Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат

07.03.2006 14:00, шаҳри Душанбе

Модарон, хоҳарон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини мӯҳтарам!

Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо - намояндагони занони мамлакат дар оғози фасли ниҳоят зебои сол, яъне баҳори хуррам ва эҳёи табиат, дар остонаи иди байналмилалии занон ва дар арафаи фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи Аҷам, инчунин дар марҳилае доир мегардад, ки тамоми мардуми кишварамон барои таҷлили ҷашнҳои пуршукӯҳи 15-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон омодагӣ мебинанд.

Ба муносибати ид шумо - ҳозирини арҷманд ва ҳамаи модарон, занону духтарони иззатманди Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо пеш аз ҳама сулҳу амонӣ, саломативу хушбахтӣ, саодати рӯзгор, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Иди 8-уми март, пеш аз ҳама ҷашни модарон аст. Модар вуҷуди муқаддас аст ва зиндагӣ аз ӯ ибтидо мегирад. Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам ва гармии зиндагӣ аз ӯст.

Донистани қадру қимати модар ва ҳурмату эҳтироми зан рисолат ва қарзи ҳар як инсон аст. Мардон дар сурате ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи занон ва хоҳарону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд.

Худованд дар каломи осмонии худ - Қуръони маҷид ҳурмату эҳтироми занон ва бо онҳо бо некӣ рафтор карданро аз ҷумлаи воҷиботи ҳар як мусулмон фармудааст.

Ҳадиси ҷовидонаи Пайғамбари ислом- "Биҳишт зери қудуми модарон аст" тамоми мусулмононро даъват мекунад, ки дар ҳама ҳолат зан-модарро ҳамчун сарчашмаи ҳаёт эҳтиром ва қадршиносӣ намоянд.

Ақлу фаросат, хираду бурдборӣ, диловариву қаҳрамонӣ ва кӯшишу талошҳои занон барои ҳифзи номи неки хонавода, сарзамин ва миллат, инчунин муборизаи онҳо барои озодиву адолат дар тӯли асрҳо дар эҷодиёти тамоми адибони маъруфи ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти классикиву муосири тоҷику форс тасвиру тавсиф шудаанд.

Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ба тарзи арзанда ва ҷовидонӣ васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст.

Модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Бедилу Сайидо, Аҳмади Дониш, Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Низомулмулк, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва ҳазорон мардони бошараф ва номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки имрӯз ифтихори мо - тоҷикон мебошанд.

Гузашта аз ин, занони тоҷик ҳамеша ҳамқадами ҳаёт буда, дар инкишофи тамаддун ва фарҳанги миллӣ нақши равшану барҷаста бозидаанд.
Махсусан дар асри бистум мавқеи иҷтимоии онҳо хеле боло рафт. Бо вуҷуди ҳама ташвиши рӯзгор занон ҳамчун сиёсатмадору олим, омӯзгору бунёдкор, офарандаи неъматҳои моддиву қаҳрамони меҳнат, ҳунарманду варзишгари соҳибном дар баробари мардон дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштанд.

Воқеан занони тоҷик дар лаҳзаҳои ҳассоси таърих ҳамеша нақш ва мақоми устувор доштанд. Онҳо дар майдони мубориза барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ бо ҷасорату далерӣ ва нангу номуси мардона корнамоиҳои ҳайратовар нишон додаанд.

Занону духтарони мо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон дар шикасти фашизм низ саҳм гирифтаанд. Аз 290 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон, ки дар муҳориба бар зидди фашизм иштирок намуданд, 180 нафарашон занон буданд. Мо имрӯз номи Ойгул Муҳаммадҷоноваро, ки бо тайёраи ҷангии худ ба муқобили фашизм қаҳрамонона мубориза бурдааст, бо ифтихор ба забон оварда метавонем.

Ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум бо фоҷиаву қурбониҳои мудҳиши худ, пеш аз ҳама дар қалби занону модарон захми сӯзон гузошт.

