Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

02.06.2023 13:28, Қирғизистон
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров  02.06.2023

2 июни соли 2023 дар шаҳри Чолпон-Ата Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.

Сарони давлатҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва ғайра баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом доданд.

Дар мулоқот ба масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров аз натиҷаҳои охири мувофиқаи хати лоиҳавии сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба дарозии тақрибан 626 километр, ки 102 километри он дар 1,5 соли охир тасвир шудааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар баробари ин аз талошҳои муваффақонаи идома додани музокирот ва қабули қарорҳои дахлдор дар асоси эҳтиром ва эътимоди мутақобила изҳори ҷонибдорӣ карда шуд.

Сарони давлатҳо муҳимияти нигоҳ доштани риштаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавориии ду мамлакатро бори дигар тасдиқ карда, ҷонибдории худро барои ҳалли ҳама масъалаҳои мавҷуда танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ изҳор намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520