АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Тантанаҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июни соли 2009 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд гузаронида шавад.
2. Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар вохӯрӣ бо роҳбарону фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят баён гардидаанд, то баргузории Рӯзи ваҳдати миллӣ таъмин намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш.Душанбе
25 июли соли 2008
№ АП-699