Дар он рӯзҳои сахту сангин ҳазорҳо занон аз шавҳар, модарон аз фарзандони худ маҳрум шуданд, ки таҳаммул кардани ин талафот ниҳоят талху вазнин буд.

Бо вуҷуди ин, занону модарони Тоҷикистон дар он лаҳзаҳои бениҳоят ҳассос оқилона рафтор карда, барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик, расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот хизмати шоиста карданд.

Яъне дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон, ки имрӯз аз ҷониби бисёр кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун таҷрибаи нодир пазируфта шудааст, ҳиссаи модарон, занон, хоҳарон ва духтарони мо ниҳоят бузург аст. Барои ин хизмати таърихияшон меарзад, ки бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдориву сипос намоем.

Агар дар хотир дошта бошед, дар Анҷумани сеюми иттиҳодияҳои занон ва созмонҳои ғайриҳукуматии занони кишвар соли 1997-ум иброз дошта будам: "Ҷомеае, ки ба зан-модар ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба зан-модар - сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад".

Бо дарназардошти ин, ки занон дар ҷомеаи мо қувваи бузурганд, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳалли проблемаҳои онҳоро самти муҳими фаъолияти худ медонанд.

Мақсади асосии мулоқоти имрӯзаи мову шумо баррасии масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти занони мамлакат, мақом ва масъулияти онҳо дар рушду ободии Тоҷикистони азизамон мебошад ва дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа баргузор мегардад.
Сиёсати иҷтимоии давлати мо аз Конститутсия сарчашма гирифта, тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи онҳоро муайян намудааст.

Дар давоми понздаҳ соли истиқлолият мо барои беҳбудии вазъи иҷтимоии мардуми кишвар, аз ҷумла беҳтар намудани шароити кору зиндагии занон як силсила тадбирҳоро амалӣ гардонидем ва ин равандро дар оянда низ идома хоҳем дод.

Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, ки аксарияти кормандони онҳо занон мебошанд, нисфи буҷети давлатӣ масраф мегардад.
Соли гузашта барои нигоҳдории соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ зиёда аз 573 миллион сомонӣ маблағи буҷети давлатӣ равона гардида бошад, имсол ҷудо намудани 706 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар асоси Кодекси меҳнат ба занон барои ба кор қабул гардидан, давраи ба дунё омадани фарзанд, нигоҳубини кӯдак ва ба рухсатии меҳнатӣ баромадан як қатор имтиёзҳо дода шудаанд.

Мувофиқи қонун "Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон" ба заноне, ки дар соҳаҳои алоҳида як давраи муайян кор кардаанд ва инчунин заноне, ки зиёда аз 5 фарзандро тарбия намудаанд, нафақаи имтиёзноки пеш аз мӯҳлат муқаррар гардид.

Дар ду соли охир барои таваллуд ва нигоҳубини кӯдак ба зиёда аз 83 ҳазор нафар модарон ба маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ пардохта шуд.

Барои дастгирии молиявии оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ҷиҳати ҷуброни маблағи қувваи барқ ва гази истифодашуда дар солҳои 2003-2005-ум аз буҷети давлатӣ 54 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Танҳо соли гузашта ба 511 ҳазор оилаҳои камбизоат ва серфарзанд барои маблағи қувваи барқ ва гази истифодашуда зиёда аз 20 миллион сомонӣ ҷубронпулӣ дода шуд.

Илова бар ин, дар солҳои 2003-2005-ум ба оилаҳои камбизоат ва серфарзанде, ки кӯдакони онҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 25 миллион сомонӣ ҷудо ва пардохт гардид.

Бо мақсади танзим, ҳаллу фасл ва ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва фаъолияти занон аз соли 1991 инҷониб дар мамлакатамон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Агар дар давоми шаш соли охир барои нигоҳдории он аз буҷети давлатӣ зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ сарф гардида бошад, пас танҳо дар соли 2006-ум ҷудо кардани беш аз 300 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барои татбиқи Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010 аз буҷет 500 ҳазор сомонӣ равона гардидааст.

