Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

18.03.2006 14:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам намояндагони аҳли зиё!
Ҳамватанони азиз!

Мулоқоти мо аз рӯи анъана дар остонаи фарорасии иди фархунда ва бостонии миллиамон - Наврӯзи Аҷам баргузор мешавад, ки бо қадамҳои баҳоронааш ба табиати куҳандиёрамон муждаи тоза ва ҳусни нав, ба хонадони мардумамон шодиву нишот ва файзу баракат, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад.

Омадани Наврӯзи фаррухпай, яъне соли нави аҷдодиро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, ки ин ҷашнро чун мероси беҳтарини ниёгон гиромӣ медоранд, ҳамчунин ба шумо - зиёиёни арҷманд самимона табрик гуфта, ба ҳама тани сиҳат, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯз аз замони асосгузори он Ҷамшеди пешдодӣ то имрӯз аз зебоиву накӯӣ, бузургдошти инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ саршор мебошад. Гузашта аз ин, Наврӯз беҳтарин нишонаи ваҳдати инсону табиат буда, аз ғояҳои ҷовидонаи сулҳу сафо, ростиву накӯкорӣ, зебоипарастиву инсондӯстӣ ва созандагиву бунёдкорӣ сарчашма мегирад.

Наврӯзи Аҷам, ҳатто дар лаҳзаҳои мушкили ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва нобасомониҳои рӯзгори ҷомеа табақаҳои гуногуни мардумро гирди хони ҷашн ба ҳам меовард, дар оғӯши табиати сабз анҷумани пурсафои дидор меорост ва ба ин васила аз дилҳо ғубори кудурату адоватро дур мекард, одамонро ба роҳи ростиву накӯкорӣ раҳнамоӣ менамуд.

Ниёгони хирадманди мо тамоми расму оинҳои наврӯзиро, ки аз баробар шудани шабу рӯз ва эҳёи табиат оғоз меёбанд, ба хотири бузургдошти ғояҳои инсонпарваронаи миллӣ ва умумибашарӣ ҷорӣ ва ҳифз кардаанд.

Ин фазилату суннатҳои Наврӯз аз аҳди бостон дар китоби муқаддаси "Авасто", сипас дар шоҳасарҳои суханварони бузург ва рисолаҳои арзишманди донишмандони маъруф - Абӯрайҳони Берунӣ, Мӯсои Кисравӣ, Умари Хайём ва дигарон возеҳу равшан зикр ёфтаанд.

Ёди гузаштагон, эҳтироми ҳамдигар, хусусан одамони калонсол ва наврасон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон аз анъанаву русуми неки наврӯзӣ мебошанд, ки ин ҳама нишонаи ҷавҳари одамияту башардӯстӣ ба шумор мераванд.

Посдории расму суннатҳои наврӯзӣ беҳтарин василаест, ки ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина соф мегардад ва онҳоро водор месозад, ки ба адлу инсоф оянд.

Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди ориёиямон сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ хизмат мекунад. Оину суннатҳои Наврӯз ба андозае зебову ҷаззоб, саршори ормонҳои наҷиб ва мардумиву заминӣ мебошанд, ки дар давоми садсолаҳо аз ҷониби бисёр халқу миллатҳои дигар пазируфта шуда, ба рукни фарҳанги онҳо табдил ёфтаанд ва ҳамчун иди миллии бисёр мардумони минтақа ва ҷаҳон ҷашн гирифта мешаванд.

Албатта, боиси ифтихор аст, ки натанҳо илму адабиёти ҳазорсолаи мо, балки анъана ва расму таомули ниёгони мо, аз ҷумла оинҳои наврӯзӣ барои тарбияи маънавии халқу миллатҳои дигар таъсири нек ва ибратбахш гузоштаанд.

Шукри истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ки аз баракати онҳо дар кишвари мо баргузории ҷашни Наврӯз ва эҳёи суннатҳои он ҳусн ва рушди тоза гирифта, ба иди умумимиллӣ ва умумихалқӣ табдил ёфт. Яъне Наврӯзи бостонии мо аз фишори сиёсати даврони гузаштаи таърихамон, ки онро бо ҳар баҳона расму оини кӯҳна ва нодаркор эълон карда буд, тадриҷан раҳида, мақоми шоиста ва ҷойгоҳи сазовори худро соҳиб шуд.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот ва монеаҳои мавҷуда мардони бедордилу миллатдӯст, олимону шоирон ва умуман аҳли зиё, инчунин мардуми боиродаву фарҳангпарвари мо барои зинда нигоҳ доштани суннатҳои наврӯзӣ талош варзида, гулхани меросии онро то замони соҳибистиқлолӣ ва соҳибдавлатӣ фурӯзон дошта тавонистанд.

Аз фурсат истифода бурда, бо тақозои суннати наврӯзӣ ба рӯҳи гузаштагони хирадмандамон, ки дар амри хайри ҳифзи расму оинҳои неки аҷдодӣ ва тарғиби он нақши таърихӣ бозидаанд, ҳамду сано мехонем.

Воқеан кору пайкори фарзандони баору номуси миллат дар ҳама давру замон барои пуштибонии манфиатҳои Ватан ва нигоҳ доштану таҳким бахшидани ҳуввияти миллӣ шоистаи таҳсин, омӯзиш ва пайравӣ аст.

Як суннати неки наврӯзӣ ба ёд овардани нақшаву корҳои аз Наврӯзи гузашта то ба Наврӯзи имсола ба анҷомрасида ва тарҳрезии ҳадафҳои нави созандагӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, агар мо ба роҳи тайкардаи ҷомеаи Тоҷикистон аз Наврӯзи соли 2005 то имрӯз назар афканем, мебинем, ки дар ин муддат як силсила пешравиҳои назаррас ва таҳаввулоти хубу умедбахш ба даст омадаанд.

Соли гузашта мо ба идома додани бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун муваффақ шуда, бо ширкат ва сармоягузории Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" шурӯъ намудем.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯгоҳи "Помир-1"-ро бо иқтидори пуррааш ба кор дароварда, сохтмони 26 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ ва хатти интиқоли барқи "Боткент-Конибодом"-ро ба анҷом расонидем. Ҳоло боз 15 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ бунёд мегардад. Ҳамчунин шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма ва қисматҳои роҳи Шкев-Зиғар ва Шоҳон-Зиғарро, ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқанд, сохта ба истифода додем.

