Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча

03.07.2008 18:50, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енчаро ба ҳузур пазируфт.

Роҳбари марказ, ки дар таърихи Созмони Милали Муттаҳид нахустин муассисаи минтақавии он оид ба дипломатияи пешгирикунанда аст, ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳадафу вазифаҳои ин сохтори навтаъсис ахборот дода, изҳори умед намуд, ки марказ бо мусоидат ва дастгирии роҳбарияти давлатҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба бартараф намудани мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дастёб шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон устуворию пайвастагии мавқеъи Тоҷикистонро дар таҳкиму густариши ҳамгироии минтақавӣ таъкид намуда, изҳор дошт, ки кишвари мо баҳри ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳадафмандона кӯшиш мекунад.

Ҳаллу фасли масоили истифодабарии босамари захираҳои обӣ, тавсиаи ҳамкории иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи кишварҳои минтақа аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ баҳри татбиқи ҳадафҳои судманди ба манфиати кулли мардумони минтақа равонагашта ҳамкории мустаҳкам ба роҳ мемонанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520