Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори кулли “Ширкати BYD - Осиёи Марказӣ” Иван Тсао

18.05.2023 16:08, Чин
Мулоқот бо Директори кулли “Ширкати BYD - Осиёи Марказӣ” Иван Тсао  18.05.2023

18 май дар шаҳри Сиан дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Директори кулли “Ширкати BYD - Осиёи Марказӣ” Иван Тсаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкории Тоҷикистону Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз)-ро баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкорӣ дар самти мошинсозӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли таҳҷзиоти электронӣ табодули андеша карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Ширкати BYD (Орзуи худро бисоз) яке аз корхонаҳои бузурги ҷаҳонии истеҳсолкунандаи электромобили BYD Auto ва истеҳсолкунандаи батарея ва электроника BYD Electronic мебошад.

Фаъолияти ширкат ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, автобусҳо, мошинҳои боркаш, таҷҳизоти роҳҳои барқӣ, қатораҳои монорелсӣ, истеҳсоли ҷузъҳои мошин, батареяҳо ва батареяҳои офтобӣ, ҷузъҳои телефонҳои мобилӣ ва дигар электроника, инчунин хизматрасонии васлкунии таҷҳизот равона гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520