Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ҷашни Наврӯзи Душанбе

21.03.2007 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз !
Ҳозирини гиромӣ !

Ҳамаи шумо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии соли нави аҷдодӣ- Наврӯзи фаррухпай, ки ба қадами хуҷастааш ба табиати зебои сарзамини хуршедиямон муждаи тоза ва ҳусни нав, ба хонадони мардумамон файзу баракат ва шодиву нишот, ба дили пиру ҷавон умеду орзуҳои наҷиб меорад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тани сиҳат, хотири ҷамъ, саодати рӯзгор ва барори кор орзу менамоям.

Воқеан, ҷашни Наврӯз аз замони пайдоишаш то имрӯз, моломоли зебоиву накӯӣ буда, бузург доштани инсону табиат ва сифатҳои эҳёгарӣ ҷузъи ҷудонапазири он будааст. Бинобар ин, фасли баҳорро арӯси сол ва Наврӯзро зебу ҷалоли он гуфтаанд.

Ниёгони соҳибмаърифати мо дар ин рӯзи нав нахуст оташ меафрӯхтанд, зеро он нишонаи ҳаёт ва рамзи офтоби оламафрӯз аст. Бо фурӯзон кардани оташ дилу нияти худро равшанӣ мебахшиданд ва рӯзгорашонро бо ростиву накӯкорӣ, сулҳу сафо, озодагиву зебоипарастӣ ва инсондӯстиву созандагӣ ороста медоштанд.
Ба таъбири дигар онҳо Наврӯзро ҳамчун муждаи аввалин баҳори хуҷастапай, эҳёи табиат, бедоршавии замин ва оғози киштукор истиқбол мегирифтанд ва гиромӣ медоштанд. Ин амал пеш аз ҳама шӯълаи меҳру муҳаббатро дар дил мепарварад ва ғубори кинаву кудуратро аз байн мебарад.

Махсусан ёди гузаштагон, эҳтироми бузургсолон, авфи гуноҳ, тозаву озода кардани хона ва ашёи рӯзгор, обод кардани маҳалли зист, пошидани тухми умед ба замин, шинондани ниҳол, ба тартиб овардани роҳу пулҳо, зиёрати пирони барнодил, ранҷурону беморон, хайру сахо ба шахсони бепарастор, оилаҳои камбизоат ва ятимону маъюбон, аз ҷумлаи анъаноти нек ва суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷам маҳсуб меёбад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Наврӯз на танҳо ҷашни баҳор, балки тарғибгари беҳтарин суннатҳои воло, фарҳанги барҷастаи инсонӣ ва саршори ормонҳои наҷиби башардӯстӣ мебошад.

Дар асотири қадимаи тоҷикон сабт гардидааст, ки Худованди якто ҷаҳонро дар муддати шаш рӯз офарида ва рӯзи шашум ба нахустин рӯзи фарвардин рост омадааст. Ба ин хотир Наврӯзро далели пайдоиш ва офариниши ҷаҳон донистаанд.

Мардуми ориёӣ ин шаш рӯзи муборакро ҳамчун аркони муқаддас то кунун истиқбол мегиранд ва ҷашни Наврӯзи Бузург низ аз панҷ шашрӯза иборат аст, ки дар навбати худ ҳар рӯзи он ба худ номи алоҳидае дорад. Яъне Наврӯзи Хурдак шаш рӯз аст, ки ба фосилаи рӯзҳои асотирии офариниши ҷаҳон баробар меояд.

Онҳо дар хонаҳову даштҳо гулхани наврӯзӣ афрӯхта, бо паёми писандидаи "пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек" дилҳоро сурур мебахшанд, инчунин сабқати ҷавонмардиву паҳлавонӣ меороянд ва ойину суннатҳои писандидаи Наврӯзи Аҷамро азизу гиромӣ медоранд.

