Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат дар мавзӯи «Ҷомеа ва рисолати зиёӣ»

20.03.2009 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!
Дӯстони азиз!

Ба ҳукми анъанаи нек ҳар сол мо бо шумо – аҳли зиёи кишвар дар арафаи Соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи Аҷам мулоқот мекунем.
Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолият ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

Ин ҷашни бостонӣ рамзи офариниши ҳаёт ва эҳёи табиат буда, барои мо - тоҷикон азизу муқаддас ва бисёр гиромӣ мебошад, зеро сарнавишт, фарҳанг ва оинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои наврӯзӣ ва густариши онҳо пайванди қавӣ доранд.

Тамоми оинҳои неки наврӯзӣ, ки сарчашмаи бузурги ахлоқию тарбиявӣ, бунёдкориву созандагӣ ва зебоипарастӣ мебошанд, имрӯз низ барои мардуми мо мӯътабар ва ибратомӯзанд.

Зеро расму оинҳои наврӯзӣ таҷассуми афкор ва тасаввуроти муайян мебошанд, хоҳ оростани хонаю дар ва хиёбону маҳаллаҳо бошад, хоҳ бо нозу неъматҳои замини саховатманди мо пур кардани дастархони идонаву пазироии меҳмонон ва хоҳ киштукору ташвишҳои наврӯзии бобои деҳқон.

Бовар дорам, ки мардуми мо анъанаҳои неки ниёгонро идома дода, дар ин рӯзҳои баҳорӣ ба корҳои ободонӣ, киштукор ва ниҳолшинонӣ вусъати тоза мебахшанд, барои боз ҳам фаровон гардонидани неъматҳои дастурхони худ заминаи мусоид мегузоранд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи шумо – ҳозирини мӯҳтарамро бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз муборакбод намуда, ба ҳар хонадон ва ҳар фарди ҷомеа ободиву осоиш, шодиву сурур, бахту иқболи нек ва барори кор орзу менамоям.

Ва ба даргоҳи Худои мутаол дуо мекунам, ки дар ин давраи бӯҳрониву ноором давлату халқи моро аз офатҳои заминиву осмонӣ нигоҳ дорад, сулҳу оромиро дар сарзамини мо пояндаву ҷовидонӣ гардонад ва дар соли нав, ки бо фарорасии Наврӯз оғоз меёбад, ба хонадони ҳар фарди тоҷик файзу баракат ва бахту саодат ато фармояд.

Имрӯз бори даҳум аст, ки мо бо шумо – намояндагони зиёиёни кишвар мулоқот ва маслиҳату машварат мекунем. Солҳои сипаришудаи даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари талошҳои пайваста ба хотири рушди мунтазами иқтисодиёт ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ҳамчунин давраи инкишофи илму фарҳанг ва маънавиёт буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини имконият барои фаъолияти эҷодии зиёиён ва рушди муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо, иттиҳодияҳои гуногуни эҷодӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Мақсад аз талошҳои Ҳукумат фароҳам овардани шароит барои зиёиёни кишвар ҷиҳати таҳқиқу эҷодкорӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо ба нафъи ҷомеа мебошад.

Сафарбар кардани имкониятҳои маънавию зеҳнӣ, истифодаи оқилонаи нерӯҳои илмии кишвар барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа ҷавҳари сиёсати моро дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф ташкил медиҳад.

Дар тамоми ин муддат инкишофи илму фарҳанг, маориф ва густариши раванди бузургдошти маънавиёт аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлати мо маҳсуб мешуданд ва минбаъд низ онҳо дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумат қарор хоҳанд дошт.

Мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар имсол ба рӯйдоди хотирмони фарҳангӣ – ба анҷом расидани азнавсозии бинои таърихии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва тарҳи нав гирифтани ин маркази бузурги санъати театрию мусиқии тоҷик рост омад.

Ба ин муносибат зиёиёни кишвар, ҳайати эҷодии театр ва тамоми аҳли санъату фарҳанги мамлакатро табрику таҳният мегӯям.

Ҳамчунин ба гурӯҳи бинокорону муҳандисон, меъморон ва ҳамаи онҳое, ки дар тармиму таҷдиди ин кохи мӯҳташами ҳунар саҳм гузоштаанд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамоям.

Театре, ки мо имрӯз дар толори пуршукӯҳи он ҷамъ омадаем, дар ривоҷи санъати мусиқӣ, ташаккули ҳунар ва анъанаҳои опера ва балети миллии тоҷик нақши бузург бозидааст.

