Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

07.07.2008 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат масоили омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, таҷлили солгарди 17-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон, 1150-солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ, Cоли забони тоҷикӣ, рафти татбиқи нишондодҳои муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Ҳукумат ва мардуми кишвар оид ба таъмини амнияти оуқаворӣ, тезондани ҷамъоварии ҳосили ғалладона, вусъат додани кишти такрории заминҳои обӣ, ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола ва масъалаҳои омодагӣ ба зимистони солҳои 2007-2008 баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масоили мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ба масъулин баҳри ривоҷ додани корҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Оид ба ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва гузарондани кишти такрорӣ гузориши Вазири кишоварзӣ ва раисони ноҳияҳои атрофи пойтахт шунида шуд. Зикр гардид, ки то имрӯз дар 45 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронда шуда, дар заминҳои боқимондаи обӣ ин кор муташаккилона идома дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки оид ба рафти кишти такрорӣ ҳар ҳафта ба ӯ ахборот пешниҳод карда шавад.

Оид ба натиҷаҳои нимсолаи фаъолияти хоҷагии халқи кишвар зикр гардид, ки афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 5,8 дар садро ташкил дод. Буҷети давлатӣ ба андозаи 117,2 дар сад иҷро шуда, ҳаҷми он ба 1 миллиарду 655 миллион сомонӣ расид, ки ин нисбат ба нақша 243 миллион ва нисбат ба соли гузашта 573 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар мавриди омодагӣ ба зимистон таъкид гардид, ки захиракуниии маводи сӯхту озуқаворӣ ва кушодани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ муташаккилона ба роҳ монда шудааст. То охири сол дар ҳудуди ҷумҳурӣ 25 нерӯгоҳи хурди обӣ сохта ба кор дароварда мешавад, ки барои таъмини аҳолии деҳот бо нерӯи барқ дар фасли зимистон хеле муҳим аст.

Дар назди роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулин оид ба таҷлили иду ҷашнҳои номбурда, ки дар ҳаёти фарҳангии кишвар ва тарбияи ҳисси ватандӯстию хештаншиносии мардум аҳамияти бағоят зиёд доранд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520