Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

15.03.2023 16:55, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.

Қонунҳо “Дар бораи хариди давлатӣ”, “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ”, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо оид ба ҳимояи рақобат, санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои қабулгардида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешгирии ҷинояткорӣ, рушди ҳуҷҷатҳои электоронӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520