Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа

19.07.2008 19:00, ноҳияи Роштқалъа

Нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъа ташриф овард.

Дар ин ноҳия сафари корӣ бо шиносоӣ бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳиявӣ, ки ба наздикӣ мавриди таъмири асосӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ қарор гирифта буд, оғоз ёфт. Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки беморхона бо 237 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ таъмир ва бо таҷҳизоти муосири ҷарроҳӣ, ултрасадо, ташхиси дил ва ғайра муҷаҳҳаз гаштааст.

Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа расман ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати сохтмони анҷомёфта изҳори норозигӣ карда, ба масъулин баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани корҳо ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои ҷудогашта супоришҳои қатъӣ дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зери пояи бинои ояндаи «Амонатбонк» санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро гузошта, ба бунёди он оғози расмӣ бахшид.

Таъкид гардид, ки сохтмони он бо сифати баланд дар зарфи як сол анҷом меёбад ва хизматрасонии бонкӣ ба аҳолии ноҳия беҳтар мегардад.

Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия бо вохӯрии пурсамари ӯ бо сокинони ноҳия анҷом ёфт, ки дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Роштқалъа баргузор гашт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи кӯмаку дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми фарҳангпарвари ноҳияи Роштқалъа 4 мошини ёрии таъҷилии тиббӣ, 4 автобуси мусофирбар ва 42 компютер тӯҳфа намуда, изҳор дошт, ки барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоии ноҳия то охири соли равон 1 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағҳои иловагӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо мегардад. Бо ин маблағҳо як мактаби нав сохта ва як мактаби садамавӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ таъмиру азнавсозӣ карда мешаванд. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин варзишгоҳи марказии нимсохти ноҳия бо курсиҳои болопӯши пластикӣ ва дигар шароити зарурӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ таъмин мегардад.

Зикр гардид, ки чанд рӯз пеш дар деҳаи Ангинаи ноҳияи Роштқалъа як сехи коркарди Лоҷувард ва дигар сангҳои қиматбаҳо бо 19 ҷойи корӣ ба кор дароварда шуд. Шумораи коргарон ба наздикӣ то ба 40 нафар расонда мешавад. То охири сол боз ду сехи коркарди сангҳои қиматбаҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим низ ба кор дароварда мешаванд.

Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки баҳри азнавсозии роҳҳои мошингарди Роштқалъа - Хоруғ ва Ишкошим - Хоруғ чораҳои таъхирнопазир андешад. Ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва саноат ва ҷамъияти Тоҷикматлуботи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки дар ноҳияи Роштқалъа яктогӣ сехҳои дӯзандагӣ ҳар яке бо 30 ҷойи корӣ сохта ба истифода диҳанд.

Роҳбарияти ноҳияҳои ВМКБ вазифадор карда шуд, ки лоиҳаҳои нақшаҳои генералии марказҳои ноҳиявиро баҳри ободонии минбаъдаи онҳо таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520