Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкин

01.07.2008 10:30, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Маъмурияти Президенти Федератсияи Россия Сергей Нарышкинро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1-ро самараи хуби ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия маънидод карда, изҳори боварӣ намуд, ки чунин ҳамгироии мутақобилан судманд минбаъд низ бемайлон идома хоҳад ёфт.

Ҷонибҳо оид ба тафсилоти ҳамкориҳои ду кишвар дар татбиқи дигар лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ ва истихроҷу коркарди нафту гази Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Таъкид гардид, ки баъди анҷоми сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 техникаю таҷҳизот ва кормандону мутахассисони он метавонанд ба бунёди нерӯгоҳи Роғун сафар карда шаванд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба раванди ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520