Ҳамаи сокинони кишварамон дар ёд доранд, ки мардуми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва саросари мамлакат кушодашавии ин шоҳроҳро бо чи шодиву сурур пазируфтанд. Аслан ин кор ба назар афсона менамуд, зеро асрҳои аср бисёр ҳамдиёрони мо ҳангоми аз пайраҳаҳои хатарноки ин минтақа гузаштан ба коми ҷариву дарё рафта, нобуд мешуданд. Шояд ба сабаби қурбониҳои зиёд ин мавзеъро Девдара мегуфтанд.

Аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ сохтани ин шоҳроҳ баробари сарфи маблағи зиёд аз мутахассисону роҳсозон албатта азму иродаи қавӣ ва заҳмати шабонарӯзиро тақозо мекард, то ки дар кӯҳи хоро шоҳроҳи ҳайратовари замонавӣ бунёд карда шавад.

Имрӯз мавзеи Девдара бо ин шоҳроҳи азим, нуқтаҳои нави хизматрасонӣ ва дарахтзорони ду канори роҳаш ба Гулдараи ҳақиқӣ табдил ёфтааст.
Мехоҳам як бори дигар ба ҳамаи мутахассисон ва роҳсозони диловар изҳори сипос карда, ёдрас намоям, ки корнамоии таърихии онҳо бояд дар асарҳои бадеӣ, мусиқӣ ва филмномаҳо инъикос ва сабт гардад.

Зеро ин як падидаи бузургу фараҳбахши даврони истиқлол ва давлатдории миллӣ ба шумор меравад, ки бо обилаи дасти насли нави коргарони тоҷик сохта шудааст.

Имрӯз Тоҷикистон ба бунёди як қатор роҳу нақбҳо ва пулҳо эҳтиёҷ дорад. Дар ин самт аллакай хеле корҳои назаррас ба сомон расидаанд. Аз болои рӯди Панҷ то бандари Шерхон сохтани чандин пулҳои миёни Тоҷикистону Афғонистон анҷом ёфтаанд ва бунёди пулҳои нав идома дорад. Алҳол сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат-Роғун-Нуробод-Ош, ки кишвари моро бо Қирғизистон ва тавассути он бо Қазоқистону Россия пайванд дода, аз лиҳози иқтисодӣ фоидаовар мебошад, дар авҷ аст.

Бунёди бузургтарин иншооти мошингарди мамлакат - нақби Анзоб дар арафаи анҷомёбист ва рӯзҳои наздик, яъне 23-юми март кушода мешавад. Имсол бунёди нақбҳои Шаҳристон ва Шаршар оғоз ёфта, лоиҳаи сохтмони нақби ағбаи Чормағзак омода мегардад.

Бунёдкорони иншооти зикршуда бо шуҷоату матонат, ҳисси баланди ватандӯстӣ содиқона заҳмат мекашанд, то ки ҳадафи ниҳоии мо - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани мамлакат таъмин гардад.

Роҳу пулҳо ва туннелҳои мошингарди ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратиро дар кишвари мо вусъат дода, набзи ҷомеа ва робитаи мардумро дар дохилу хориҷи мамлакат мӯътадил нигоҳ медоранд. Ва муҳимтар аз ҳама, Тоҷикистон баъди ба истифода додани туннели мошингарди Анзоб ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади мусофирон, ҳамлу нақли молу маҳсулот тамоми сол ва бемамониат таъмин карда мешавад.

Илова бар ин, имсол таъмиру азнавсозии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, яъне қисмати муҳими шоҳроҳи Кулма-Душанбе-Панҷакент-Хуҷанд-Бӯстон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 860 миллион сомонӣ оғоз мегардад. Ба шарофати ин корҳои созандагӣ Роҳи Бузурги Абрешим баъди сукути садсолаҳо аз нав эҳё гардида, кишварҳои гуногуни Осиё ва Аврупоро ба ҳам мепайвандад ва рафтуои бемонеаро ба тамоми қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва давлатҳои ҳамсоя таъмин мекунад.

Бунёди иншоотҳои бузург ва ҳаётан муҳим, ки бешубҳа Тоҷикистони соҳибистиқлоли моро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, онро ба зинаҳои баланди рушду тараққиёт мерасонанд, пеш аз ҳама бар дӯши коргарону мутахассисони ҷавон меафтад.

Онҳо бояд донанд, ки дар майдони пайкору ободии Ватан ширкат варзидан, бо меҳнати софдилона дар сохтмонҳои бузурги мамлакат саҳми сазовор гузоштан қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва шарафу ифтихори фарзандӣ маҳсуб меёбад. Ва ҳар кори хайре, ки имрӯз анҷом дода мешавад, барои фардои ободи Ватан ва зиндагии осудаи наслҳои ояндаи миллат аст.

Дӯстони арҷманд!

Ба шарофати сулҳу суботи сиёсии мамлакат, ки дар роҳи пойдории давлат ва муттаҳид гардидани миллат муҳимтарин дастоварди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, нишондиҳандаҳои иқтисодӣ рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Ин ба Ҳукумат имкон медиҳад, ки барои фаъолияти хубтари аҳли эҷод, рушди илму фарҳанг ва чопи асарҳои адибон тадбирҳои бештар андешад.

Ин ба хотири он аст, ки шумо - аҳли зиё, сарфи назар аз баъзе мушкилоту норасоиҳои зиндагӣ анъанаҳои неку ватандӯстонаи гузаштагонамонро идома дода, пойдевори адабиёту фарҳанги миллӣ ва пешрафти илму маорифи миллиро дар асри XXI мустаҳкам гузоред.

Ба ҳама маълум аст, ки пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагӣ, саноат, иқтисодиёт ва дигар ҷабҳаҳои зиндагии давлати соҳибистиқлол бе рушди илму фарҳанг ва технологияи муосир ғайриимкон аст. Маҳз ба воситаи таҳқиқоти мунтазам олимон ихтироот ва кашфиёти тозаи худро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, бо истифода аз технологияи пешқадами замонавӣ аз сарватҳои табиии кишвар самаранок истифода мебаранд.

