Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат

05.08.2008 17:00, шаҳри Ваҳдат

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри шиносоӣ бо истифодабарии заминҳои корами обӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин бо рафти корҳои ободонию созандагӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар кард.

Истифодабарии пурсамари заминҳои корами обӣ, рӯёндани ду ва зиёда ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худии кишоварзӣ имрӯз таҳти назорати доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яке аз ҳадафҳои асосии сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат шиносоӣ бо натиҷаҳои назаррас ва таҷрибаи хуби деҳқонони заҳматкаши он ва ҳамчунин ба дигарон нишон додани ин дастовардҳо аст. Дар воқеъ аҳли заҳмати хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат то имрӯз дар 5 ҳазор гектар замин кишти такрорӣ гузаронда, аз рӯйи нишондодҳои истеҳсолии худ дар сафи пеши ҷумҳурӣ қарор гирифтаанд.

Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат бо боздид аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Саидраҳмон оғоз ёфт.

Зимни гуфтугӯ маълум шуд, ки хоҷагии деҳқонии Саидраҳмон дар ихтиёри худ ҳамагӣ 1 гектар замин дошта, заҳматкашони он аз ҳар қитъаи он то чор панҷ ҳосил ба даст меоранд.

Ба гуфти раиси хоҷагӣ дар заминҳои он 6 нафар аъзои як оила - бародарон бо модарашон кор мекунанд ва ягон каси онҳо ҳеҷ гоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафтаанд. Пиру барнои як хонадон дар ин ҷо пурмаҳсул меҳнат намуда, эҳтиёҷоти худро пурра аз ҳамин ҷо қонеъ мекунанд. Соли гузашта онҳо танҳо аз масоҳати 50 садяк помидор 12-13 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст овардаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо нашъунамои кишти чоруми бодирингро мушоҳида намуда, ба деҳқонони асили хочагӣ аҳсант хонд.

Дар паҳлӯи ҳамин хоҷагӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нашъунамои пахтаи навъи Ирами хоҷагии деҳқонии Баҳор дидан кард.

Зимни сӯҳбат зикр гардид, ки хоҷагӣ дар ихтиёри худ 600 гектар замин дорад ва шуғли асосии аъзои он пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва парвариши зироатҳои полезӣ, лӯбиёгӣ ва хӯроки чорво аст.

Нашъунамои пахта дар заминҳои ин хоҷагӣ мувофиқи матлаб аст. Чунин натиҷа тавассути риояи қоидаҳои агротехникӣ дар парвариши он ва меҳнати софдилона муяссар гаштааст. Ба гуфти роҳбарият ва аҳли хоҷагӣ дар давоми 20 соли охир дар ин заминҳо чунин пахта нарӯида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари хоҷагӣ дастур дод, ки баҳри боз ҳам баланд намудани нишондодҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, маоши аъзои худро зиёд намуда, ҳарчи бештар ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намояд.

Баъди боздид аз ин заминҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи навбунёди Ориёно дидан кард. Боғи мазкур болотар аз деҳаи Чиртак дар қисмати шарқии шаҳри Ваҳдат дар 20 гектар заминҳои таллу теппа соли 2006-ум қомат афрохта буд.

Чунонки аз баландии ин таллу теппаҳо аён шуд, аҳли заҳмати хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат дар пайравӣ ба ҳидоятҳои ғамхоронаи Раҳбари давлат ягон ваҷаб замини киштбоби обиро холӣ намонда, азм доранд аз ҳамаи онҳо ду ва зиёда ҳосил ба даст биёранд.

Ба самараи меҳнати аъзои хоҷагии Аввалмурод Кенҷаев, ки сарварии онро деҳқони соҳитаҷриба Муродалӣ Маҳмадалиев бар ӯҳда дорад, баҳои баланд дода шуд.

Дар 3 гектари боғи навбунёди хоҷагӣ токзор ва дар 17 гектари дигар дарахтҳои мевадиҳандаи себ, нок, хурмо, зардолу, шафтолу, олу, гелос, олуча, биҳӣ ва ғайра шинонда шудааст. Заминҳои боғ бо обкашҳои барқӣ обёрӣ мешаванд ва дар байни қаторҳои он зироатҳои полезии каду ва тарбӯзу харбӯза кишт карда шудааст, ки нишонаи истифодабарии пурсамари замин аст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рафти кишти такрорӣ ва истифодаи пурсамари заминҳоро дар хоҷагиҳои деҳаҳои Меҳробод, Ҳайдаробод, Даҳана, Деҳқонобод, Муллодавлат, Ҷарбошӣ, Ҷомӣ ҳамчунин аз наздик мушоҳида намуд.

