Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэ

04.07.2008 20:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзин Чэн Тсзинхэро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои истихроҷи тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар конҳои Тарор ва Ҷилави минтақаи Зарафшон баррасӣ шуд.

Чэн Тсзинхэ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои анҷомдодаи корпоратсияи мазкур, ки дар ҷойи собиқ корхонаи муштараки Зарафшон як сол боз ба кор шурӯъ намудааст, гузориш дод.

Таъкид гардид, ки дар ин муддат корхона тамоми қарзҳои худро соф намуда, баҳри азнавсозии техникию истеҳсолӣ корҳои зиёд анҷом додааст. Дар натиҷаи ин имрӯз корхона аз ҳолати бӯҳронӣ баромада, фоидаовар гаштааст.

Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг, ки соли гузашта 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки Зарафшонро харида, дар заминаи он корпоратсияи кӯҳӣ-саноатии Тсзитсзинро таъсис додааст, барои азнавсозии техникию истеҳсолии он дар зарфи як сол беш аз 18 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, аз ҷумла қариб 15 адад техникаи вазнини карйерӣ харидорӣ намудааст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки корпоратсияи мазкур нақша дорад, ба истихроҷи тилло, нуқра ва мис дар Тоҷикистон беш аз 100 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти таҷрибаи калон ва эътибори ҷаҳонии ширкати Зиҷинг Майнинг изҳори боварӣ намуд, ки дар зарфи ду-се соли оянда истихроҷи металҳои қиматбаҳо дар ин ҷо ба маротиб зиёд мешавад.

Чэн Тсзинхэ Эмомалӣ Раҳмонро бовар кунонд, ки метавонад истихроҷи солонаи тиллоро баъди як сол ба 2 тонна ва то соли 2010 ба 3 тонна расонда, истихроҷи нуқра ва мисро низ афзун намояд ва шароити иҷтимоии коргаронро ба сатҳи зарурӣ баланд бардорад.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки аз оғози кори ширкати чинӣ дар ин ҷо вазъи иҷтимоии коргарон низ хеле беҳтар гаштааст. Айни ҳол маоши миёнаи онҳо наздики 600 сомониро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин ба ҳамаи онҳо хӯроки гарм ва ҳар моҳ як халтагӣ орд дода мешавад.

Хотиррасон карда шуд, ки Ширкати чинии Зиҷинг Майнинг дар истихроҷ ва коркарди тилло ва дигар маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷойи аввал қарор дошта, ҳаҷми умумии сармояаш 3,8 миллиард ва саҳмияҳояш 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Қобили таъкид аст, ки тибқи мувофиқаи тарафҳо тамоми металҳои қимматбаҳои истихроҷшаванда барои ғанӣ гардондани захираи тиллоию асъории давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520