Зиёда аз ин, онҳо ба рушди бомароми иқтисодиву фарҳангии мамлакат мусоидат мекунанд ва барои дар арсаи байналхалқӣ эътибору нуфуз пайдо кардани илми ватанӣ ҳисса мегузоранд.

Бинобар ин, Ҳукумат барои мустаҳкам шудани иқтидори Академияи илмҳо, беҳтар гардидани шароити кор ва зиндагии муҳаққиқон ва тарбияи олимони ҷавон сол ба сол аҳамияти бештар медиҳад.

Ногуфта намонад, ки ҳарчанд Академияи илмҳои Тоҷикистон расман дар замони шӯравӣ таъсис ёфтааст, вале миллати тоҷик дар асл таҷрибаи ҳазорсолаи фаъолияти марказҳои илмиро дорад.

Кашфиёту ихтирооти Абӯалӣ ибни Сино, Абӯрайҳони Берунӣ, Закариёи Розӣ, Умари Хайём то Аҳмади Дониш, ки ба инкишофи шохаҳои гуногуни илмҳои нодиру бунёдӣ поя гузоштаанд ва дастовардҳои онҳо имрӯз низ дар хизмати башарият қарор доранд, дастпарвари як фарҳангистони мукаммал ё худ академияи нотакрори миллӣ буданд.

Аз ин рӯ, кормандони Академияи илмҳои Тоҷикистон бояд сазовори номи ин нобиғаҳои оламшумул кору фаъолият намоянд ва бо таҳқиқоти тозаашон шӯҳрати илми ватаниро баланд бардоранд.

Бешубҳа, мардуми мо аз кашфиёти бузурги олимонамон дар риштаи зилзиласанҷӣ, ситорашиносӣ, бостоншиносӣ, тиб ва илмҳои дақиқ дар асри бист ифтихор дорад. Пӯшида нест, ки натиҷаҳои таҳқиқоти як қатор олимони тоҷик дар саросари дунё истифода гардида, ҳатто ба номи муҳаққиқони тоҷик ситораҳо номгузорӣ шудаанд.

Ин боиси ифтихор аст ва дил мехоҳад, ки дурахши нерӯҳои ақлонӣ ва зеҳнии миллатамон ҳаргиз кам нашавад. Балки ворисони нави илму ҳунар ва номбардорони шоистаи аҳли адаб бо қадамҳои устувор ба майдон бароянд.

Бо ҳамин умед мо стипендияи ҷавонони лаёқатманд, донишҷӯёну аспирантҳо ва маоши омӯзгорону олимонро ба қадри имкон зиёд ва шароити хобгоҳи донишгоҳу донишкадаҳоро беҳтар кардем. Бо ҳамин умед нашрияи мӯътабари адабиамон - маҷаллаи "Садои Шарқ"-ро нашрияи миллӣ эълон намудем.
Сохтмони бинои Институти гастроэнтерология, ки барои пешбурди таҳқиқоти тиббӣ ва табобати мардум хеле зарур аст, қариб сӣ сол тӯл мекашид. Ҳукумат ҷиҳати ба итмом расонидани сохтмони ин муассисаи илмию табобатӣ соли 2004 маблағи кофӣ ҷудо кард.

Ҳамчунин бо супориши Президенти мамлакат барои Институти зоология ва паразитология, Институти физиологияи растанӣ ва генетика ва барои ривоҷ додани соҳаи парвариши тухми картошка маблағ пешбинӣ карда шуд.

Ҳукумат пайваста кӯшиш менамояд, ки маоши кормандони илмӣ ҳар сол баланд карда шавад. Рӯзҳои наздик Фармони Президенти Тоҷикистон имзо хоҳад шуд, ки дар асоси он аз 1 апрели соли ҷорӣ маоши кормандони илмӣ 40 фоиз зиёд гардида, музди меҳнати ходимони академияҳои илмҳои кишоварзӣ ва педагогӣ бо кормандони Академияи илмҳо баробар карда мешавад.

Маоши вазифавии директорон, муовинони директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакон ва роҳбарони муассисаҳои томактабӣ 50 фоиз, дигар кормандони соҳаи маориф 40 фоиз баланд бардошта шуда, музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ бо маоши муаллимони синфҳои ибтидоӣ баробар мегардад.

Музди меҳнати кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба ҳисоби миёна 60 фоиз ва дигар муассисаҳои тандурустӣ 40 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамчунин маоши ходимони соҳаи фарҳанг 40 фоиз баланд мегардад.

Илова бар ин, аз 1 апрели соли 2006 андозаи стипендияҳои Президентӣ ва аспирантҳо 40 фоиз, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 50 фоиз зиёд карда мешавад.

Муҳайё намудани шароити мусоид барои зиндагӣ ва омӯзишу пешбурди корҳои илмӣ ҳамеша таҳти таваҷҷӯҳи Сардори давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.

Боиси хушҳолист, ки соли гузашта 1025-солагии мутафаккир ва донишманди оламшумули тоҷик, нобиғаи илми ҷаҳонӣ Абӯалӣ ибни Сино бо шукӯҳи хоса ва бо иштироки олимон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҷлил гардид.

Асари безаволи Ибни Сино "Ал-қонун" ва баъзе асарҳои дигари ҷовидонаи Шайхурраис бо дастгирии Ҳукумат аз чоп бароварда шуд.

Ҳукумат ҳамеша ба гузаронидани конфронсҳо ва дигар чорабиниҳои муҳими илмӣ, бузургдошти шахсиятҳои илму адаб мусоидат мекунад. Вале таъкид кардан зарур аст, ки чунин маҳфилҳо бояд ба инкишофи соҳаҳои гуногуни илм ва тарғиби дастоварду шинохти шахсиятҳои илму адаб равона карда шаванд.

Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як нукта ҷалб намоям. Аз қадимулайём илм ва ҳақиқати илмӣ дар заминаи баҳс ба вуҷуд омадааст.