Ҳанӯз дар миёнаи асри гузашта дар саҳнаи ин театр нахустин операҳои тоҷик– «Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар», «Рӯдакӣ», «Пӯлод ва Гулрӯ», «Лайлӣ ва Маҷнун», «Шерак», «Қишлоқи тиллоӣ» ва монанди инҳо бо иштироки ҳунармандони шинохта ба тамошобинон манзур гардида, дар миёни алоқамандони ҳунари асил чи дар Тоҷикистон ва чи берун аз он маҳбубияти зиёд пайдо карда буданд.

Барои мо - тоҷикон, ҷои ифтихор аст, ки ситораи тобноки олами балет Малика Собирова дар саҳнаи ҳамин театр ба дурахш омад ва шӯҳрати ҷаҳонӣ касб намуд.

Бовар дорам, ки ҳайати эҷодии Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик минбаъд низ анъанаҳои шӯҳратманди санъати театрии моро идома дода, дар рушди фарҳанги муосири миллӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Дӯстони гиромӣ!

Рушду инкишофи ҳар як ҷомеа аз зиёиён, ки элитаи зеҳнии онро ташкил медиҳанд, вобастагии зиёд дорад.

Дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии инсоният, бунёд ва ташаккули низоми ҷамъиятӣ дар ҳама давраҳои таърих, пеш аз ҳама, маҳсули андешаву хиради зиёиён ва истеъдоду маҳорати онҳо мебошанд.

Ба фикри мо, дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ - дар ҳоле ки раванди ҷаҳонишавӣ фарогири ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон мегардад, масъалаи мақому манзалат ва мавқеи зиёӣ моҳият ва мазмуни тоза касб менамояд.

Дар истилоҳи байналмилалӣ зиёиро маъмулан бо калимаи «интеллигенсия», яъне андешаманд, хирадпеша ва соҳибфитрат ифода месозанд, ки бо муносибати эҷодкорона ва фаъоли худ нисбат ба равандҳои рушди ҷомеа фарқ мекунад.

Ба таъбири дигар, зери мафҳуми интеллигент шахсияти эҷодгар ва маърифатноки дар ҳаёти иҷтимоӣ пурибтикор, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва табиати бунёдкорона фаҳмида мешавад.

Агар мо ба таърих назар андозем, мебинем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он то кадом андоза заҳматҳо кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд.

Маҳз андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди он ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Ҳамин хизмати бузурги фарзонагони миллат аст, ки мо имрӯз соҳибдавлат буда, бо забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худ ифтихор мекунем. Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқлол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд.
Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат мебошад. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаҳои бунёдӣ асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, имрӯз низ ҳар як зиёӣ ба мисли аҷдоди тамаддунсози хеш бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба ҷаҳониён ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.

Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар ба мавзӯе баргардам, ки борҳо дар атрофи он ибрози ақида намуда, то чӣ андоза муҳим будани онро таъкид сохтаам. Ин масъалаи рушду такомули забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мебошад.

Раванди ҷаҳонишавӣ, чунонки ҳамаи мо шоҳид ҳастем, имрӯз ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти башар дар баробари таъсири мусбат нақши манфии худро низ мегузорад.

Бахусус фишори фарогири ҷаҳонишавӣ ба забону фарҳанг, ки рукнҳои асосии пойдории миллат ба шумор мераванд, бештар эҳсос мегардад. Дар чунин шароит агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати начандон тӯлонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ё ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад. Мисоли равшани инро мо дар номгузории бисёр ширкату идораҳо, муассисаҳои фароғатию хизматрасонӣ, матбуоти даврӣ ва ҳатто фарзандон мебинем.

Мутаассифона, ҳарчанд ин масъала чандин маротиба таъкид гардида буд, вале дар пойтахт ва баъзе шаҳру ноҳияҳо ин раванд тавре сурат гирифта истодааст, ки ба Қонуни забон ва ба анъанаҳои мардуми тоҷик мувофиқат намекунад.

Шумо хуб медонед, ки ҳар як номи тоҷикӣ нишонае аз симои миллӣ ба шумор меравад ва сарфи назар кардан аз он, пеш аз ҳама, беэҳтиромӣ нисбат ба забони модар ва давлати худ, ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дар маҷмӯъ ба миллату Ватан мебошад.

