Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар ҷашни Наврӯз

21.03.2008 14:00, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Мӯҳтарам намояндагони мардуми сарбаланди вилояти Суғд!

Таҷлили бузургтарин ҷашни миллии аҷдодиямон- Наврӯзи Бузург бо шукӯҳу шаҳомат ва нишоту азамати идона имсол дар шаҳри бостонии Хуҷанд, ки яке аз гӯшаҳои ободи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, баргузор мегардад.

Дар ин лаҳзаҳо шодиву хурсандии Наврӯзӣ дар дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои сарзамини бостониамон низ оғоз шудаанд.

Воқеан, Наврӯз сазовориву шоистагии ҳама гуна хушҳоливу шодиро дорад. Чунки бузургони гузаштаи мо дар ин маврид гуфтаанд: «Ҳар кас, ки талаби Наврӯз кунад, ба хуррамиву ободӣ ва шодиву нишот бирасад».

Ҳоло бо камоли ифтихору шодмонӣ аз ин майдону минбари идона тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамаи ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳар кадоми шумо - ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ, яъне Наврӯзи муборакқадам ва хуҷастапай самимона табрик мегӯям.

Наврӯз таърихи бедор ва дар айни замон нишонаи равшани бедории таърихи миллати мо мебошад, ки аз замони Ҷамшеди Пешдодӣ шурӯъ мегардад.
Наврӯз – нахустин рӯзи фарвардин - моҳи аввалини солшумории шамсӣ ва аз ин сабаб сари сол ва пешонии сол буда, аз қаъри ҳазорсолаҳо бо ойину суннатҳои неку писандидааш ҳамчун ёдгори ҷовидонаи ниёгони ориёиамон то рӯзгори мо расидааст.

Зеро он дар баробари ин, ки оғози эҳёи табиат, айёми эътидоли баҳорӣ, рӯзи фарорасии соли нав ва оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, инчунин масъалаҳои маърифатию фалсафӣ, ҷаҳоншиносӣ, арзишҳои волои ахлоқӣ, покиву порсоӣ, некиву накӯкорӣ ва адлу ростиро низ дарбар мегирад.

Ҷавҳар ва ҳикмати Наврӯз илова бар арзишҳои зикршуда ҳамчунин ифодагари ормонҳои муқаддас ва неки миллӣ, аз қабили эҳсоси гарми муҳаббат ба марзу буми аҷдодӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватанпарастии мардуми мо мебошад.

Ва мо аз ҷумлаи миллату мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннати деринаро бо маъниву мӯҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рӯҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем.

Ба ин маънӣ, дар миёни ҳамаи ҷашнҳои шодиву сурури халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон, ки аз замонҳои дур то ба имрӯз эътибор ва манзалати иҷтимоии худро нигоҳ доштаанд, Наврӯз шояд муҳимтарин ҷашнест, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди дар давоми асрҳо дар сари роҳи он эҷодшуда тамоми зебоиву хубиҳои он ба шарофати гузаштагони фарҳангдӯстамон то замони мо ҳифз шудаанд.

Бояд зикр кард, ки ниёгони хирадманди мо расму оинҳои наврӯзиро, ки аз баробар шудани шабу рӯз ва эҳёи табиат оғоз меёбанд, ба хотири бузургдошти робитаи инсони созанда ва табиати зинда, инчунин арҷгузорӣ ба ғояҳои инсонпарваронаи миллӣ ва умумибашарӣ ҳифз кардаанд.

Масалан, бино ба қавли муаррихон «дар тахти Ҷамшед дар рӯзи эътидоли баҳорӣ, яъне оғози соли нав маросиме баргузор мешуд, ки ӯ намояндагони ҳар қавму миллатро ба ҳузур мепазируфт ва бо онҳо сӯҳбати шодиву хушҳолиро гарм медошт».

Маросими баргузории ҷашни Наврӯз ва ба ҳузур пазируфтани намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар деворнигораҳои Тахти Ҷамшед то имрӯз побарҷо буда, намунаи олии инсондӯстии ниёгони хирадманд ва фарҳангпарвари мо мебошад.

Дар гузашта маросими суннатҳои Наврӯз шаш рӯз идома ёфта, аз ду қисм, яъне Наврӯзи хурдак ва Наврӯзи Бузург иборат будааст.

Дар ин бобат муаллифи «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» чунин хабар медиҳад: «Рӯзи аввали фарвардин, ки расидани офтоб ба бурҷи Ҳамал аст ва ибтидои баҳор аст ва инро Наврӯзи кӯчак ва Наврӯзи омма ва Наврӯзи сағир гӯянд ва низ шашуми фарвардинмоҳро Наврӯзи Бузург ва Наврӯзи хоса гӯянд».

