Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов

15.05.2023 10:50, шаҳри Душанбе

15 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов доир гардид.

Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520