Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллер

16.07.2008 14:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Тоҷикистон Райнер Мюллерро бинобар анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории имрӯза ва ояндаи Тоҷикистону Олмон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Райнер Мюллер барои фаъолияти босамари дипломатиаш дар Тоҷикистон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кӯмакҳои беғаразона ва дастгирии пайваста, аз ҷумла баҳри маблағгузории лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳи 220 киловолтаи барқтақсимкунӣ дар шаҳри Норак арзи сипос намуд.

Райнер Мюллер изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Федеролии Олмон чун шарики боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупои Ғарбӣ минбаъд низ барои густариши муносибатҳои судбахши ду кишвар ҷаҳду талош мекунад ва худи ӯ низ саҳми арзандаашро дар ин кор дареғ нахоҳад дошт.

Аз сатҳ ва натиҷаи санҷиши (экспертизаи) байналмилалии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи обии барқӣ дар болои дарёи Зарафшон, ки аз ҷониби коршиносони олмонӣ гузаронда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро ки тибқи хулосаи онҳо сохтмон ва фаъолияти нерӯгоҳҳои обӣ дар болои ин рӯд ҳеҷ таъсири манфӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон намерасонад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҷалби сармояи доираҳои соҳибкории Олмон ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520