Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ дар маросими ҷумҳуриявии таҷлили иди Наврўз

19.03.2010 14:00, ноҳияи Данғара

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии ҳамаи мост, ки аз ҳамин сол эътиборан ҷашни деринаи ниёгони мо - Наврўзи хуҷастапай, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва пуштибонии як қатор кишварҳои ҷаҳон чанде пеш аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рўзи байналмилалии Наврўз карда шуд, дар саросари ҷаҳон бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз, кулли тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ва қавму миллатҳои гуногуни оламро, ки ба иди аҷдодии мо - Наврўз ҳамчун мероси маънавию фарҳангии инсоният арҷ мегузоранд ва ба меҳмонони олиқадри Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо ташрифи худ ба ҷашни наврўзии мо шукўҳи хоса бахшиданд, инчунин тамоми мардуми шарифи Туркманистонро ба муносибати фарорасии Наврўз самимона муборакбод менамоям.

Ва бори дигар Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвари дўсту бародари Туркманистон, инчунин ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистони офтобиву наврўзӣ хайра мақдам мегўям.

Воқеан, Наврўзи Аҷамро дар тўли асрҳои зиёд аз шимоли Чин то марзҳои Аврупо халқияту миллатҳои гуногун, аз ҷумла халқи ба мо дўсту бародари туркман бо самимият ва меҳру муҳаббати хоса ҷашн мегиранд, ки ин аз арзиши умумибашарӣ ва асолати тамаддунсози он башорат медиҳад.

Халқҳои тоҷику туркманро решаҳои дерина ва қавии таърихиву фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд. Ниёгони мо бо бародарони туркман Иди Наврўзро дар Марву Сарахс, Нисову Абевард ва дигар шаҳрҳои бостонии худ якҷоя истиқбол мегирифтанд ва савори аспҳои чобуки хатлонӣ ва ахалтекиниву қарабоҳирӣ пойгаву бузкашӣ ва дигар намоишҳои идона барпо мекарданд.

Бешубҳа, робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, дўстиву ҳамдигарфаҳмии миёни халқҳои мо, ки аз умқи таърих оғоз мегирад, дар замони исти?лолият омили муҳимтарини рушди ҳамкориҳои судманд ва муносибатҳои гуногунҷабҳаи кишварҳои мо гардидаанд.

Ҳамватанони арҷманд!

Наврўзи бостонӣ сароғози таърихи пурғановати мо буда, ҳамчун суннати пурарзиш ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва тору пуди зиндагии на танҳо мардуми тоҷику форс, балки кулли халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва берун аз он омезиш ёфтааст.

Наврўз чун рамзи пайванди азалии инсон бо табиат дар шабу рўзҳои эътидоли баҳориву иваз шудани сол фаро мерасад ва бо расидани он рўзгори кўҳан зиндагиро аз сар мегирад, табиату ҳастӣ рахти нав ба тан мекунад ва дар рўҳу ҷони одамон гардише падид меояд.

Иди Наврўзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукўҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Воқеан, Наврўз давраест, ки Замин ба меҳвари Хуршед баромада, рўзу шаб баробар мешавад ва кулли инсону мавҷудотро рўҳу равони тоза бахшида, ба ояндаи нек, рўзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Ин иди зебои ниёгони мо, ки дар ҳама давру замонҳо аз ҷумлаи бузургтарин ҷашнҳои муқаддаси миллӣ ва ойини зиндагисози мардум ба ҳисоб меравад, ҳамчун рамзи корҳои баҳорӣ ва файзу баракати сол, пеш аз ҳама ба кишоварзон нерўву илҳоми тоза ато мекунад. Наврўз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва киштукори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд.

Аз ин хотир халқи тоҷик ин иди азизу мўътабар ва муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврўзи хуҷастапай пайванд медонад. Тамоми оинҳои ибратомўзи наврўзӣ, ки моҳиятан сарчашмаи бузурги ахлоқиву тарбиявӣ ва бунёдкориву созандагӣ мебошанд, имрўз низ барои ҳар фарди огоҳу солимфикр чун манбаи умеду ормонҳои наҷибу созанда ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ хизмат мекунанд.

Имрўз мову шумо дар марҳалаи хеле ҳассосу мураккаби ҷаҳонишавӣ қарор дорем, ки инсоният нисбат ба ҳар вақти дигар ба арзишҳои волои фарҳангӣ, суннатҳои зиндагисози маънавӣ, ахлоқи ҳамида, меҳру рафоқат, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва сулҳу оромӣ ниёзи бештар дорад.

Дар чунин шароит Наврўз чун мунодии сулҳу оромӣ, пиндору гуфтору кирдори нек ва дўстиву ҳамкории халқҳо моро боз сўи рўзгори бехушунат, сулҳу субот ва кўшиш барои зиндагии орому осуда раҳнамоӣ мекунад.

