Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи ҳамдардӣ ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

22.09.2008 15:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи ҳамдардӣ фиристонд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Бо андӯҳи бузург хабари таркиши мудҳишро дар назди меҳмонсарои «Марриот»-и Исломобод дарёфт намудам.

Ин амали ғайриинсонӣ ва фоҷеабор, ки муҷиби ҳалокату ҷароҳат бардоштани садҳо нафарони бегуноҳ гаштааст, бори дигар зарурати муттаҳид намудани талошҳои мо ва дигар аъзои ҷомеаи ҷаҳониро зидди чунин аъмоли зишти террористон собит месозад. Аз ҷониби худ Тоҷикистон ҳамеша омода аст, ки дар чунин саъю кӯшишҳо саҳми бештаре дошта бошад.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба Ҷаноби Олӣ, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон бирасонед.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520