Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқоти махсуси сатҳи олӣ дар мавзӯи «Об ва беҳдошти санитарӣ барои ҳамагон»

26.09.2008 02:00, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Ҳамкасбони мӯҳтарам,
Роҳбарони мӯҳтарами ҳайатҳо,
Мӯҳтарам Муншии умумӣ,

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам, қабл аз ҳама ба Шумо барои муҳайё сохтани имконияти иштирок дар ин мулоқоти барои ҳамаи мо муҳим изҳори сипос менамоям, ки онро Ҷопон, Нидерландия, Олмон ва Тоҷикистон ташкил намудаанд. Боварӣ дорам, ки ин мулоқот дар ҳалли яке аз масъалаҳои муҳимтарини Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, аз ҷумла, ду баробар кам кардани теъдоди одамоне, ки аз оби тозаи ошомидани ба таври доимӣ истифода бурда наметавонанд ва муҳайё сохтани шароити муқаррарии санитарӣ саҳми арзанда мегузорад.

Об барои инсон аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва тамоми рӯйдодҳои ҷаҳон ба он вобастаанд, ки шарти асосии зиндагии мӯътадили тамоми мавҷудоти зинда, пеш аз ҳама инсон мебошад. Бинобар ин ҳуқуқи баҳрабардорӣ аз обро, ки Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ҳамчун «ҷузъи ҳаётан муҳими таъминкунандаи шаъну эътибори инсонӣ» ва ҳамчун «заминаи таъмини ҳуқуқҳои дигари инсон» баррасӣ кардан зарур аст. Дар робита, дар назди мо вазифаи муқаррар намудани муносибатҳои нисбатан самарабахши муштарик бо мақсади истифодаи оқилонаи об барои қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳамаи одамон ва дар баробари ин ба таври ҷиддӣ ба ҳисоб гирифтани эҳтиёҷоту талабот ва қонунҳои табиат гузошта мешавад. Танҳо чунин муносибат рушди устувори мамлакатҳоямон ва нигоҳ доштани сайёраро барои наслҳои оянда таъмин карда метавонад.

Иштирокчиёни мӯҳтарами мулоқот, ин ҷо аз таҷрибаи талхи минтақаи мо, яъне хушк шудани яке аз кӯлҳои калонтарини ҷаҳон баҳри Аралро дар Осиёи Марказӣ мисол оварданиам, ки натиҷаи сиёсати ғайриоқилонаи инсон дар масъалаи об ва ба эътибор нагирифтани омилҳои экологӣ мебошад. Рӯз то рӯз ҷиддитар гардидани масъалаи камбуди об ва коҳиш ёфтани сифати он сабаби хароб гардидани таркиби хок ва нобуд шудани олами наботот, тағйироти манфии фалокатбори олами набототу ҳайвонот, аз байн рафтани шикори моҳӣ, инчунин кам гардидани самараи зироатпарварӣ шуда, проблемаҳои дигари иҷтимоию иқтисодиро ба миён меоранд. Ҳамаи ин проблемаҳо ба пешрафти босуботи минтақа хавфи ҷиддӣ ба бор меоранд.

Проблемаҳои ҳавзаи баҳри Арал, ки дар маркази қитъаи Евразия қарор дорад, аз ҷиҳати миқёси худ кайҳо аз ҳудуди минтақа таҷовуз намуда, аҳамияти умумибашарӣ касб кардааст. Албатта, ҳукуматҳои панҷ мамлакати Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои таъминоти аҳолӣ бо об ва беҳтар сохтани шароити санитарӣ диққати калон зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ пешниҳод намуд, ки аз кӯли Сарез ба мамлакатҳои дигари минтақа хатҳои обрасонӣ кашида шаванд. Ҳаҷми оби кӯли Сарез қариб 18 километри мукааб буда, онро барои бо оби тоза таъмин намудани миллионҳо нафар сокинони минтақа истифода бурдан мумкин аст.

Чунин иқдом дар баробари ин имкон медиҳад, ки хавфи канда шудани банди оби ин обанбори табиӣ пешгирӣ карда шавад. Зеро чунин вазъият барои қисмати зиёди Осиёи Марказӣ оқибатҳои харобиовар дошта метавонад. Умед аст, ки муассисаҳои СММ ва тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба ин пешниҳод таваҷҷӯҳ зоҳир хоҳанд кард. Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам, Тағйироти умумиҷаҳонии иқлим дар давоми солҳои охир ва рӯйдодҳои дигари ба он вобаста шароити зиндагии миллионҳо одамонро дар масъалаҳои таъминоти обу озуқа ниҳоят душвор мегардонад. Ин хусусан сабаби бештар гардидани азобу уқубати табақаҳои камбизоат ва қашшоқи аҳолӣ мегардад.

Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори эълони Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт дар давраи солҳои 2005 – 2015» пешниҳод мекунад, ки нимаи дуюми даҳсолаи мазкур ба амалӣ сохтани тадбирҳои мушаххаси сатҳи байналхалқию минтақавӣ дар масъалаи бо оби тоза таъмин кардани ин табақаҳои одамон ва таъмини шароити муқаррарии санитарӣ барои онҳо қарор дода шавад. Дар ин маврид зарурати истифодаи захираҳои дохилию берунии молиявӣ, сафарбар намудани ҷидду ҷаҳди мамлакатҳо, созмонҳои байналхалқӣ ва мамлакатҳои мададгор барои амалӣ сохтани тадбирҳо дар бобати расондани хизматҳои муқаррарии таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ, тавлиди воситаҳои дахлдори техникӣ, дастгирии рушди технологияҳои нав дар ин соҳа ва беҳтар сохтани сифати хизматҳо мувофиқи талаботи техникӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ба миён меояд. Ин ва масъалаҳои дигарро дар сатҳи СММ ва созмонҳои дигари байналхалқӣ бо иштироки намояндагони ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон мунтазам баррасӣ намудан лозим аст. Тоҷикистон бо назардошти зарурати баррасии ҷараёни пешрафти амалӣ сохтани ҳадафҳои Даҳсолаи байналхалқии об ва муқаррар намудани вазифаҳои нимаи дуюми даҳсола даъват кардани иҷлосияи махсуси Маҷмаи кулли СММ –ро бахшида ба проблемаҳои об ба мақсад мувофиқ мешуморад.

Мамлакати мо бори дигар изҳор менамояд, ки тайёр аст, соли 2010 дар Душанбе бахшида ба проблемаҳои оби тоза мулоқоти байналмилалиро баргузор созад. Дар ин мулоқот дастовардҳо, проблемаҳо ва таҷрибаҳои Даҳсолаи байналхалқиро муҳокима кардан ва аз онҳо натиҷа гирифтан мумкин аст. Умедворам, ки мамлакатҳои аъзои СММ ва шарикони мо ин пешниҳодҳоро дастгирӣ менамоянд. Ман ин ҷо ба мусоҳибаи самарабахш ба муҳокимаи мароқовари ҳамаи масъалаҳои марбут ба таъминоти об ва беҳдошти санитарӣ дар доираи мулоқоти имрӯза умедворам. Ҳамчунин изҳори умед менамоям, ки чунин мулоқотҳо дар ҷараёни Маҷмаъҳои Кулли Созмони Милали Муттаҳид мунтазам гузаронида хоҳанд шуд.

Ба диққататон ташаккур.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520