Яъне Наврӯзи омма аз панҷ рӯз иборат буда, Наврӯзи Бузург як рӯзро дарбар мегирифтааст. Дар шарҳи ин матлаб Абӯрайҳони Берунӣ менависад: «Ойини подшоҳони Сосон дар панҷ рӯзи аввали фарвардин, яъне Наврӯзи омма чунин буд, ки шоҳ ба рӯзи аввал Наврӯзро ибтидо мекард ва оммаро ба ҳузур мепазируфт ва бо онҳо ҷашн мекард.

Дар рӯзи дувум деҳқонон ва аҳли оташкадаҳо, рӯзи сеюм паҳлавонон ва мӯбадони бузург, рӯзи чаҳорум аҳли хонавода ва наздикону хосони худ ва рӯзи панҷум писар ва наздикони хешро мепазируфт».

Ва яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ дар гузашта чунин будааст, ки бомдоди рӯзи аввали моҳи фарвардин мардум ба ҳамдигар об мепошидаанд ва шакар ҳадя мекардаанд.

Тибқи фарҳанги гузаштаи мо суннати об пошидан бо нияти бахти сафед ва покизагиву оромии рӯҳу ҷисм сурат гирифта, ҳадяи шакар маънои ширин кардани даҳонро доштааст, ки аз ин Наврӯз то Наврӯзи дигар қалбҳо аз кинаву кудурат пок ва комҳо ҳамеша ширин бошанд.

Ниёгони мо баъди адои ин суннатҳо ба таҳияи хони наврӯзӣ, яъне ҳафтшин ва ҳафтсин мепардохтанд ва дар наврӯзгоҳҳо ҳамчун рамзи хуршеди оламафрӯз оташафрӯзиҳои бузург баргузор мекарданд.

Ромишгарону муғанниён навоҳои «Сабз дар сабз», «Наврӯзи хоро», «Наврӯзи рост», «Наврӯзи Бузург»-ро менавохтанд ва шодиву нишоти идонаро бо ҳамдигар тақсим мекарданд.

Имрӯз низ мардуми мо суннатҳои аҷдодӣ ва расму оинҳои наврӯзиро пос медоранд ва бо ҳафтшину ҳафтсин хони наврӯзӣ мекушоянд, занону духтарон суманак ва дигар хӯрданиҳои баҳорӣ мепазанд ва дар гирди оташи фурӯзон бо суруду таронаҳои наврӯзӣ шодиву хурсандӣ мекунанд.

Ба шарофати истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки ба ин иди мубораки миллиамон шукӯҳу шаҳомати хоса ва ҳусну таровати нав бахшидааст, дар идгоҳҳо мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, аспдавонӣ ва дигар навъҳои қувваозмоии паҳлавонон, сабқати кӯдакону наврасон, инчунин таронахониву рақсу бозиҳои мухталиф баргузор мегарданд.

Ҳамзамон бо ин, бояд гуфт, ки истиқболи гарми Наврӯзи фархундапай ҳамчун ҷашни бузургу муқаддаси умумимиллӣ, ки рамзи ҳувият ва ифтихори миллии мардуми шарифи диёрамон мебошад, меҳри Модар ва Ватани азизро дар дили ҳар як фарди ватандор бедор месозад.

Яке аз маросимҳои муҳимтарини Соли нави миллии мо аз қадим то имрӯз ин аст, ки Бобои деҳқон заминро шудгор карда, бо нияту орзуҳои нек донаи гандум кишт мекунад, то барои ҳосили фаровон ва баракати сол замина гузорад.

Вобаста ба наврӯзи кишоварзон мехоҳам аз таърихи сарзаминамон мисолеро ёдовар шавам: соли 1982 як гурӯҳ бостоншиносон аз минтақаи Саразми шаҳри Панҷакент деворнигораеро пайдо карданд, ки ба асри ҳафтуми мелодӣ тааллуқ дорад; дар он мӯйсафеди нуроние акс ёфтааст, ки рӯи тахт нишаста ва ба пуштаи бузурги ғалла такя дорад.

Дар қисмати дигари ин тасвир чанд нафар кишоварзон ба назар мерасанд, ки ба бор кардани ғалла машғул ҳастанд. Дар гӯшаи дигар марде ба ҳисобу китоб банд буда, инчунин гурӯҳи ҷавонон ба таҷлили ҷашн оғоз кардаанд.

