Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Анатолий Сердюковро ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳарбӣ –сиёсии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо оид ба татбиқи нақшаҳои ҳамкории низомии ду кишвар дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.
Сатҳи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳарбӣ –сиёсии Тоҷикистону Россия хуб арзёбӣ гардид.
Таваҷҷӯҳи махсус ба татбиқи нақшаҳои омодагии муштараки Қувваҳои Мусаллаҳи ду кишвар дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ва омӯзиши кадрҳои низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии Россия зоҳир гашт.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.