Чунонки маълум шуд, дар хоҷагии деҳқонии Гулистон аҳли заҳмати он аз заминҳои ғалла ба ҳисоби миёна 31 сентнерӣ гандум гирифта, дар 220 гектар кишти такрорӣ гузарондаанд.

Дар ин ва бисёр хоҷагиҳои дигари шаҳри Ваҳдат кишти шолӣ низ ба яке аз анъанаҳои зироаткорӣ табдил ёфтааст. Шолипарварони он бо назардошти болоравии нархи биринҷ дар бозори ҷаҳонӣ ва ҳам дохили кишвар аз самараи меҳнати худ фоидаи хуб ба даст оварданианд.

Дар маркази шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти навбунёд дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст лентаи рамзиро бурида, бинои сеошёнаи маркази савдои «Ғуломҷон»-ро расман ба кор даровард.

Зимни шиносоӣ бо марказ маълум шуд, ки он аз ҷониби соҳибкорони инфиродии соҳаи сохтмон бародарон Ғуломовҳо бунёд ёфтааст. Ба гуфти роҳбари онҳо Гадоалӣ Ғуломов онҳо баъди сохтмони иншооти зиёди иҷтимоӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия имрӯз як бинои хуштарҳу замонавӣ дар ватани худ бунёд намуда, ба орзӯи деринаашон ҷомаи амал пӯшондаанд ва ният доранд, ки бо даст додани имкон минбаъд низ дар корҳои ободонию созандагии Тоҷикистон иштирок кунанд.

Маркази савдои «Ғуломҷон» имрӯз ба ихтиёри ширкати Ёқут-2000 вогузор гаштааст. Аз ҷониби ширкати мазкур дар ошёнаи якуми он толори мебел, дар қабати дуюм мағозаҳои либос ва дар сеюмаш қаҳвахона ҷойгир карда шудааст. Мутобиқи нақша дар ин ҷо аз 40 то 60 нафар бо кор таъмин мегарданд.

Дар рӯ ба рӯи ин бино, ки дар кӯчаи Ватани шаҳри Ваҳдат қарор дорад, фурӯшгоҳи китоб бо дуою ҳидоятҳои неки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дари худро ба рӯйи хонандагону дӯстдорони илму фарҳанг ва аҳли мактабу маориф боз намуд.

Ин бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якумаш фурӯшгоҳи китобҳои дарсию бадеӣ ва асбобу анҷоми мактабӣ ҷойгир шудааст ва дар қабати дуюмаш толори хониш.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои хуштарҳи Кошонаи ҳусн расман ба кор дароварда шуд, ки дар он барои 35 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Зимни шиносоӣ маълум шуд, ки бино аз толорҳои ороишии занона ва мардона, толори кирояи либосҳои тӯёна барои арӯсу домод ва толори омӯзиши компютер иборат аст.

Дар ҳамин кӯча Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин шоҳиди намоиши ҳунарҳои зебои даспарварони Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон гашт. Маълум шуд, ки дар ин марказ 1700 нафар кӯдакону наврасон дар вақтҳои холигии худ ба омӯзиши ҳунарҳои зебои мардумӣ, аз қабили гулдӯзӣ, заргарӣ, рассомӣ ва корҳои дигари ороишӣ машғул мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори онҳо изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки ин иқдом арзандаи дастгирии давлатӣ ва намунаи ибрат барои дигарон аст.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев аз заминҳои хоҷагии деҳқонии Толиб дидан кард.
Чунонки аён шуд, меҳнати деҳқонони ин хоҷагӣ метавонад барои дигарон намунаи ибрату пайравӣ бошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси шаҳри Ваҳдат дастур дод, ки ба чунин деҳқонони заҳматкашу соҳибзавқ замин бештар дода шавад. Айни ҳол хоҷагӣ 1,5 гектар замин дорад, ки аз он 5-6 оилаи як хонавода барои худ ризқу рӯзӣ мерӯёнанд ва маҳсулоти зиёд ҳамчунин ба бозор мебароранд.

Чунонки маълум шуд ҳамаи фарзандони ин хонавода аз ҷумла 4 ҷавонмарди оиладор дар ҳамин замин кор мекунанд ва ягон нафари онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд.

Ҳамин гуна ҳолат ё худ ба кори деҳқонӣ машғул будани ҷавонмардон дар хоҷагии деҳқонии Пирмаҳмад ба мушоҳида расид, ки аъзояш аз заминҳои обӣ пурсамар истифода бурда, фоидаи баланд ба даст меоранд.