Мувофиқи шарҳи мутахассисон дар ин деворнигора Бобои деҳқон ва гурӯҳи кишоварзон ҳангоми таҷлили ҷашни Наврӯз ва омода сохтани замин барои киштукор тасвир шудааст, ки лаҳзаи меҳварии соли кишоварзиро ифода месозад.

Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми мо аз қадимулайём омадани баҳор ва фарорасии Наврӯзро бо корҳои кишоварзӣ ва ободонӣ оғоз мекардаанд.

Ва бунёди Боғи Ваҳдат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дирӯз мо ҳама дар он ҷо ҳузур доштем, низ идомаи суннатҳои неку писандидаи ниёгонамон мебошад, ки насл ба насли халқи моро ба ободкориву созандагии сарзаминамон талқин месозанд.

Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, чанде пештар дар ҷаласаи Ҳукумат ба роҳбарону мутахассисони ҳамаи сатҳҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин ба мардуми шарифи кишвар муроҷиат карда будам, ки дар шароити болоравии мунтазами нархи маҳсулоти хӯрока дар бозорҳои ҷаҳонӣ таъмин кардани амнияти озуқавории мамлакат ҳарчанд ки ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст, вале аз ҳар як роҳбару мутахассис ва умуман аз ҳар фарди бонангу номус истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираву имкониятҳо ва сафарбар намудани тамоми кӯшишу ғайратро ҷиддан тақозо дорад.

Барои ҳар яки мо бояд афзоиши нархи маводи хӯрока, ки охири тобистон ва тирамоҳи соли гузашта воқеъ шуд, инчунин азобу мушкилоти зимистони имсола сабақи ҷиддӣ ва омӯзанда бошад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб, бори дигар ба ҳамаи шумо – ҳозирини гиромии ин наврӯзгоҳи бузург ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, таъкид месозам, ки ҳар як рӯзи мусоидро ғанимат дониста, дар мавсими киштукор кӯшишу талош намоед, то ягон ваҷаб замини корам холӣ намонад.

Шароит талаб мекунад, ки дар заминҳои обӣ ва дар ҳамаи ҷойҳое, ки имконият ҳаст, рӯёнидани ду ҳосилро барои худатон таъмин намоед.

Илова бар ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо хотирнишон месозам, ки дар суханронии худ дар маҷлиси ҷамъбасти соли 2007 давраи соли 2008 – 2010-ро марҳалаи аз бӯҳрон баровардани соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ эълон карда будем.

Мо ҳамчун ворисони аҷдоди номдори худ, ки дар саргаҳи маданияти заминдорӣ қарор доштанд, набояд як ҳикмати бузурги халқамонро фаромӯш кунем: ризқу рӯзии мо дар замин аст ва кушояндаи тамоми мушкилотамон низ замин мебошад.

Дӯстони азиз!

Соли ҷорӣ бо ҷашнҳо ва чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, аз ҷумла ҳабдаҳсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли забони тоҷикӣ, ҳазору яксаду панҷоҳсолагии султони шоирони Аҷам устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Анҷумани ҳафтуми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон барои мардуми мо аҳамияти бузурги таърихӣ дорад.

Ҳадаф ва нияти мо аз баргузории чорабиниҳои зикршуда дар навбати аввал боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ, ки бузургтарин дастоварди истиқлолияти давлатист, баланд бардоштани эҳсоси гарми миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ, пос доштани арзишҳои ҷовидонаи милливу фарҳангӣ, арҷгузорӣ ба забони шево, ширин ва шоиронаи тоҷикӣ ва шеъри оламгири тоҷикон мебошад.

Барои дар сатҳи аъло баргузор гаштани чорабиниҳои дарпешистода ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпарвар пеш аз ҳама бо иштироки фаъолонаи худ бояд дар амри хайри ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиямон-Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорад.

Дар охир ҳамаи шумо – ҳозирини ин наврӯзгоҳи бузурги Ватанамон ва тамоми мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистонро бори дигар ба ифтихори Наврӯзи ҳумоюнқадам ва хуҷастапай табрик гуфта, бароятон хонаи обод, саодати рӯзгор ва файзу баракати ҳамешагӣ орзу менамоям.

Омадани баҳор ва Наврӯзро ба ҳамаатон аз забони Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муборак мегӯям:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тииб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Бигзор Наврӯзи имсола оғози марҳалаи тозаи ободкориву созандагиҳои мардуми фарҳангиву тамаддунсоз ва сарзамини қуҳанбунёди мо бошад!

Бигзор Наврӯзи хуҷастапай ва ҳумоюнқадам ба ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон шодиву хуррамӣ ва хушбахтии доимӣ оварад!

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520