Аксари таърихнигорон ва донишмандон бар он ақидаанд, ки асосгузори Наврӯз Ҷамшеди пешдодӣ аст. Аз он рӯзгор базмҳову ҷашнҳои пуршукӯҳу ҷалол ба ёдгор мондаанд, ки саодату сафои он ҳама то имрӯзу фардо равшангари дилҳои башарият ба шумор мераванд ва суннатҳои созандаи Наврӯз, аз қабили ҳамраъйиву ҳамдастӣ ва дӯстиву бародариро гарм пазироӣ менамоянд.

Бузургони адабиёти оламшумули тоҷик, бахусус олимону шоирон дар рисолаву таълифоти илмӣ ва ашъору осорашон асрори ҳикматҳои Наврӯзро таъбир ва васф кардаанд.

Ин анъана аз аҳди бостон аз китоби Авасто ибтидо гирифта, дар шоҳасарҳои суханварони бузург ва рисолаҳои арзишманди донишмандони маъруф - Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абдулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Мӯсои Кисравӣ, Умари Хайём ва минбаъд низ идома ёфтааст.

Ниёгони мо расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин, оростани дастурхони наврӯзӣ, суманакпазиҳои занону духтарон, рақсу суруди гирди оташи фурӯзон, сурудҳои Фалаку Шашмақом, ҷуфтронии деҳқонон, гуштинггириву аспдавонии паҳлавононро гиромӣ доштаанд, ки то замони мо омада расидааст.

Мо ворисони тамаддуни ориёӣ баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин суннати писандидаро аз нав эҳё намуда, Наврӯзро ба иди умумимиллӣ ва умумидавлатӣ табдил додем, ки ин суннати нек дар таҳкими пояҳои давлатдории навини миллатамон, тақвияти худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдат ва болоравии ифтихори миллии мардум нақши босазо гузошт.

Бояд зикр кард, ки яке аз суннатҳои маъруфи наврӯзӣ ба ёд овардани нақшаву корҳои аз Наврӯзи пешин то Наврӯзи навин ба анҷомрасида ва тарҳрезии ҳадафҳои нав мебошад.

Аз ин рӯ, агар мо ба роҳи тайкардаи ҷомеи Тоҷикистон аз Наврӯзи соли 2006 то имрӯз назар афканем, мебинем, ки дар ин муддат як силсила пешравиҳои назаррас ба вуқӯъ омадаанд.

Дар марҳалаи кунунӣ мақсади асосӣ ва ниҳоии Ҳукумат баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Итминони комил дорам, ки барои расидан ба ин ҳадаф ва баҳри ободиву шукуфоии Ватани азизамон фарзандони баору номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо минбаъд низ бо дасту дили гарм фидокорона заҳмат мекашанд.

Зеро Ватан барои ҳар фарди кишвари мо муқаддас аст ва дар урфият онро "як рукни имон" гуфтаанд.

Наврӯз ҷашни озодагӣ ва озодагон аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо фаро расидани баҳор ба кишту кори баҳорӣ шинонидани ниҳолҳои гуногун, тоза кардани ҷӯйбору корезҳо ва ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва ҳар ваҷаб хоки диёри зебоманзарамон шурӯъ менамоянд.

Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвар ва худогоҳу ҳимматбаландро водор месозад, ки ақаллан як ниҳол шинонад, табиатро сарсабзу зеботар намояд, кӯчаю хиёбон, ҷои кор ва гузару маҳалли зисти худро ба тартиб орад, хулоса дар ҷабҳаи ободонии Ватан ва диёри азизамон саҳмгузор бошад.

Ӯмедворам, ки Наврӯзи имсола ба мардуми бунёдкор ва меҳнатқарини кишварамон бахту саодат ва файзу баракати тоза меоварад.

Ҳамаи шуморо бори дигар бо фарорасии Наврӯзи Бузурги Аҷам - соли нави аҷдодӣ табрик гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаободӣ ва комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Наврӯзи фархундапай ва ҳумоюнқадам ба ҳар кадоми шумо хуҷаста бод ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520