Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим

19.07.2008 15:00, ноҳияи Ишкошим

Субҳи рӯзи 19 июл сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ишкошим идома ёфт.

Дар ин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз қисми низомии 2703-и Қӯшунҳои сарҳадии кишвар дидан карда, бо шароити хизматию маишӣ ва вазъи омодагии ҳарбии он шинос шуд. Ба ҳайати фармондеҳӣ ва сохторҳои дахлдори низомӣ низ оид ба омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла баҳри захира намудани озуқаворӣ ва маводи сӯхт, таъмиру тармими хобгоҳҳои сарбозон ва дигар иншооти мавҷуда ва ҳамчунин босамар истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони назди қисмҳои ҳарбӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ба роҳбарияти вилоят ва ноҳия дастур дода шуд, ки ба хоҷагиҳои ёрирасони қисмҳои низомии сарҳадбонон заминҳои иловагӣ ва чорвою парранда ҷудо карда шавад, то ки онҳо тавонанд ҳайати шахсии худро бо маводи ғизоии тару тоза таъмин намоянд.

Дар сӯҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, аз худ кардани нозукиҳои касби марзбонӣ ва муборизаи беамон бо сарҳадшиканону қочоқчиёни маводи мухаддир ҳидоят намуд.
Дар ҷамоати деҳоти Ишкошим Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 100 гектар заминҳои нав обёришуда бори аввал дарвозаи обгузаро кушода, ба истифодабарии онҳо оғоз бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо кишоварзон мужда расонд, ки соли оянда дар ноҳияи Ишкошим бо ҷудо намудани 1 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ боз 120 гектар заминҳои дигар обёрӣ карда мешаванд.

Ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш дода шуд, ки ҳар сол дар ҳудуди вилоят на камтар аз 250 гектар заминҳои нав шодоб карда шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон деҳқонони ноҳияи Ишкошимро ба истеҳсоли бештари картошка ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки майдони кишти он дар ноҳия бояд аз 500 гектар зиёд дар 150 гектари ин заминҳо картошкаи тухмӣ кишт карда шавад. «Замин ва иқлими ноҳияи Ишкошим барои парвариши картошкаи тухмӣ бисёр мусоид аст»,- гуфт Роҳбари давлат. Ин дастур аз ҷониби кишоварзон хуб пазируфта шуд, зеро ки фурӯши картошкаи тухмӣ фоидаи бештар меорад.

Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо дастовардҳои корҳои илмии кишоварзӣ дар парвариши ғалла, картошкаи тухмии бевирус ва сабзавоти барвақтии зери пленка киштшуда шинос шуд.

Олимони пажӯҳишгоҳи биологии «Помир» дар заминҳои таҷрибавии худ оид ба парвариши навъҳои гуногуни ғалладона ва картошкаи тухмӣ гузориш доданд. Роҳбари давлат бо назардошти маблағҳои зиёди ба ин соҳа ҷудошуда олимонро вазифадор намуд, ки ҳар сол на камтар аз як навъи серҳосили ғалладона ва картошка ба кишоварзон пешниҳод намоянд.

Зимни дидан аз заминҳои ғалладона ва картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Исмоилов зикр гардид, ки деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Ишкошим муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба истифодаи пурсамари заминҳои обӣ дастури кори худ қарор дода, баҳри афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар боғи марказии истироҳатии ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 1000 нафар сокинони он мулоқоти судманд анҷом дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Ишкошимро низ аз тӯҳфаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳраманд намуд. Ӯ мужда расонд, ки имрӯз ба ноҳия 50 компютер барои мактабҳо, 2 мошини ёрии таъҷилӣ барои беморхонаи марказӣ ва 4 автобуси мусофирбар барои мардум ҳадя карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳор дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи дуюми соли равон 1 миллиону 350 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва фонди захиравии Сарвари давлат ҷудо карда мешавад. Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта шуда, ду мактаби садамавӣ, беморхонаи марказӣ бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншоот тармиму азнавсозӣ карда мешаванд. Дар зарфи ду соли оянда ду миллион сомонӣ барои азхуд намудани заминҳои нави бекорхобидаи ноҳияи Ишкошим ҷудо мегардад. Таъкид гашт, ки дар солҳои наздик дар ҳудуди ВМКБ 15 ҳазор гектар заминҳои нав бо маблағҳои мутамаркази ҷумҳуриявӣ шобод карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520