Бинобар ин, агар ҳаллу фасли оқилонаву равшангаронаи ин масъала аз як сӯ қарзи ҳар як зиёии кишвар бошад, аз сӯи дигар он вазифаи роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Итминон дорам, ки аксари роҳбарони ширкату муассисаҳо ва соҳибкорон ба интихоби номҳои зебои миллӣ ва муносиб ҳавасманд мебошанд, вале дар ин кор мушкилӣ мекашанд. Аз ин рӯ, Академияи илмҳо, Кумитаи истилоҳот ва дигар идораву муассисаҳои дахлдорро зарур аст, ки дар ин амали хайр онҳоро раҳнамоӣ созанд ва кӯмак расонанд.

Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои хориҷии мо низ истифода мешавад. Бо ин забон санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба имзо мерасанд, осори илмиву адабии халқҳои ҷаҳон тарҷума мешаванд. Аз ин рӯ, возеҳ аст, ки омӯзиши забони ниёгон бояд дуруст ба роҳ монда шавад.

Илова бар ин, дар радифи таълими забонҳои хориҷӣ бояд раванди омӯзиши хати ниёгон низ суръату сифати тоза пайдо намояд. Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар зарур аст, ки доир ба густариши таълими хати ниёгон тадбирҳои муассир андешанд. Зиёиён низ вазифадоранд, ки дар ин кори хайр саҳмгузор бошанд.

Мо бояд забони тоҷикиро ҳамчун арзиши миллӣ эҳтиром кунем, ба он муносибати ғамхорона дошта бошем, барои рушду инкишофи он дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи зарурӣ фароҳам оварем. Ин амал пеш аз ҳама барои ба забони илм табдил додани забони модарии мо аҳамияти бузург дорад, зеро ба ин мартаба расидани забон сатҳи аз ҳама баланди густариши он ба шумор меравад. Зарурати таҳияи истилоҳоти илмӣ барои бахшҳои мухталифи забони тоҷикӣ на танҳо масъалаи дохилии илми забоншиносӣ, балки масъалаи рӯзмарраи сиёсати давлатӣ оид ба забон мебошад.

Донишмандони моро зарур аст, ки рисолати таърихии хешро иҷро карда, ба монанди гузаштагони соҳибфарҳанги худ, ки бо осори пурғановаташон онро ба як забони тавонои илмӣ мубаддал сохтаанд, дар рушду густариши забонамон ва ба забони илми муосир табдил додани он саҳм гузоранд. Бинобар ин, Академияи илмҳо ва вазорату муассисаҳои дахлдорро лозим аст, ки дар ин бобат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Бо ин мақсад бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон соли гузашта Соли забони тоҷикӣ эълон шуд, ки ба андешаи мо, ин иқдом ба рушду такомули минбаъдаи забони модариамон ва таҳкими мақоми давлатии он дар шароити кунунӣ таъсири мусбат гузошт. Чунонки маълум аст, соли равон аз қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад.

Ин санади ҳуқуқӣ, ки дар замони шӯравӣ бо дарназардошти воқеияти сиёсии он давра таҳия шуда буд, имрӯз ба ниёзҳои ҷомеаи мо пурра ҷавобгӯ нест ва кайҳост, ки зарурати пешниҳоди лоиҳаи нави он ба миён омадааст.

Бинобар ин, барои таҳияи лоиҳаи нави қонун гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки он бояд дар асоси меъёрҳои таърихиву адабӣ, ниёзҳову таҳаввулоти ҷомеа ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ лоиҳаи қонуни навро омода сохта, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Ҳадаф аз қабули қонуни нав, пеш аз ҳама, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, таъмини истифодаи фарогир ва густариши ҳамаҷонибаи он дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар мебошад, ки ин амр тақозои воқеияти замон аст.

Густариши забони тоҷикӣ, таҳкими мақоми давлатӣ ва тавсеаи доираи истифодаи он ҳамчунин зарурати таҳияи фарҳангномаҳои истилоҳоти соҳавӣ ва луғати комили имлои забони тоҷикиро талаб мекунад, ки ин кор аз ҷониби мутахассисон бо масъулияти бисёр ҷиддӣ бояд сурат гирад.

Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо вазифаи таълифи «Фарҳанги тафсирии мукаммали забони тоҷикӣ» иборат аз 6 ҷилд гузошта шудааст ва табъу нашри он дар зарфи 5 соли наздик бояд ба анҷом расад.

