Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

13.08.2012 13:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

Бо камоли андӯҳ ва даҳшат хабари заминларзаи фоҷеабори дар шимоли Эрони дӯст рухдодаро, ки мӯҷиби садҳо тан талафоти ҷонӣ ва ҳазорҳо захмӣ гаштааст, дарёфт намудам.

Ба намояндагӣ аз мардуми Тоҷикистон маротиби тасаллият ва ҳамдардии хешро барои қурбониёни ин ҳодиса иброз намуда, барои бозмондагон сабри ҷамил хоҳонам.

Парвардигор дар ин моҳи муборак гузаштагонро бо раҳмату мағфирати хеш фаро гирад ва наздикону азизони бозмондаро нерӯву тавон бибахшад.
Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520