Ба таъбири дигар, илми бебаҳс бақо надорад. Яъне баҳс ҳамеша лозим аст, лекин баҳси созанда. Вале вақтҳои охир дар байни баъзе олимони мо баҳсҳои бебунёде торафт авҷ мегиранд, ки аз онҳо ҳатто мардум нороҳат гаштааст. Дар паси чунин баҳсҳо кӯшише нуҳуфтааст, ки шахсиятҳои маъруфи илму адаб аз рӯи ғаразҳои муайян ҳамдигарро бадном намоянд.

Дар навбати худ як зумра шогирдон ва баъзе нашрияҳои кишвар барои доман паҳн кардани ин муноқишаҳо майдони васеъ кушода, ба ин васила бозори худро гарм мекунанд.

Набояд фаромӯш кард, ки аз ин кашмакашу баҳсҳо ба инкишофи илм ва шахсияти олимони маъруфи мо на ин ки ягон манфиат намерасад, балки ба ваҳдати миллӣ таъсири манфӣ дорад.

Ҳамчунин онҳое, ки бо ҳар ранг аз худ фидоӣ метарошанд, бо ин кирдори хеш муносибати олимони воқеан намоёнамонро вайрон карда, муҳити илмиву адабии кишварро ноором месозанд.

Аслан бо роҳи дасисаву ғараз ва бузургтарошии бебунёд ягон шахс ба сафи бузургони миллат ворид нахоҳад шуд. Фарзандони бузурги тоҷик бо ҳунар, дониш ва муборизаи худ барои шинохти илму фарҳанг ва абадияти номи миллати хеш хизматҳои арзандаву бетамаъ карда, шоистаи эҳтироми халқ гаштаанд, ки ҳалолашон бод!

Маслиҳати ман ба шумо ин аст, ки дар марҳилаи бунёдкориву созандагии мамлакатамон эҳтироми ҳамдигарро нигоҳ доред, аз муваффақияти якдигар шод шавед, барои эҳтироми дастовардҳои илмиву адабии ҳамкасбон дилкушоду боҳиммат бошед.

Дар ин сурат шумо ба насли ҷавон ва шогирдону мухлисони хеш намунаи ибрат шуда, аз худ номи нек мегузоред. Бо раҳнамоии аҳли зиё ва равшанфикрони соҳаи мактабу маориф бояд наслҳои имрӯзаву ояндаи мо аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ хуб ба камол расанд, бо маърифати баланд, дониши мукаммал ва ахлоқи ҳамида номбардори падару модар, Ватану миллати хеш бошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир дар мулоқотҳои гузашта гуфта будам: "Шумо - зиёиён, нерӯ ва ҷавҳари ақлонии миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳастед!" Воқеан, шумо табақаи аз ҳама бомаърифати миллат ва равшанкунандаи роҳи дигарон ба шумор меравед ва фаъолияти илмиву рафтори шахсии ҳар кадоми шумо сатҳи маданияти ҷомеаро муайян мекунад.

Дар омади сухан мехоҳам бори дигар оид ба муқаддастарин сарвати миллиамон - забони модарӣ таваққуф намоям. Боиси ифтихору сарфарозист, ки қаламрави пайдоиши забони дар тӯли таърих бо номҳои дарӣ, тоҷикӣ ва форсӣ шӯҳратёфта ҳудуди Хуросони қадимӣ, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза аст.
Инро бузургтарин олимони дунё эътироф ва тасдиқ кардаанд. Забони тоҷикии форсӣ бо фасоҳату балоғаташ асрҳо боз оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст.

Забони классикии порсии дарӣ, яъне тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои авастоӣ ва паҳлавӣ ба вуҷуд омадааст, минбаъд яке аз забонҳои тамаддуни ҷаҳонӣ гардид. Осори безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Ибни Сино, Хайём, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Камол, Бедил, ки ифтихори муштараки тоҷикон, эрониён, афғонистониён мебошанд, шоҳкориҳое ҳастанд, ки ба ин забон эҷод шудаанд.

Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар натанҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд.

Дар замони шӯравӣ низ забони тоҷикӣ бо кӯшиши шахсиятҳои фидокори илмиву адабӣ бузургиву асолати худро нигоҳ дошт ва ба миллат хизмат кард. Дар асри бисту як - дар замони ҷаҳонишавии босуръати проблемаҳои башарӣ низ, ки аз рӯи пешгӯиҳои олимон эҳтимоли маҳвшавии тақрибан дусад забони хурди олам вуҷуд дорад, забони тоҷикӣ бояд пойдории таърихии худро ҳифз карда тавонад.

Вале ин амр танҳо бо ғамхории донишмандон, аҳли зиё ва умуман ҳар як фарди бонангу номуси миллат нисбат ба забони модар, забони аҷдод ва забони давлати соҳибистиқлоли худ амалӣ шуда метавонад.

Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай мисли як ҷисми зинда бояд ба маҷрои зиндагӣ - таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имкони ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад. Яъне бо калимаву истилоҳоте, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, дар худ ғунҷонида тавонад ва ҳамзамон асолати миллиашро гум накунад.

Забони модарии мо низ, хушбахтона аз чунин имтиҳонҳои мушкили таърихӣ гузаштааст ва итминон дорем, ки дар оянда натанҳо бақои худро нигоҳ медорад, балки зина ба зина рушд меёбад ва ғаниву густурда мегардад.

Вале ногуфта намонад, ки имрӯз баъзан аз бобати харобии забони асарҳои баъзе олимону адибон, воситаҳои ахбори умум, барномаву намоишномаҳо шикоятҳо ба гӯш мерасанд, ки асос доранд.

Поку беолоиш нигоҳ доштани забон ва асолату шевоии онро ҳифз кардан қарзи фарзандии ҳар яки мову шумост. Бинобар ин олимону зиёиёни мо бояд бо таҳқиқи масъалаҳои муҳимтарини забон ва таҷдиду таҳияи қомусу фарҳангномаҳо, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва маърифати забономӯзии наслҳои имрӯзу оянда заруранд, ҷиддӣ машғул шаванд.

