Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ

05.07.2023 07:11, ноҳияи Айнӣ
Ифтитоҳи Беморхонаи минтақавии № 2-и деҳаи Урметани деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ  05.07.2023

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои бунёдӣ дар бинои беморхона моҳи октябри соли 2017 оғоз гардида, он аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайян бо тарҳу намои зебо мавриди истифода қарор дода шуд.

Муассисаи навбунёди тандурустӣ дорои 2 ошёна ва таҳхона буда, аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ҳуҷраи хатнаи кӯдакон, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, бемориҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Беморхона дорои 90 ҳуҷра аст, ки дар онҳо шароити арзандаи кору фаъолият ва хизматрасонии тиббӣ муҳайё карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил ва дигар технологияи муосири ташхису табобат имкон медиҳад, ки ба сокинон хизматрасонии босифати тиббӣ расонида шавад.

Дар беморхонаи тозабунёд барои ба табобат фаро гирифтани беморон 45 кати хоб мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави беморхонаи минтақавӣ шумораи кормандон аз 35 ба 80 ва қабули беморон бошад, ба 100 нафар расид.

Сохтмони бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз иқдому ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, тариқи он ба 25 ҳазор сокинони 7 деҳа хизмати босифати тиббӣ расонида мешавад.

Тибқи лоиҳа Маркази саломатии деҳаи Урметан дар таҳхонаи бинои Беморхонаи минтақавӣ ҷойгир карда шудааст, ки он дорои шароити хуби корӣ мебошад.

Беморхонаи минтақавии деҳоти Урметан аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷикэлитсохтмон” сохта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхонаи мазкур, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани чунин бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти Урметан муҳиму саривақтӣ маънидод намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520