Дар давоми солҳои 2003-2005 барои дастёбии занони деҳот ба замин, таъсиси марказҳои кӯмак ба занон, омӯзиши соҳибкорӣ ва ёрии фавқулодда ба хоҷагиҳое, ки дар онҳо занон роҳбар ҳастанд, дар доираи лоиҳаҳои кӯмаки беруна 57 миллион сомонӣ ҷудо ва азхуд карда шуд.


Ҳамчунин бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна дар солҳои 2004-2005 аз ҷониби бонкҳо ва созмонҳои дигари молиявӣ ба 72 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз 351 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки қисми бештари он барои фаъолияти соҳибкории занон равона гардидааст.
Танҳо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон дар солҳои 1999-2005 ба 25 ҳазор занон ба маблағи 92 миллион сомонӣ қарзҳои хурд пешниҳод намуд, ки ин шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат мебошад.

Ҳоло барои татбиқи лоиҳаи тандурустии модар ва кӯдак зиёда аз 12 миллион сомонӣ ва лоиҳаи ҳифзи модару кӯдак беш аз 19 миллион сомонӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Бо интишори Фармони Президенти мамлакат "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ва ҳамчунин қабул шудани Нақшаи миллии тадбирҳо дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон вазъи иштирок ва фаъолияти занон дар идораи корҳои давлат хеле қувват гирифт.

Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат табдил ёфт. Ҳамзамон ҳаллу фасли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии занону духтарон ва боло бурдани сатҳи донишу маърифати онҳо таҳти таваҷҷӯҳи ҷиддии Ҳукумат қарор дода шуд.

Ҳоло иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи бесобиқа баланд расидааст. Имрӯз иҷрои беш аз 15 фоизи вазифаҳои масъули давлатӣ ба зиммаи занон гузошта шуда, 24 фоизи хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занон мебошад.

Шумораи умумии занҳо дар соҳаҳои маориф - 47, тандурустӣ, варзиш ва ҳифзи иҷтимоӣ - 58 , фарҳанг - 54, мақомоти судӣ - 36, соҳибкорӣ - 39, алоқа - 36, нақлиёт - 21 ва сохтмон - 13 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар 96 фоизи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаи яке аз муовинони раисро занон иҷро менамоянд.

Дар ҳайати Маҷлиси миллӣ 4 нафар ва Маҷлиси намояндагон 11 нафар занон фаъолият мекунанд. Намояндагии занон дар маҷлисҳои маҳаллӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 22 фоиз, вилоятҳои Суғд - 14 фоиз, Хатлон - 18 фоиз, шаҳри Душанбе - қариб 23 фоиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12 фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки тарбия кардан, пешниҳод ва ҷобаҷокунии занону духтарони соҳибмаърифату донишманд ва соҳибихтисос ба вазифаҳои давлатӣ дар ҳамаи мақомот ва маҳалҳо ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест.

Ҳарчанд ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда конвенсияҳои байналхалқӣ "Дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон" ва "Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон"-ро имзо кард, Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" имзо гардид, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии "Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010" маъқул дониста шуд.
Дар солҳои 2001-2005 муассисаҳои таълимоти олиро 9000 нафар бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаанд, ки 1100 нафари онҳо духтарон мебошанд. Аксари онҳо дар мақомоти судӣ ва прокуратура, инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳо бомуваффақият фаъолият доранд. Вале имрӯз дар мақомоти роҳбарии Суди Олӣ, Суди конститутсионӣ ва Шӯрои адлия ягон нафар зан фаъолият надорад.