Солҳои охир нашри китобҳои адибон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президент беҳтар шуд. Ин раванд дар оянда низ вусъат меёбад. Вале маблағҳои ҷудошударо ба манфиати адабиёт оқилона истифода бурдан, асарҳои сазоворро интихоб ва чоп кардан аз роҳбарони Иттифоқи нависандагон ва масъулону кормандони нашрияҳо муносибати ҷиддӣ мехоҳад.

Имрӯз майдони сухан барои аҳли эҷод фарох аст. Шумо асарҳои баландғоя эҷод намоед, онҳо албатта бо дастгирии Ҳукумат нашр хоҳанд шуд. Эҷоди асарҳои пурмазмун ва таблиғкунандаи арзишҳои волои милливу умумибашарӣ барои тарбияи кӯдакону наврасон хеле муҳим мебошад.
Мо медонем, ки ҳаққи қалам барои заҳмати адибон ҳанӯз кам аст. Дар ояндаи наздик ин масъала ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Дар вохӯриҳои гузашта мо дар масъалаи аз фаъолият мондан ё нест шудани дӯкону мағозаҳои китобфурӯшӣ изҳори нигаронӣ доштем.

Дар давоми як сол бо супориши Президент дар марказҳои аксари шаҳру ноҳияҳо 86 мағозаи фурӯши китоб сохта ба истифода дода шуд.

Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки китобхонаву дӯконҳои фурӯши китоб набояд барои худнамоӣ ва фиреби назар вуҷуд дошта бошанд.

Дар масъалаи ба эътидол овардани фаъолияти китобхонаҳои оммавӣ низ роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, шӯъбаҳои фарҳангу маориф ва сарварони мактабҳои умумӣ бояд муносибати ҷиддӣ дошта бошанд.

Ба он муваффақ шудан лозим аст, ки ҳамаи муассисаҳои таълимӣ соҳиби китобхонаи алоҳида гарданд, то фарзандони мардум аз мутолиаи асарҳои илмиву адабӣ баҳра бардоранд ва ғизои маънавӣ гиранд.

Бо мақсади беҳтар кардани фаъолияти китобхонаи миллии Абулқосим Фирдавсӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар давоми панҷ соли охир Ҳукумат бештар аз як миллион сомонӣ ҷудо намуд. Соли гузашта Барномаи давлатии рушди китобдорӣ барои солҳои 2006-2015 қабул шуд ва барои татбиқи он ҳар сол маблағҳои муайян ҷудо карда мешаванд.

Баробари беҳтар намудани кори китобхонаҳои оммавӣ, ба шаҳру деҳот расонидани рӯзномаву маҷаллаҳо низ аз ҷумлаи масъалаҳои хеле муҳим аст. Фаъолияти Вазорати алоқа дар ин бобат, яъне паҳн кардани матбуот ва фурӯши рӯзномаю маҷаллаҳо ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест.

Имрӯз дар мамлакати мо беш аз 340 рӯзнома, ҳафтавор ва маҷаллаҳои хусусию давлатӣ, инчунин шабакаҳои садою симо мавҷуданд, ки бояд пеш аз ҳама ба татбиқи сиёсати фарҳангии давлат, ормонҳои наҷиби милливу демократӣ, таблиғи тарзи зиндагии солим, ниёзи маънавии хонандагон ва шунавандагон мусоидат намоянд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Рӯзи Тоҷикистон дар таҷлили шастсолагии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихии соли гузашта буда, бори дигар мақому манзалати ҳунар ва фарҳанги тоҷиконро ба мардуми Россия ва Фаронса дар ҳузури намояндагони зиёда аз 190 кишвари дунё намоиш доданд.

Фикр мекунам, ки ин рӯйдод барои ҳар як зиёии тоҷик мояи ифтихор аст. Ин падида ҳамчун дастоварди сиёсиву фарҳангии давлати соҳибистиқлоламон дар таърих сабт хоҳад шуд.

Шахсан барои ман боиси хушҳолӣ буд, ки аз ҷониби Президент Жак Ширак чор нафар ҳунармандони тоҷик бо ҷоизаҳои олии Фаронса қадр карда шуданд. Мо бояд минбаъд низ бо ҳамин роҳу воситаҳо симои миллӣ ва ҳунару фарҳанги халқамонро ба ҷаҳониён шиносонем. Ширкати аҳли ҳунари Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2005 дар Япония низ шоистаи таҳсин буда, дар радифи тадбирҳои муҳими байналмилалӣ меистад.
Соли гузашта дар ҳаёти фарҳангии мамлакат боз як силсила воқеаҳои фараҳбахши таърихӣ рӯй доданд. Яке аз падидаҳои хурсандибахш бо дархости аҳли зиё ба фаъолият шурӯъ кардани шабакаи телевизиони фарҳангии "Сафина" мебошад.

Минбари "Сафина" ба шумо - аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳанг бештар имконият фароҳам овард, ки рӯ ба рӯ бо халқ дар масъалаҳои муҳими соҳаи фарҳанг баҳсу сӯҳбатҳо ороед, ҳунару маҳорат нишон диҳед ва ба ин восита дар тарбияи ахлоқиву маънавии мардум саҳм гузоред.

Албатта пурмазмун ва бою рангин шудани барномаҳои телевизиони "Сафина" ба маҳорати баланди касбӣ, ҷустуҷӯҳои эҷодии кормандони он ва ширкати фаъолонаи аҳли зиё вобастагӣ дорад.

Бо мақсади баланд бардоштани завқи бадеии кӯдакону наврасон, дар рӯҳияи инсондӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудан ва бо арзишҳои волои умумибашарӣ ошно сохтани онҳо ба Кумитаи телевизион ва радио супориш дода мешавад, ки то ҷашни 15-солагии истиқлолият барои кӯдакону наврасон канали махсуси телевизионӣ таъсис диҳад.

Фаъолияти театрҳои касбӣ ва дастаҳои ҳунарӣ низ беҳтар гардид. Иштироки онҳо дар фестивал-озмунҳо, сафарҳои ҳунарӣ дар дохилу хориҷи кишвар, ҳунарнамоии дастаҳои "Шашмақом"-у "Фалак", ҳамчунин театрҳои дигарамон аз комёбиҳои ҳунарии солҳои охир гувоҳӣ медиҳанд.

