Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

27.08.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили татбиқи санадҳои зиёди ҳамкории байни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва тадбирҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Лоиҳаҳои муштараки дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳою пулҳои оҳану мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ, нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ ва ғайра дорои аҳамияти стратегӣ барои кулли минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маънидод гардид.

Таваҷҷӯҳи хос ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин ба рушди ҳамкории минтақавии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мароқ зоҳир намуданд.

Муносибатҳои байни Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои умедбахш барои мардумони ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520