Ҳарчанд ки дар Вазорати молия 50 фоизи кормандонро занон ташкил мекунанд, вале то ҳол ба мансаби муовини вазир аз ҳисоби занон шахсе пешниҳод нашудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳо низ занон ба корҳои роҳбарикунандаи соҳаи молия ва бонк хеле кам ҷалб карда мешаванд.
Инчунин дар Вазорати саноат аз рӯзи таъсисёбии он барои мансаби муовини вазир аз ҳисоби занон то имрӯз номзади мувофиқ пешниҳод нагардидааст.

Вазъи интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо низ чандон хуб нест. Бинобар ин, ба раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки барои ислоҳи чунин вазъ чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин, ба Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо супориш дода мешавад, ки ҷиҳати татбиқи Фармони Президент "Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" тадбирҳои иловагӣ андешад.

Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор карда мешавад, ки дар мӯҳлати се моҳ доир ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барномаи мукаммалро таҳия карда, ба Президенти мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳоло соҳаҳои иҷтимоии мамлакат низ, хусусан маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ба кадрҳои салоҳиятноку болаёқат ва донишманд, пеш аз ҳама аз ҳисоби занону духтарон ниёз доранд.

Бояд гуфт, ки ҳарчи бештар ба ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат ҷалб кардани занон яке аз шартҳо ва нишонаҳои баробарҳуқуқии онҳо бо мардон мебошад. Дар ин самт андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба таъмини занону духтарон баъди хатми муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ бо кори доимӣ, ҷалб ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Ҳукумат аз ҷониби худ ба ҳаллу фасли ин масъала диққати доимӣ медиҳад. Ҳоло дар назди марказҳои шуғли аҳолии бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат биржаҳои меҳнатии занон амал мекунанд, ки онҳо ба занон бевосита дар масъалаи пайдо кардани ҷои кор кӯмак мерасонанд.

Соли гузашта ба марказҳои шуғли аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо қариб 43 ҳазор нафар занону духтарон барои дарёфти ҷои кор муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 11 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин гардида, 3500 нафар ба касбомӯзӣ ва зиёда аз 8 ҳазор нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шуданд.

Ҳамчунин соли 2005-ум 12 ҳазор нафар занон ба корҳои муваққатӣ ҷалб карда шуда, маош гирифтанд.

Табиист, ки қувваи зиёди меҳнатии деҳотро занон ташкил медиҳанд. Бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои бештар ба занон қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи дастёбии занони деҳот ба замин" ва "Дар бораи таҷдиди сохтори корхонаҳо ва ташкилотҳои кишоварзӣ" қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо 225 корхонаи кишоварзӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил дода шуд.

Занон дар шаклҳои нави хоҷагидорӣ низ пурсамар меҳнат мекунанд. Аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ, иҷоравӣ ва ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки сарварии онҳоро занон ба ӯҳда доранд, ҳосили хуби зироат мегиранд.

Ҳоло дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 7 хоҷагӣ, вилоятҳои Суғд - 214, Хатлон - 277 ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 867 ва умуман дар кишвар 1365 хоҷагиҳои деҳқониро занон роҳбарӣ мекунанд. Вале ин нишондиҳанда ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нест.

Дар асоси Барномаи давлатии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон соҳаи саноати сабуки мамлакат торафт густариш дода мешавад. Барои таъмини занон бо ҷои кор танҳо солҳои 2006-2008 дар кишвар 7 фабрикаи ресандагиву бофандагӣ сохта мешавад.

Дар онҳо сатҳи баланди технологияи камзаҳмати муосир ҷорӣ гардида, зиёда аз 10 ҳазор нафар соҳиби ҷои кор мешаванд, ки беш аз 80 фоизро занону духтарон ташкил хоҳанд кард.

Мо хуб дарк менамоем, ки яке аз роҳҳои рушди иқтисодиёт ва ривоҷ ёфтани соҳибкории хурду миёна ба ҳисоб меравад, ки мутаассифона занон дар ин самт хеле кам ҷалб карда мешаванд. Моро зарур аст, ки барои ҷалби онҳо, хусусан онҳое, ки бо фаъолияти хонагӣ машғул мебошанд, чораҳои зарурӣ андешем.

