Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Иҷрокунандаи вазифаи Фармондеҳи Нерӯҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мартин Демпси

31.07.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷрокунандаи вазифаи Фармондеҳи Нерӯҳои Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Мартин Демпсиро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ оид ба масоили ҳамкориҳои ҳарбӣ сиёсии Тоҷикистону Амрико, авзои имрӯза ва дурнамои Афғонистон, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯ сурат гирифт.

Мартин Демпси ба нақши Тоҷикистон дар мусоидати фаъол ба нерӯҳои эътилофии таъмини амният дар Афғонистон баҳои баланд дода, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Аз сатҳи ҳамкории байни сохторҳои низомии ду кишвар дар мубодилаи таҷрибаю иттилоот, омӯзиши кадрҳо ва кӯмак ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва расондани кӯмак дар барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520