Масъалаҳои забонро бе омӯзиши дақиқи илмӣ ва таҳқиқи давраҳои таърихии он дар асоси осори хаттӣ наметавон ба таври дуруст ҳаллу фасл кард.
Аз ин рӯ, барои таҳқиқи масъалаҳои гуногуни забони тоҷикӣ, бахусус забони адабӣ ва меъёрҳои он, назария ва амалияи забон ва дар маҷмӯъ ҳама масоили марбут ба он имрӯз зарурати таъсиси як маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба миён омадааст.

Бо дарназардошти ин, чанде пеш дар хусуси таъсиси маҷаллаи илмии забоншиносӣ ба Вазорати молия ва Академияи илмҳо супориш дода будам ва чопи он ҳамин сол оғоз меёбад.

Бешубҳа, нашри ин маҷалла барои таҳким ва густариши забони давлатӣ, ки омили муҳими болоравии худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, мусоидат хоҳад кард.

Итминони комил дорам, ки қабули қонуни нав «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тадбирҳои дигар дар иртибот ба забони миллӣ як силсила монеаҳои мавҷудаи сунъиро дар ин самт барканор сохта, марҳалаи воқеан навро дар таҳким ва рушди забони давлатӣ оғоз хоҳанд кард. Мақоми давлатии забон бояд бар асоси Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда шавад.

Зиёиёни имрӯзаи тоҷик бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир, дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани техникаву технологияҳои навин ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ вобаста мебошад.

Татбиқи бевоситаи ҳар як навоварӣ танҳо дар натиҷаи омӯзиши дастовардҳои илми пешқадами ҷаҳонӣ муяссар хоҳад шуд.

Чунончи, Тоҷикистони мо табиати ниҳоят бою рангин дорад, вале омӯзиши захираҳои табиӣ ва имконияти истифодаи онҳо ҳанӯз пурра ҷавобгӯи эҳтиёҷоти рӯз нест. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ ҳамасола ба иқтисодиёти миллии мамлакат зарари зиёди моддӣ мерасад.

Вақтҳои охир таъсири гармшавии иқлим, камобию хушксолӣ бар асари камшавии захираи пиряхҳо, фарсудашавии замин ва ифлосшавии муҳити зист бисёр ташвишовар аст.

Аз ин хотир, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои илмии соҳавӣ, олимону мутахассисони донишгоҳу донишкадаҳои кишварро зарур аст, ки ба таҳлилу омӯзиш ва муайян кардани роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо диққати махсус дода, хулосаҳои худро пешниҳод намоянд.

Дигар масъалае, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, бӯҳрони фарогири иқтисодиву молиявӣ ва таъсири манфии он ба кулли кишварҳои олам мебошад.

Чунин вазъият моро водор месозад, ки бо дарки амиқи таъсири манфии ин бӯҳрон ба ҳаёти ҷомеа барномаи тадбирҳои аз нигоҳи илмӣ асосноки пешгирии ҳаддалимкони оқибатҳои ногувори онро таҳия намоем ва пайгирона амалӣ гардонем.

Сарфаю сариштакории захираҳои об, барқу газ, истифодаи самараноки имкониятҳои молиявии давлат ва соҳибкорони ватанӣ ба хотири рушди истеҳсолот, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва пешбурди соҳаҳои асосии иқтисодиёт, бахусус бахшҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқавории кишвар аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки бояд меҳвари ин тадбирҳоро ташкил диҳанд. Татбиқи ин ҳадафҳо бешак, иштироки фаъол ва сафарбар кардани нерӯи зеҳнии кишварро тақозо дорад.

Мӯҳтарам аҳли зиё!

Дар давраи муосир, ки густариш додани равандҳои ташаккул ва таҳкими худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаи мо мебошад, ниёзмандии мардуми кишварамон ба эҳё ва барқарор кардани хотираи таърихӣ, осори фарҳангӣ ва илмии гузаштаи халқамон беш аз пеш эҳсос мегардад.

Аз ин нигоҳ, омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаи афкори намояндагони барҷастаи илму фарҳанги гузаштаамон, аз ориёиҳо то Сомониёну асрҳои миёна ва давраҳои наву навтарин аҳамияти махсус касб мекунад.