Аз ин лиҳоз, ба вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супорида мешавад, ки дар солҳои минбаъда барои додани қарзҳои хурди бефоиз ба занҳои соҳибкор ва бештар ҷалб намудани занҳо ба корҳои ҷамъиятӣ тавассути хадамоти шуғли аҳолӣ, инчунин барои касбомӯзии онҳо дар буҷети давлатӣ маблағгузориҳоро зиёд намоянд.

Дар баробари ин, ба вазоратҳои иқтисод ва савдо, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат, кишоварзӣ ва Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ супориш дода мешавад, ки масъалаи рушди соҳибкорӣ ва ҷалб намудани занонро ба фаъолияти меҳнати хонагӣ омӯхта, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро таъмин намоянд.

Инчунин ба Бонки миллии Тоҷикистон ва бонкҳои дигар тавсия дода мешавад, ки аз ҷониби низоми бонкӣ ва ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ ҷудо намудани қарзҳои хурдро барои заноне, ки ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна машғуланд, густариш диҳанд ва якҷоя бо вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила доир ба додани қарзҳои хурди имтиёзнок ба занони соҳибкори бо фаъолияти меҳнати хонагӣ машғулбуда чораҳои зарурӣ андешида, ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.

Бояд зикр кард, ки афзудани дастовардҳои мо дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба заҳмати бунёдкоронаи худи мо, муносибати дилсӯзона ва масъулиятшиносии роҳбарону мутахассисони ҳамаи мақомоту сохторҳо, корхонаву муассисаҳо ва тамоми мардум, аз ҷумла занон вобаста аст.

Модарону хоҳарони арҷманд!

Дар сиёсати иҷтимоии давлати мо инкишоф додани соҳаҳои илму маориф вазифаи муҳим ва афзалиятнок эълон шудааст.

Зеро давлате, ки ба пешрафти илму маориф бартарӣ медиҳад, мардумаш дар сатҳи баланд зиндагӣ мекунад. Бинобар ин, тараққиёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатро бе густариши таҳқиқоти илмӣ, дар амал татбиқ кардани дастовардҳои нави илм, азхуд намудан ва ҷорӣ кардани технологияи муосир, таълиму тарбияи насли дорои донишу қобилияти баланд ва мутахассисони болаёқату соҳибмаърифат таъмин кардан душвор аст.
Дар ин робита, пеш аз ҳама бояд гуфт, ки саҳми занони тоҷик дар инкишофи илму маорифи мамлакатамон назаррас аст.

Ҳоло дар бузургтарин маркази илмии кишвар - Академияи илмҳо қариб 700 нафар занон фаъолият дошта, аз онҳо 5 нафар узви вобастаи Академия, 9 нафар доктор ва 76 нафар номзади илм мебошанд ва дар мавзӯъҳои гуногун таҳқиқот мебаранд.

Шумораи занони олима дар мамлакатамон сол то сол меафзояд. Имрӯз дар мактабҳои олии мамлакат аз байни занон 53 доктор, 425 номзади илм фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 78 нафар унвони профессор ва 307 нафарашон унвони дотсентӣ доранд.

Аз байни духтароне, ки ҳар сол донишгоҳҳоро хатм мекунанд, хоҳишмандони таҳсил дар аспирантура торафт зиёд мешаванд. Масалан, дар соли таҳсили 1994-1995-ум дар аспирантура ҳамагӣ 23 нафар духтарон таҳсил мекарданд, вале соли гузашта шумораи онҳо ба 127 нафар расид. Танҳо дар соли 2005-ум 30 нафар занон ба гирифтани унвони номзади илм мушарраф шуданд.

Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба духтароне, ки дар аспирантура таҳсил мекунанд, Ҳукумати Тоҷикистон ғамхории алоҳида зоҳир менамояд.
Ҳоло онҳо бо стипендия ва хобгоҳ таъмин мебошанд. Мо ин равандро минбаъд низ идома медиҳем.