Ин чорабиниҳо барои ҷилои маҳорати ҳунармандони саҳна ва кашфи истеъдодҳои ҷавон мусоидат хоҳанд намуд.

Ҳукумати Тоҷикистон сиёсати фарҳангии худро минбаъд низ фаъолона идома медиҳад ва мекӯшад, ки ҳамеша пуштибони аҳли фарҳангу ҳунар бошад, инчунин заҳмату дастовардҳои онҳоро баланд қадр намояд.

Танҳо дар соли 2005-ум 122 нафар кормандони соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва иттифоқҳои эҷодиву дастаҳои ҳунарӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд, ки аз шумораи умумӣ 47,5 фоизро ташкил медиҳад.

Истеъдодҳо боигарии миллатанд. Онҳо мисли ганҷ дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон вуҷуд доранд. Кашф ва ба арсаи илму маориф ва фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳо як рукни муҳими фаъолияти вазоратҳои маориф, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ мебошад.

Зимнан мехоҳам анъанаи неки мактаби устоду шогирдро хотиррасон намоям.Олимону адибон ва пирони ҳунар аз замонҳои қадим мактаби хоси эҷодии худро доштанд ва ҳамеша дар баробари равнақи эҷодиёти худ ба ёфтану тарбия кардани ҷавонони болаёқат ғамхорӣ зоҳир мекарданд.

Онҳо ба ин восита ҳам суннати эҷодии худро нигоҳ медоштанд, ҳам дигар номбардорони сабку равияи хосаи ҳунарнамоиро ба майдон меоварданд.
Бо мақсади кашфи истеъдодҳо ва ташкили дурусти таълиму тарбияи наврасону ҷавонони лаёқатманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки масъалаи то соли 2008 дар шаҳри Душанбе таъсис додани Гимназияи умумиҷумҳуриявии хонандагони болаёқатро баррасӣ карда, лоиҳаи сохтмони бинои онро таҳия намояд. Ин гимназия бояд дорои тамоми шароити мусоид ва муосири таълим ва зиндагӣ бошад. Ҳамчунин ба кори он муаллимони босавод, ботаҷриба ва мураббиёни дилсӯз ҷалб карда шаванд.

Рукни дигари сиёсати фарҳангии мо, ки дар даврони истиқлолият ба таваҷҷӯҳи хосаи зиёиён ва дастгирии мақомоти марбутаи давлатӣ, хусусан Вазорати фарҳанг, бахшҳои вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявии он ниёз дорад, ба назари ман ҳифз намудану бегазанд нигоҳ доштани ёдгориҳои таърихӣ, бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ ва дигар осори гаронбаҳои миллӣ мебошад. Зеро ҳар кадоми онҳо аслан як пораи зиндаи таърих ва як саҳифаи пурҷилои тақдири миллат ба шумор мераванд.

Мутаассифона, имрӯз як қатор ёдгориҳои нодири меъморӣ ва осори бостоншиносӣ ба ҳоли худ гузошта шудаанд ё аз бемасъулиятии роҳбарон харобу тороҷ шуда истодаанд.

Имрӯз вазифаи муқаддаси мову шумо - зиёиёни мӯҳтарам, ки чароғи роҳнамо ва илҳомбахши бисёр ташаббусҳои наҷиб мебошед, омӯхтан, ташвиқу тарғиб намудан, ҳифз кардан ва тармиму таҷдиди кулли ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии миллатамон аст.

Соли гузашта Ҳукумат барои пӯшонидани болои бозёфтҳои нодири бостоншиносии шаҳри қадимаи Саразм маблағи кофӣ ҷудо кард. Тармиму таҷдид ва ободсозии мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва қалъаи қадимаи Ҳулбук идома дорад. Дар масъалаи ҳифзи ёдгориҳои шаҳри бостонии Истаравшан ва қалъаи қадимаи Хуҷанд низ корҳои назаррас анҷом ёфтанд.

Вале ин тадбирҳо барои таҷассуми симои таърихии миллати тоҷик, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ пешоҳанги тамаддуни ориёӣ ва баъдтар тамаддуни ислом буд, ҳанӯз каманд. Дар Тоҷикистон ба монанди Тахти Сангин чандин ёдгориҳои нодиру ҳайратангези мансуби тамаддуни ориёӣ мавҷуданд, ки ҳифз, омӯхтан ва тарғиб намудани онҳо кори Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пеш аз ҳама олимону зиёиён ва мутахассисони соҳаи таъриху фарҳанг мебошад.

Зиёда аз ин, ободу зебо нигоҳ доштан ва бою рангоранг гардонидани осорхонаҳои милливу таърихӣ қарзи муқаддаси инсонии ҳар як фарди равшанфикру бедордили миллат аст, ки дар ин кори наҷиб бояд зиёиён, инчунин соҳибкорони бонангу номус ва ватандӯст бештар мададгору ташаббускор бошанд.

Ҳамчунин ба Вазорати фарҳанг супориш дода мешавад, ки дар баробари ташкили дурусти татбиқи Барномаи давлатии рушди китобдорӣ барои солҳои 2006-2015 ҷиҳати аз дастовардҳо ва пешрафтҳои илми ҷаҳонӣ саривақт бархурдор гардидани зиёиён ва олимону донишҷӯён механизми ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ворид намудани адабиёту асарҳои навини илмиро таҳия карда, ба Ҳукумат пешниҳод манзур намояд.

Аксари шумо - зиёиёни арҷманд ва олимону нависандагони мӯътабар, аз остонаи ҳамин китобхона ба олами эҷод ва офарандагӣ қадам ниҳодаед. Имрӯз дар арсаи ҷаҳон натанҳо шоирону олимони оламшумули гузашта, балки фарзандони соҳибҳунари Тоҷикистон ба ҳайси олим, табиб, муаллим, овозхон, филмбардор, рассом ва актёр мақому шӯҳрати хоса ёфтаанд.