Бешубҳа, дар кори омӯзиши таъриху фарҳанги ғании халқамон нақши олимон, шоирону нависандагон ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бузург аст. Зеро онҳо беш аз ҳама дар кори омӯзиши мероси ниёгонамон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамари аҳли зиё дар давоми солҳои истиқлолият мо як силсила тадбирҳоеро, ки ба таҳкими ваҳдат, худогоҳии миллӣ ва эҳёи арзишҳои аҷдодӣ нигаронида шудаанд, амалӣ намудем.

Чунончи, дар соли сипаришуда 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва 100-солагии аллома Бобоҷон Ғафуровро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифтем ва дар робита ба ин ҷашнҳо «Донишнома»-и Рӯдакӣ, «Осори Рӯдакӣ», асари безаволи «Тоҷикон» ва як силсила асарҳои дигар ба табъ расида, чорабиниҳои судманди илмиву фарҳангӣ гузаронида шуданд.

Академияи илмҳои кишвар дар кори омӯзиш, тарҷума ва дастраси хонандагон гардонидани мероси гаронбаҳои донишмандону мутафаккирон, ходимони барҷастаи сиёсӣ ва мазҳабии халқамон хизмати пурсамар карда истодааст.

Масалан, кормандони илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни 950-умин солгарди зодрӯзи Муҳаммади Ғаззолӣ китоби «Кимиёи саодат»-и ӯро дар ду ҷилд, ки ба силсилаи «Мероси фарҳанги исломӣ» дохил мешавад, омода намудаанд ва дар наздиктарин фурсат нашри навбатии он иборат аз панҷ ҳазор нусха ба анҷом хоҳад расид.

Осори Ибни Сино бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда истодааст, ки чаҳор ҷилди он ба ду забон аз чоп баромадааст.

Ҳамчунин «Таърихи Табарӣ», «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва як қатор шоҳасарҳои дигар аз силсилаи панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» мардумро бо мероси пурарзиши гузаштагон ошно месозанд.

Таҷлили соли бузургдошти фақеҳи бузург, поягузори мазҳаби бонуфузи дини мубини ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, маъруф ба Имоми Аъзам, ки аз табори тоҷик аст, ҳалқаест дар силсилаи тадбирҳое, ки ба эҳёи арзишҳои волои маънавии гузаштагон ва тарғиби онҳо дар ҷомеа нигаронида шудааст.

Соли бузургдошти Имоми Аъзам боз як ҳидоятест барои вусъат бахшидан ба раванди худшиносии миллӣ ва шинохту эътирофи саҳми донишмандони тоҷик дар рушду тавсеаи тамаддуни башарӣ.

Ман бо итминон изҳор медорам, ки зиёиёни мо дар тӯли соли равон ва минбаъд метавонанд паҳлӯҳои мухталифи зиндагӣ ва осори Имоми Аъзамро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо таълифи рисолаву мақолаҳои пурарзиш ин фарзанди фарзонаи халқи тоҷик ва яке аз пешвоёни аҳли суннату ҷамоатро бо таълимоти безаволаш ба мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳониён бештару возеҳтар муаррифӣ намоянд.

Дар робита ба нақшу мақоми зиёиён дар ҷомеа мехоҳам як нуктаи дигарро таъкид намоям, ки ба назарам дар мулоқоти имрӯза хеле бамаврид аст.
Дар Қуръони маҷид омадааст, ки Худованди таоло баъди Одам қаламро, ки воситаи эҷод аст, офаридааст.

Ин аз бузургиву наҷобат ва қадру манзалати аҳли қалам, яъне адибон, олимон, кормандони маориф, уламо умуман аҳли зиё шаҳодат медиҳад.

Ҳозирини гиромӣ!

Мо аз таърихи начандон дури Ватанамон низ номи даҳҳо шахсиятҳоеро бо ифтихор ба забон оварда метавонем, ки ба нафъи миллати хеш хизмати фидокорона ва бузург кардаанд.

Соли 2011 ба зодрӯзи яке аз чунин фарзандони бузурги халқи тоҷик, муборизи матини роҳи сулҳ ва мунодии ваҳдату дӯстии халқҳои ҷаҳон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода 100-сол пур мешавад.

Зодрӯзи ин устоди каломи бадеъро, ки дар Осиё ва Африқо шӯҳрати беандоза дорад, бояд сазовор ҷашн гирем.

Ба Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО пешниҳод мешавад, ки барои ба феҳристи ҷашнҳои ин созмони бонуфуз ворид намудани 100-умин солгарди устод Мирзо Турсунзода тадбирҳо андешад.

