АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Тантанаҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ 27 июни соли 2010 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хорӯғ гузаронида шавад.
2. Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои дар вохӯрӣ бо роҳбарони фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилояти зикршуда рӯзи 20 июли соли 2008 муайяншударо то баргузории Рӯзи ваҳдати миллӣ таъмин намоянд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон
ш.Душанбе
23 июли соли 2008
№ АП-697