Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

10.08.2012 18:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африкаи Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта эътимоднома қабул намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз қабули эътимоднома аз сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои Туркманистон, Япония, Фаронса, Руминия, Африқои Ҷанубӣ ва Ордени Мухтори Малта ҳамаи онҳоро бо оғози иҷрои ин вазифаи муҳим дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти пурсамари дипломатиашон ба рушду таҳкими муносибатҳои воқеан дӯстона ва ҳамкории судманди гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

Эмомалӣ Раҳмон Туркманистонро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил номида, изҳори итминон намуд, ки муколамаи сиёсии доимии ду кишвар дар рафти сафари қарибулвуқуи Президенти Тоҷикистон ба Ашқобод идомаи бофайз хоҳад ёфт.

Аз раванди густариши муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса, Япония, Руминия ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ низ изҳори қаноат карда шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла доир ба дастгириҳои пайвастаи Япония аз рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон чунин гуфт: «дар давоми бист соли истиқлолият мо дастгириву мусоидати беғаразонаи ҷомеа ва давлати Японияро пайваста эҳсос мекардем ва онро ҳамеша қадрдонӣ менамоем».

Барои рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Африкаи Ҷанубӣ, қабл аз ҳама, тавсеаи заминаи меъёрию ҳуқуқии он зарур шумурда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ордени Мухтори Малта дар арсаи байналмилалӣ, ки дар пояи принсипҳои ғайрисиёсии гуманитарӣ ва бетарафӣ асос ёфтааст, баҳои баланд дода, ҳавасмандии Тоҷикистонро ба рушди ҳамкорӣ бо он таъкид дошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520