Ҳамчунин бо дарназардошти хизмати шоёни нависандагони забардаст Сотим Улуғзода ва Ҷалол Икромӣ дар рушди адабиёти муосири тоҷик, ки ҷашни садсолагии онҳо дар назар аст, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе дар бобати абадӣ гардонидани хотираи онҳо бояд тадбирҳо андешанд.

Ба назари мо, ба Донишгоҳи забонҳо гузоштани номи Сотим Улуғзода, ки ҳамчун тарҷумони бузург низ шӯҳрат дорад ва ба номи Ҷалол Икромӣ гузоштани яке аз хиёбонҳои пойтахт мувофиқи мақсад мебошад.

Мо борҳо аҳамият ва мақоми маорифро дар соҳаи рушди ҷомеа дар ҳама давру замонҳо таъкид кардаем. Чунки бе рушди соҳаи маориф пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Вазифаи зиёиён ин аст, ки наврасону ҷавононро бо дастовардҳои тозаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ пайваста ошно намоянд, онҳоро ба омӯзиши илм ва технологияи муосир ҳавасманд гардонанд.

Ба хотири шиносоии бештари насли ҷавони кишвар ва ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба тамаддуни умумибашарӣ олимону адибон ва устодони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои дигар миллатҳо ва тарҷумаву пешкаши умум гардонидани осори илмиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон таваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд.

Арзишҳои маънавие, ки инсоният аз ибтидои шинохти хеш ба онҳо рӯ овардааст, ҳамеша дар сурати рисола ё китобе дарҷ мешуданд. Эътиқоду эҳтироми мардуми мо ба китоб аз қаъри асрҳо ибтидо гирифта, дар марҳалаи кунунии рушди ҷомеа боз ҳам бештар эҳсос мегардад.

Маводи чопӣ, аз қабили китоб ва рӯзномаю маҷалла дар тарбияи маънавии мардум, пешбурди иқтисод, таблиғу ташвиқ ва ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Маҳз ба ҳамин хотир мо ба пешрафти соҳаи табъу нашр ҷиддӣ манфиатдор ҳастем.

Аз соли 2004-ум инҷониб ҳамасола аз Хазинаи эҳтиётии Президенти мамлакат барои табъу нашр ба таври мақсаднок маблағ ҷудо мешавад. Дар натиҷа ҳар сол аз тариқи нашриёти «Адиб», «Ирфон» ва дигар муассисаҳои табъу нашр даҳҳо номгӯй китобҳои адибони гузашта ва муосир ба табъ расида, дастраси ихлосмандони каломи бадеъ мегарданд. Мо ин иқдомро минбаъд низ идома хоҳем дод.

Вале бояд хотирнишон кард, ки дар ин самт имкониятҳои имрӯзаи мо ба дараҷаи кофӣ нестанд ва мо ҳанӯз наметавонем ниёзмандии мардуми фарҳангдӯсти худро ба китоб пурра қонеъ гардонем.

Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсат мехостам ба шумо – аҳли зиё бо дархосте муроҷиат намоям.

Бешубҳа, дар китобхонаҳои шахсии шумо асарҳои зиёде маҳфузанд, ки истифода кардаед ва метавонед онҳоро ба хотири баҳрабардории дигарон ва ғизои маънавӣ гирифтани хусусан ҷавонон ба китобхонаҳои оммавӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таълимии мамлакат тақдим намоед.

Ин кори хайри шумо ба рушди донишу маърифат дар ҷомеа мусоидат менамояд ва дар натиҷа ҳама бурд хоҳанд кард. Умедворам, ки ин даъват мавриди дастгирии ҳамаҷонибаи шумо қарор хоҳад гирифт.

Яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати фарҳангии кишвар дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ҳифз ва истифодаи дурусти мероси таърихию фарҳангии халқамон ва ҷашну суннатҳои миллӣ мебошад.

Ҳар як шаҳраки қадима, қалъа, оромгоҳи бузургон, тасвири рӯи санг бояд барои шаҳрвандони Тоҷикистон азизу муқаддас бошад ва онҳо ҳифз намудани ин мероси гаронбаҳоро вазифаи худ шуморанд.

Ҳукумати кишвар ҳамасола барои тармиму барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ аз ҳисоби буҷет ва дигар сарчашмаҳо маблағҳои зиёде пешбинӣ менамояд.
Мо бояд мероси мазкурро на танҳо барои тарбияи мардум дар рӯҳи худогоҳию ватандӯстӣ истифода намоем, балки барои муаррифии он ба оламиён, бахусус ба воситаи туризми байналмилалӣ тадбирҳо андешем.