Мувофиқи анъанаҳои неки наврўзӣ бо фарорасии фасли баҳор дар ҳар хонадони мардуми Тоҷикистон айёми кишту кор ва дигар корҳои ободонӣ, шинонидани ниҳолу гулбуттаҳо, тоза кардани наҳру ҷўйҳо, покиза кардану ба тартиб овардани манзили зист, оростани кўчаву хиёбонҳо ва намуди идона бахшидан ба шаҳру деҳот оғоз мегардад.

Идома бахшидан ба ин суннатҳои неки аҷдодӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон, таблиғи меҳнату зиндагии солим, густариши рафтору ахлоқи ҳамида, бузургдошти анъанаҳои неки ниёгон, фарҳангпарастиву худшиносӣ, ватандўстиву ифтихори миллӣ ва пешрафту шукуфоии кишвари азизамон мусоидат мекунад.

Мо тасмим гирифтем, ки имсол ҷашни умумимиллии Наврўзро дар водии паҳновари Данғара баргузор намоем, зеро ин водии сабзпўш яке аз пойгоҳҳои муҳими соҳаи кишоварзии мамлакатамон ба шумор меравад.

Аз лиҳози имкониятҳои истеҳсолии худ ин ноҳия метавонад ба макони парвариши зироату ғаллаи фаровон табдил ёфта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон мебошад, саҳми арзанда гузорад.

Имрўзҳо дар саросари ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ авҷ мегиранд ва шубҳае нест, ки мардуми заҳматкаши Данғара бо нерўву илҳоми наврўзӣ ба кору фаъолияти ватандўстонаи худ суръати тоза мебахшанд ва дар фаровонии дастархони мардум ҳиссаи шоиста мегузоранд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар робита ба суннатҳои неки Наврўз мехоҳам ба таври илова хотирнишон намоям, ки онҳо бо ҳадафу ормонҳои волои созандаи халқи мо, хусусан дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – бистсолагии истиқлолияти давлатӣ ҳамоҳангии комил доранд.

Боиси сарфарозист, ки дар як фосилаи кўтоҳи таърихӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа саъю талоши бунёдкорӣ авҷ гирифта, ин раванди нек боиси таҳкими мақому нуфузи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид.

Дар натиҷа мо тавонистем, ки ҳатто дар шароити бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ низ татбиқи ҳадафҳои стратегии худ – бунёди иншооти азими гидроэнергетикиву коммуникатсионӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати миллӣ, аз ҷумла соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллиро идома дода, азму иродаи қавӣ дорем, ки солҳои наздик истиқлолияти энергетикии мамлакатамонро таъмин намоем, Тоҷикистони азизамонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшем ва амнияти озуқавории онро таъмин созем.

Ҳадафҳои стратегии дар ин самтҳо муқарраргардида тақозо менамоянд, ки ҳар як фарди бонангу номуси кишвар бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррўзаи худ табдил дода, бо нерўи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд. Ин рисолати таърихӣ, қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ва фарзи имониву шарти ватандории ҳар яки мост. Аз ин нигоҳ, Наврўзи имсола аҳамияти хоса дорад, зеро таҷлили он дар рўзҳое сурат мегирад, ки халқи ҳимматбаланду бунёдкори мо сохтмони иншоотҳои барои Ватанамон та?дирсозро майдони кору пайкори созанда эълон карда, барои вусъати тоза бахшидан ба бунёди онҳо ҳама чун як тан камари ҳиммат бастааст.

Бовар дорам, ки мардуми меҳанпараст, бунёдкор ва заҳматқарини Тоҷикистон барои расидан ба ин мақсадҳои олии умумимиллӣ нерўи худро дареғ нахоҳанд дошт ва мо бо истифода аз тамоми имкониятҳои молиявию моддӣ, азму иродаи қавӣ ва нерўи тавонои халқи шарафманду ободгарамон ба ин ҳадафҳои воло ноил хоҳем гашт.

Ман ба хиради азалӣ, асолати созандагӣ ва ҳувияти бунёдкории мардуми шарафманди тоҷик эътимоди қавӣ дорам. Ва эҳсос мекунам, ки бо дастгирӣ ва пуштибонии самимонаи шумо кишвари азизу давлати соҳибистиқлоламон сўйи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва ҳама орзую омоли наҷиб ва умеду орзуҳои наврўзии имсолаамон амалӣ мегарданд.

Бо ҳамин эътимоди қавию таманниёти нек бори дигар ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, инчунин ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва меҳмонони олиқадр Наврўзро муборакбод мегўям.

ҳамчунин ба меҳмони олиқадр, Президенти Туркманистон, дўсту бародари азизи ман Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов барои ширкаташон дар маросими ҷумҳуриявии таҷлили Иди байналмилалии Наврўз изҳори сипос менамоям.

Бигзор Наврўзи хуҷастапай дўстии моро боз ҳам пойдору бобақо гардонад!

Бигзор, сарсабзиву шодкомии иди Наврўз ба ҳама пиру ҷавони кишвари азизамон, ҳар як хонадони мардуми тоҷик ва ҳамзабонони хориҷии мо насиб гардад.

Наврўзатон муборак бод!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520