҷикистон ҳамеша дар маркази диққати Амрико» қарор дорад.

Байни Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони амрикоӣ сӯҳбати озоду ошкоро ва самарабахш сурат гирифт.

Роҳбари ширкати «Тетис-Петролиум» Девид Робсон чун як соҳибкоре, ки дар Тоҷикистон фаъолияти босамар дорад, ба фазои сармоягузории он баҳои баланд дода, дигар соҳибкорони амрикоиро ба ба ҳамкорӣ бо кишвари мо даъват намуд.

Зимни саволу ҷавобҳо ҳавасмандии зиёди соҳибкорони Амрико баҳри ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аён гашт. Таваҷҷӯҳи зиёд ба захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон, аз ҷумла нафту газ ва дигар навъҳои сӯзишворӣ ва ба туризми кӯҳӣ зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520