Ба хотири ҳифзу нигоҳдорӣ ва гирдоварии осори гаронбаҳои фарҳангӣ ва мероси нодири таърихии миллат ба Ҳукумати кишвар супориш дода мешавад, ки лоиҳаи биноҳои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистонро, ки ҷавобгӯи меъёрҳои муосир бошанд, таҳия намуда, дар бораи ҷои сохтмон ва манбаи маблағгузории онҳо пешниҳоди дахлдор манзур намояд. То сохта ба истифода додани китобхонаи нав дуруст фаъолият кардани Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ таъмин карда шавад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҷаҳони муосир пайваста таҳаввулоту дигаргуниҳои амиқро аз сар мегузаронад. Низоми ороми нисбии сайёра рӯз аз рӯз коҳиш меёбад, дар минтақаҳои мухталифи олам ҷангу низоъ, фалокату обхезӣ, террору тахрибкорӣ ва ниҳоят ба ҳамдигар душманӣ варзидану торафт бегона шудани фарҳангу тамаддунҳо авҷ мегирад.

Дар айни замон, имрӯз башарият чунон бо ҳам пайванд ёфтааст, ки тазодҳои зиндагии як қитъаи олам ба дигар қитъа, проблемаҳои як давлат ба давлати ҳамсоя бетаъсир намемонад.

Танҳо соли гузашта дар нуқтаҳои гуногуни олам ба сари сокинони кишварҳо ва минтақаҳои мухталифи дунё мусибату фалокатҳои мудҳише омаданд.
Ин ҳодисаҳо бори дигар ҳамаро ҳушдор доданд, ки барои пешгирӣ ва рафъи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ муттаҳид намудани иқтидору имкониятҳои ҳамаи давлатҳо, ба роҳ мондани робитаҳои мустаҳкам, эҳтироми тамаддунҳои гуногун зарур аст.

Воқеан, солҳои охир дар атрофи мавзӯи "бархӯрди тамаддунҳо" ва "терроризми исломӣ" дар арсаи ҷаҳонӣ баҳсҳои доманадоре ҷараён доранд.
Мавқеи Тоҷикистон дар бобати ҳамкорӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо чандин бор ба таври возеҳ ва қатъӣ аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ, аз ҷумла минбари Созмони Милали Муттаҳид изҳор шудааст. Яъне агар мо дар ҳақиқат майлу хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд имрӯз аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем.

Одамонро ба ғарбию шарқӣ, сафедпӯсту сиёҳпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва арзишҳои ҳама гуна тамаддунро чун дастоварди тамаддуни томи башарӣ ва оину фарҳанги дигарон, дар сулҳу созиш ва мусолиҳаву муросо зистану пеш рафтан роҳи ояндаи инсоният аст.

Аз ин лиҳоз, ислом низ ба зоти хеш як дастоварди бузурги тамаддуни башарист ва онро бо терроризму экстремизм пайванд додан кори комилан ғалат мебошад.

Ман чанде пеш дар иҷлосияи сеюми ғайринавбатии Созмони Конфронси Исломӣ дар Маккаи мунаввара гуфта будам, ки воқеияти дигари номатлуби ҷаҳони муосир барои тамаддуни пешрафта ҳамчун хатар арзёбӣ кардани дини мубини ислом ва мардуми мусулмон мебошад.

Такрор шавад ҳам, бори дигар таъкид мекунам, ки террористу экстремист дар асли худ миллат, мазҳаб, Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Бинобар ин, барои ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусулмонӣ муборизаи беамони муштарак ва муттаҳидона бар зидди падидаҳои радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ зарурати муҳимтарини рӯз мебошад.

Худатон шоҳиди ҳол ҳастед, ки нодида гирифтану беэътиноӣ кардан нисбат ба фарҳангу мазҳаби дигарон ва паст задани қадри паямбари ислом дар баъзе кишварҳои Аврупо ба чӣ гуна хушунату нооромиҳои авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ оварда расонд.

Дар чунин шароит мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки сатҳи маърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро баланд бардорем, онҳоро бо фарҳанги халқҳо ва кишварҳои гуногуни ҷаҳон ошно созем, дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва эҳтиром нисбат ба инсон тарбия намоем ва нагузорем, ки дар ҷомеаи мо падидаҳои шовинизми милливу динӣ ва амалҳои зишти ғайриинсонӣ зуҳур кунанд.

Албатта, барои расидан ба ин ҳадаф мадад ва дастгирии шумо - аҳли зиё ва тамоми афроди солимфикри ҷомеа зарур аст.

Шумо - зиёиёни мӯҳтарам бояд дар раванди ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар фаъолона ширкат варзида, барои фош ва ислоҳ кардани падидаҳои номатлуби ҷомеа, аз қабили ҷинояткорӣ, коррупсия, нашъамандӣ, одамфурӯшӣ, поймол кардани ҳуқуқи инсон ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани волоияти қонун ба Ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мадад расонед.

Зиёиён бояд ҳамчун парчамбардорони илму маърифат ва тарзи зиндагии солим нисбат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон андеша кунанд. Зеро онҳо ояндаи мо буда, бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба воя расанд.

Ҳоло мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба як масъалаи муҳим, ки ҳалли он аз донишу малака ва маҳорати олимон ва мутахассисони соҳаи техникиву технологӣ вобаста аст, ҷалб намоям. Чунончи, ба шумо маълум аст, инқилоби ҳозираи илмиву техникӣ аз иқтисодиёт талаботи ҷиддӣ ва аз истеҳсолоти он рақобати устуворро тақозо дорад.

Ҳамзамон таҳаввулоти муосири илмиву техникиро бе кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорат ва дорои малакаи баланд дар амал ҷорӣ кардан ғайриимкон аст. Барои мо вобаста ба самтҳои асосии рушди техника ва технологияи муосир нақшаи оқилона таҳиягардидаи тарбияи кадрҳо зарур аст.

Ҷиҳати ҳалли ин проблема бояд пеш аз ҳама майлу рағбати ҷавононро нисбат ба илмҳои дақиқ баланд бардошта, дар мактабҳо таълими фанҳои математика, химия, физика, биология, асосҳои техникаи компютериро ба таври куллӣ беҳтар намоем.