Аз ин рӯ, ба роҳбарони Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо супориш дода мешавад, ки дар хусуси аз ҳисоби духтарони соҳибмаърифату донишманд ва соҳибихтисосу лаёқатманд тарбия намудани кадрҳои илмӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади инкишофи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар соли 2006 ва солҳои минбаъда ба Вазорати молия ва Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумат супориш дода мешавад, ки барои таъсис додани 20 гранти президентӣ, аз ҷумла 10 гранти ҳар кадомаш 10 ҳазор сомонӣ ва 10 гранти ҳар кадомаш 5 ҳазор сомонӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод намоянд.

Чунонки дар машварати кормандони соҳаи маориф таъкид карда будам, ҳадафи асосӣ аз ислоҳоти соҳаи маориф таълиму тарбияи насли дорои донишу маърифати баланд, одоби ҳамида, ҷаҳонбинии васеъ ва аз ҷиҳати ҷисмонӣ солим мебошад.

Дар амалӣ гардидани ин мақсад ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад. Зеро онҳо бо навозиш ва муҳаббати модаронаи худ ба дили ҳар як кӯдаку наврас ҷой гирифта, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзӣ тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят карда метавонанд.

Дар айни замон онҳо вазифадоранд, ки робитаи худро бо мактаб мустаҳкам карда, дар раванди таълими фарзандон низ саҳмгузор бошанд.

Танҳо модарон ҳадиси мубораки ҳазрати Муҳаммадро дар зеҳну шуури наслҳо талқин карда метавонанд, ки фармудааст: "Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй".

Ҳоло дар мактабҳои миёнаи кишвар зиёда аз 50 ҳазор нафар, дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ 3 ҳазору 500 нафар занони омӯзгор бо таълиму тарбияи хонандагон ва донишҷӯён машғуланд, ки ин нерӯи бузург аст.

Умуман занон дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 46 фоиз ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ 32 фоизро ташкил мекунанд. Дар баробари ин, ҳанӯз дар муассисаҳои таълимии мамлакатамон қариб 9000 нафар омӯзгорон намерасанд.

Аз ин рӯ, ба Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати маориф ва донишкадаву донишгоҳҳои омӯзгорӣ зарур аст, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҳар як шаҳру ноҳияи мамлакат бештар ба тайёр кардани омӯзгорон аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ намоянд.

Ҳадаф аз ҷудо намудани квотаи президентӣ дар баробари бештар тайёр кардани мутахассисони касбӣ аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва ҳалли масъалаи таъминоти маҳалҳо бо кадрҳои лаёқатманд, инчунин ҳарчи зиёдтар соҳибмаърифат кардани занон мебошад. Зеро агар маърифату дониши зан баланд бошад, фарзанди ӯ низ дуруст тарбия ёфта, сазовор ба камол мерасад.

Тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997-ум то соли 2005-ум дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ 5 ҳазору 600 ҷой ҷудо гардида буд.

Вале роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ин имконияти хуб пурсамар истифода накарда, дар ин муддат танҳо 4 ҳазору 440 нафар духтаронро барои таҳсил ба мактабҳои олӣ фиристодаанд.

Гузашта аз ин, дар интихоби довталабон барои таҳсил то ҳанӯз ба камбудиҳои ҷиддӣ роҳ дода мешавад. Баъзе роҳбарон ва омӯзгорони мактабҳои олӣ аҳамият ва ҷиддияти ин масъаларо ҳанӯз ҳам дуруст дарк накардаанд.


Бо супориши Президенти мамлакат шумораи квота барои ба мактабҳои олӣ қабул кардани духтарону писарони лаёқатманди ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар солҳои 2006-2010-ум нисбат ба солҳои 2001-2005-ум боз ду маротиба зиёд ва инчунин аз моҳи ноябри соли гузашта стипендияи донишҷӯён 100 фоиз баланд карда шуд.

