Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

04.05.2023 12:10, Қазоқистон
Маросими супоридани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон - ордени “АЛТИН ҚИРОН” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  04.05.2023

Имрӯз дар шаҳри Остона дар қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Акорда маросими бо ордени Ҷумҳурии Қазоқистон «Алтин Қирон» сарфароз гардонидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар пойтахти ин кишвари дӯст қарор доранд, баргузор гардид.

Дар оғози маросим фармони Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар хусуси мукофотонидани Сарвари давлати мо бо ин нишони олии Қазоқистон ироа гардид.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зимни супоридани мукофот саҳм ва хизматҳои шоёни Пешвои миллатро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯзҳо дар чорчӯби шарикии стратегӣ муваффақона рушд меёбанд, таъкид карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар навбати худ, аз ин иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори сипос намуда, онро қабл аз ҳама, ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.

Пешвои миллат дар идомаи суханронии хеш изҳори итминон намуданд, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо робитаҳои байнидавлатии ду давлат дар заминаи манфиатҳои умумии мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд низ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтирому эътимод ва дастгирии мутақобила таъмиқу тавсеа хоҳанд ёфт.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520