Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбил

10.07.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зарораҳмад Муқбилро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байни сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷӯҳи махсус ба муборизаи муштарак бо терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирӣ аз истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Афғонистон ва дигар мавзӯъҳо зоҳир гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни вохӯрӣ изҳор дошт, ки кишвараш бовуҷуди дар марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангӣ қарор доштанаш ба муқобили кишт ва парвариши маводи нашъаовар, инчунин гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муборизаи беамон мебарад. Агар соли гузашта дар натиҷаи амалиёти дастҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон 150 тонна маводи нашъаовар аз муомилот боздошта шуда бошад, пас ин рақам фақат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 250 тонна баробар шудааст. Дар соли гузашта ҳангоми ифои вазифа 1119 корманди мақомоти корҳои дохилаи Афғонистон ба ҳалок шудаанд, ки аз ин шумора дар амалиётҳои зидди парвариш ва қочоқи маводи мухаддир 87 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Умуман соле дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 11- 12 ҳазор ҷиноят содир карда мешавад, ки теъдоди он сол то сол дар ҳамдасти бо қувваҳои колоатсионӣ кам карда мешавад. Дар вохӯрӣ мубодилаи иттилооту таҷриба ва ҳамгироию дастгирии байниҳамдигарии сохторҳои марбутаи ду кишвари ҳамсояву ҳамзабон аз омилҳои муҳими таҳкими амнияту суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сохторҳои қудратии ҳар ду давлати ҳамсоя дар оянда низ муштаракан бар зидди ҳар гуна ҷиноятҳои ба амнияти дохилӣ ва минтақа хавфу хатар дошта муборизаи беамон хоҳанд бурд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520