Бояд кӯшиш кард, ки ёдгориҳои нодир, ба монанди Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Панҷакенти қадим, Тахти сангин, Қалъаи Ҳисор, Хоҷа Машҳад ва ғайра шомили Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО гарданд. Онҳо на танҳо ёдгориҳои халқи тоҷик, балки мероси маънавии башарият ҳисоб меёбанд.

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз ҷомеаи мо пешорӯи санаи барои давлату давлатдории тоҷикон ниҳоят муҳим - 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки 9 сентябри соли 2011-ум таҷлил мегардад. Халқи мо дар ин давра зери парчами истиқлолият зиндагӣ мекунад ва давлати тоҷикон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.

Дар ин муддат миллати мо озмоишҳои гаронро аз сар гузаронида, дар давлатсозиву давлатдорӣ ба мушкилоти зиёд дучор шуд ва дар натиҷа ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва худогоҳу ватанпараст дарк намуд, ки истиқлолият арзиши муқаддас ва неъмати бебаҳо буда, чун гавҳараки чашм ҳифз кардан ва пайваста таҳким бахшидани он ногузир мебошад. Ин сабақи муҳими таърихи соҳибистиқлолии мост. Мо бояд шукрона кунем, ки Ватани озод ва давлати мустақил дорем.

Омодагии мардуми кишвари мо барои бо шукӯҳу тантана истиқбол намудани ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатӣ, ҷашне, ки воқеан барои мардуми кишварамон хеле муқаддас ва арзишманд мебошад, аз ҳоло оғоз гардидааст.

Зиёиёни моро лозим аст, ки барои омӯхтан ва ба мардум фаҳмонидани моҳияти дастовардҳои беназири даврони истиқлол ҳарчи бештар кӯшиш намоянд ва дар баланд бардоштани сатҳи маърифат ва савияи маънавии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихор аз миллату давлати хеш саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин мардуми кишварро ҳарчи бештар ба бунёдкориву ободгарӣ ва меҳнати созанда раҳнамоӣ кунанд.

Дар ин марҳала аз ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯст тақозо мегардад, ки бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар назди халқу Ватан иҷрои кору вазифаи ба зиммадоштаи хешро бо азму талоши дучанд таъмин намояд. Бо иқдоми неку ташаббускорӣ дар ободии Ватани аҷдодии худ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум саҳмгузор гардад. Дар ин масъала бештар соҳибкорони ватанӣ имкон доранд, ки бо иқдоми созандагиву бунёдкорӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ фаъол ва пешсаф бошанд.

Дар робита ба гуфтаҳои боло метавон хулоса кард, ки зиёӣ ин шӯълаест, ки ҳамеша роҳи ҷомеаро мунаввар месозад ва мардумро ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Бо дарназардошти он, ки дар Тоҷикистон намояндагони халқу миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд, тарғибу таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ низ, ки арзишҳои волои инсонӣ ба шумор мераванд, аз ҷумлаи муҳимтарин вазифаҳои зиёиёни мо мебошад.

Мо имрӯз дар театри машҳуре ҷамъ омадаем, ки номи устод Айниро дорад ва ба назарам, ин ба мавзӯи сӯҳбати имрӯзаи мо – «Рисолати зиёӣ дар ҷомеа» иртиботи бевосита дорад. Устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр ва фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст.

Баробари таъсис ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯ бо тамоми ҳастиаш ба он пайваст ва барои рушди забону адабиёт, илму маориф ва фарҳанги халқи тоҷик хизмати беназир кард. Мирзо Турсунзода аз он айёми тақдирсоз ёдовар шуда, чунин нигоштааст:

Худи устод машъал шуд, алав шуд,
Чароғи мардуми дунёи нав шуд.

Ман рисолати зиёиёни имрӯзаро маҳз дар ҳамин мебинам: чароғи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол будан.

Бо дарназардошти чунин мақоми баланди зиёиён дар ҷомеа бори дигар метавон таъкид сохт, ки онҳо воқеан хазинаи тиллоии миллат ва гули сари сабади ҷомеа мебошанд.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, инчунин кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳонро бо фарорасии Наврӯзи хуҷастапай самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки ҳама рӯзи мардуми мо ба мисли Наврӯз пурфайзу дилафрӯз бошад!

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520