Истеҳсолкунандагони неъматҳои моддии хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат дар паҳлӯи шоҳроҳи Файзобод-Ваҳдат-Душанбе бо номи «Ганҷи замин» як бозори мавсимӣ ташкил намудаанд, ки ҳар як роҳгузари хоҳишманд ва тоҷирону харидорони яклухтӣ метавонанд аз ин ҷо маҳсулоти тару тоза дастрас кунанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи хуби сабзавоткорию боғдории деҳқонони шаҳри Ваҳдат ба масъулини дахлдори сатҳи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти худ шаҳр дастур дод, ки баҳри дар ин ҷо бунёд намудани корхонаҳои хурди коркарди саноатии меваю сабзавот низ чораҳои зарурӣ андешанд.

Деҳқонон ҳосили фаровони бадастомадаро натиҷаи ғамхориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба натиҷаҳои ташрифи имрӯза ва умуман сиёсати раиятпарваронаи ӯ умедҳои зиёд мебанданд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСШК – и «Мурғпарвари Наврӯз»-и ҷамоати деҳоти Баҳор омад.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки ин корхона аз соли 1971 то 1992 пурсамар фаъолият намуда, дар солҳои муноқишаҳои дохилӣ ва баъд аз он қариб аз кор боз монда буд. Барқарорсозии он бо супоришу пофишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 – ум оғоз ёфт ва имрӯз дар 6 мурғхонаи он баъди таъмиру таҷдид 45 ҳазор мурғи тухмдеҳ парвариш меёбад. Аз ин корхона ҳар рӯз аз 32 то 36 ҳазор дона тухм ба бозори дохили кишвар пешниҳод мегардад.

Айни ҳол дар ин корхона 26 нафар кор мекунанд ва маоши миёнаашон 300 сомониро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки то охири соли оянда саршумори мурғи тухмдеҳ ба 200 ҳазор расонда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки рӯзҳои наздик баҳри дастгирии бештари давлатии соҳаи парандапарварӣ воридоти хӯроки паранда аз хориҷи кишвар аз андоз озод карда мешавад.

Ба мурғпарварон дастур дода шуд, ки чӯҷабарорӣ ва парвариши мурғи гӯштиро низ ҳарчи зудтар барқарор созанд. Ҳамчунин роҳбарияти Агроинвестбонк вазифадор карда шуд, ки онҳоро бо қарзҳои имтиёзноки бонкӣ таъмин намояд.

Роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ҳамчунин дастур гирифт, ки барои таъмин намудани парандапарварон бо замини кофӣ ва заминаи истеҳсоли хӯроки мурғ чораандешӣ кунанд.

Сӯҳбатҳои хеле ҷолибу дилнишин байни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва деҳқонони соҳибтаҷриба дар боғи себи хоҷагии деҳқонии ҳоҷӣ Зайниддин дар деҳаи Лиҷак сурат гирифт.

Чунонки аён шуд, боғдорон чунон ҳосили фаровон рӯёндаанд, ки навдаҳои ниҳолҳои себ аз вазнинӣ сар ба замин овардаанд. Онҳо танҳо хоҳиши онро доранд, ки моҳи сентябр –дар вақти пӯхта расидани себ тоҷирону харидорони яклухтӣ ҳосили рӯёндаи онҳоро харидорӣ кунанд.

Ба андешаи онҳо ин ҳама фаровонӣ аз файзи сиёсати мусоиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ ва хусусан боғдорию зироаткорӣ аст.

Боғдорон себҳои аз вазнинии шохаҳо рехтаро аз замин чинда, пора карда, хушк мекунанд, то ҳосили бо арақи ҷабин рӯёндаашон зоеъ нагардад. Ин ҳамчунин ба фоидаи ҷомеа аст, зеро меваи хушк чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад.

Умуман ҳамаи хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдат дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пурсамар меҳнат намуда, дар таъмини рӯзгори осудаи худ ва фаровонии бозори кишвар саҳми намоён мегузоранд.

Натиҷаҳои меҳнати пурфайзи деҳқонони шаҳри Ваҳдат ва ҳам нишондодҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи он зимни машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва фаъолони шаҳри Ваҳдат дар истироҳатгоҳи Академияи улуми Тоҷикистон воқеъ дар дараи хушманзараи Ромит баррасӣ шуд.

Қабл аз оғози машварат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои шаҳри Ваҳдатро аз назар гузаронда, ба роҳбарияти он ва дигар масъулин баҳри боз ҳам беҳтар намудани нишондодҳои истеҳсолӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Барои иштирок дар машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Ваҳдат ҳамчунин як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои марбута, Академияи кишоварзӣ, бонкҳои саҳҳомӣ ва ҳамчунин барои таҷрибаомӯзӣ намояндагони роҳбарияти дигар шаҳру ноҳияҳо даъват шуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии муфассал ва саволу ҷавобҳо вазъи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдатро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, ба деҳқонони асили он барои пурсамар татбиқ намудани муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқавории кишвар арзи сипос кард ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва идома додани корҳои ибратбахш дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520