Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

30.07.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раис ва муовини раиси суд ва судя пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ пешниҳодгашта аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа, пеш аз ҳама аз ришваситонӣ, изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба риояи бечуну чарои ваколату салоҳияти вазифавӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз сӯйиистифода аз мансаб ва ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд ва таъкид дошт: «Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки шумо бо тақдири одамон сару кор доред ва ҳукмҳои судӣ бояд одилона бошанд».

Дар назди кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва роҳбарии муассисаҳои олии таълимии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодгашта низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодгашта ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан ва давлату миллати худ хидмат мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520