Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Абуталип Ахмедов

16.07.2008 13:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Қазоқистон дар Тоҷикистон Абуталип Ахмедов эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Абуталип Ахмедов, ки баъди супурдани эътимоднома баргузор гашт, масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръати муносибатҳои ду кишвари бародар изҳори қаноатмандӣ карда, онро асосан самараи равобити пайваста дар сатҳу зинаҳои гуногун, аз ҷумла дар сатҳи сарони ду давлат маънидод кард.

Қаноатмандӣ ҳамчунин аз кори беш аз 50 адад корхонаҳои муштараки ду кишвар дар Тоҷикистон ва болоравии мубодилоти молу маҳсулот изҳор карда шуд, зеро ҳаҷми додугирифт дар зарфи 5 соли охир 3 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2007 ба 343,7 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Таъкид гардид, ки сохторҳои нав таъсисёбанда - Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Фонди муштараки инвеститсионии Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд дар густариши ҳамкориҳои ду кишвар нақши муҳим дошта бошанд.

Ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ, саноати кӯҳӣ, сохтмон ва азнавсозии роҳи оҳан ва мошингарди Тоҷикистон-Қирғизистон-Қазоқистон ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520