Дар оянда бояд тайёр кардани мутахассисони илмиву технологӣ дар мактабҳои олии мамлакатамон, институтҳо ва лабораторияҳои Академияи илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва вазорату идораҳои дахлдор анҷом дода шавад. Барои он таваҷҷӯҳи шуморо ба ин масъала ҷалб менамоям, ки иқтидори илмиву техникӣ ва технологӣ ба қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва фаъолияти иқтисодии хориҷӣ табдил дода мешавад.

Дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт кишваре ширкаткунандаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ шуда метавонад, ки бо молҳои худ дар бозори ҷаҳонӣ қобилияти рақобат дошта бошад. Ба мо маълум аст, ки ҷаҳони муосир дар назди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан иқтисодиёт талаботи қатъӣ мегузорад. Аз ин рӯ, мо бояд фақат бо дастовардҳои гузаштаву имрӯзаи худ қаноатманд нагашта, барои рушди ояндаи кишвари худ тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Дӯстони азиз!

Имсол дар пеш моро чандин маъракаҳои муҳиму бузурги фарҳангиву сиёсӣ интизоранд. Пеш аз ҳама мо бояд 15-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба таври шоиста ҷашн гирем.

Шумо медонед, ки истиқлол барои як миллати мутамаддин чӣ неъмати бузургест.

Имрӯз маҳз ба шарофати истиқлолият давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд. Аз ин хотир, моҳият ва арзишҳои истиқлолро ба мардум фаҳмондан ва барои таҳкими он ҳисса гузоштан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди солимфикр, қабл аз ҳама зиёиён аст.

Доир намудани ҷашни шаҳрҳои бостониамон ғайр аз ин, ки боиси таҳкиму густариш ёфтани эҳсоси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳии миллии ҳамватанони мо мегардад, инчунин барои марҳила ба марҳила ободу зебо шудани сарзаминамон мусоидат мекунад.

Шаҳри бостонии Истаравшан ба шарофати ҷашни 2500-солагӣ хеле ободу зебо гашт. Ва имсол 2700-солагии шаҳри Кӯлобро, ки дар ободии он тамоми мардуми ватанпарасти кишварамон нақши босазо мегузоранд, ботантана истиқбол хоҳем гирифт.

Воқеан соли 2006-ро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон кардани мо боиси пайдо шудани ақидаҳои гуногун гардида, баъзеҳо мехоҳанд дар ин масъала каҷфаҳмиҳоро ба вуҷуд оранд. Вале мо бо баҳонаи ин ҷашн ҳаргиз ба бузургманишӣ, кибру ғурур ва афзалияти миллӣ рӯ оварданӣ нестем, балки решаҳои таърихии худро амиқтар омӯхтану донистан мехоҳем.

Тамаддуни ориёӣ барои мо-тоҷикон, ки яке аз меросдорони асили он ҳастем, як рукни асосии сарнавишт, таърихи пайдоишу ташаккулёбӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ мебошад.

Мо ҳақ надорем, ки аз садоҳои ҳангомаҷӯёни худиву бегона сарнавишти таърихии хазорсолаҳои мардуми хешро, ки аз сарчашмаи тамаддуни ориёӣ ибтидо меёбад, нодида гирем ё инкор намоем. Мо ҳеҷ гоҳ ҷонибдори бартарияти милливу нажодӣ нестем ва нахоҳем буд. Омӯхтани он тамаддун низ ҷавонони моро бояд ба ташаккули эҳсоси таҳаммулгароӣ, нафрат ба ҷанг ва нажодпарастӣ равона кунад.

Тоҷикон бо вуҷуди беадолатиҳои зиёди таърих рисолати башардӯстӣ ва фарҳангпарварии худро нигоҳ дошта, аслан ба ягон андешаву ақидаи ирқпарастиву инсонбадбинӣ ва таассуби нажодиву зӯроварӣ такя накардаанд. Ба фикрам, ҳар як миллат ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки решаҳои аслии хешро омӯзад, воқеияти таърихиашро донад ва дар бунёди ҷомеаи мутамаддин аз таҷрибаи гузашта истифода кунад.

Миллати тоҷик, ки яке аз миллатҳои қадимаи минтақа ва ҷаҳон мебошад, бо дили поку нияти нек бузургдошти тамаддуни ниёгони ориёии худро қайд мекунад.

Таҳқиқоти олимони мӯътабари олам ва сарчашмаҳои қадима собит мекунанд, ки асоси тамаддуни ориёӣ зиндагии поку осуда, наҷобату ҳаётдӯстӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва созандагиву ободкорӣ будааст.

Аз ин лиҳоз, мо бояд гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу фардо рӯ оварем ва мардуми кишвари соҳибистиқлоли худро ба сӯи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ раҳнамоӣ намоем. Умед аст, ки инсонҳои хушбин ин ҳақиқатро мепазиранд ва дар омӯзиши тамаддуни ориёӣ ва бузургдошти он фаъолона ширкат меварзанд.

Маҳз ба ҳамин хотир дар яке аз мулоқотҳои сарони давлатҳои узви Ҷомеаи иқтисодии Аврупою Осиё, ки дар онҳо мардумонашон наврӯзро ҷашн мегиранд, даъват намудем, ки маросимҳои наврӯзиро якҷоя таҷлил намоем.

Дар остонаи фарорасии Наврӯзи Аҷам бори дигар ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз ва тамоми аҳли зиёи кишварро бо ин иди бузурги аҷдодӣ табрик мегӯям ва ба ҳар кадоми шумо саломативу хушбахтӣ ва сарбаландиву барори корҳои эҷодӣ орзу менамоям.

Наврӯз эҳёи мавҷудоти олам ва орзуву умеди инсонҳост. Ман ҳам дар қатори шумо орзу мекунам, ки давлатамон поянда, хонадонамон обод, ватанамон сарсабз, миллатамон сарбаланд, мардумамон тинҷу осуда бошанд, аз шарофати Наврӯзи хуҷастапай дар муҳити сулҳу осоиш ва файзу баракати ҳамешагӣ умр ба сар баранд.

Ба шумо ва ба ҳамаи зиёиёни эҷодкор ва мардуми сарбаланди тоҷик хушиҳои зиндагӣ ва саодати рӯзгор орзумандам.

Наврӯз муборак бод, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520