Ба хотири дастгирии духтарони оилаҳои камбизоат, ки мувофиқи квота аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба донишгоҳҳои олии мамлакат дохил шуда, бо баҳои аъло таҳсил мекунанд, 16 стипендияи президентӣ муқаррар гардидааст.

Бо мақсади фароҳам овардани шароит барои таҳсили духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ки тибқи квота дар мактабҳои олии пойтахт мехонанд, дар охири соли гузашта як хобгоҳи дорои 200 ҷой пурра таъмир карда, бо таҷҳизоти зарурӣ ба ихтиёри онҳо дода шуд. Ҳоло таъмири хобгоҳи дуюм бо 600 ҷои зист босуръат идома дорад ва моҳи августи соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.

Вобаста ба ин масъала, ба Муовини Сарвазири Тоҷикистон, вазоратҳои маориф, иқтисод ва савдо, донишгоҳу донишкадаҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар баробари иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Президенти мамлакат доир ба ҷудо намудани квотаи президентӣ ва интихоби дурусту қабули духтарону писарони лаёқатманд ба мактабҳои олӣ, инчунин ба ҷараёни таҳсил, шароити зист ва тибқи роҳхат ба кор рафтани онҳо назорат кунанд.

Ҳамчунин ҷиҳати бо манзили зисти муваққатӣ таъмин кардани ҷавондухтарони ятиму бепарасторе, ки давраи таҳсилро дар мактаб-интернатҳо ба охир расонидаанд, ба вазоратҳои маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, иқтисод ва савдо, Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила, инчунин Ҳукумати шаҳри Душанбе супориш дода мешавад, ки масъалаи аз баланси Донишгоҳи давлатии миллӣ ба ихтиёри Кумитаи оид ба корҳои занон ва оила гузаронидани хобгоҳи воқеъ дар шаҳри Душанбе ва бо маблағи аз фонди захиравии Президент ҷудогардида таъмиру таҷҳизонидани онро барои 350 нафар духтарон то ҷашни 15-солагии истиқлолият ҳал намоянд.

Илова бар ин, ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси аз 1 апрели соли ҷорӣ ба андозаи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд кардани нафақаи занони бесаробон ва яккаву танҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, лоиҳаи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод гардонанд.

Хонумҳои мӯҳтарам!

Тарбияи фарзанди солим, бомаърифату соҳибмаълумот, ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номус вазифаи муҳим ва муқаддаси оила ва пеш аз ҳама модарон мебошад.

Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд аст ва ҳар як модар бояд дар тарбияи фарзанди худ нақш ва масъулияти ҳалкунанда дошта бошад. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтаи халқ ба боғи падар табдил ёбад.

Воқеан фарзанд сухани аввалинро низ аз забони модар ёд мегирад. Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ мебошад.

Аз ин хотир, модарону хоҳарони мо вазифадоранд, ки ба фарзандонашон ҳарчи бештар ва амиқтар омӯхтани забони адабиро талқин намоянд.
Шумо - модарону хоҳарони азиз, дар ҳамаи давраҳо нигоҳдорандаи забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ ҳастед ва барои покиву равонии он нақши асосӣ доред.

Таърих гувоҳ аст, ки агар забон ва фарҳанги миллӣ аз байн равад, миллат низ дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Забони модарӣ сарчашмаест, ки фарзандро ба асолати миллӣ пайванд медиҳад. Ифтихори ватандориву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ низ аз дӯст доштани лафзи модарӣ ва эҳтироми таъриху фарҳанг сарчашма мегирад.

Фарзанди таълимгирифтаву тарбиятдида пеш аз ҳама падару модари худро эҳтиром мекунад, ба қадри Ватани азиз, забони модарӣ ва фарҳанги миллати худ, ба қадри калонсолон ва меҳнати ҳалол мерасад.

Ҳар як мамлакатро танҳо фарзандони баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонанд. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон омадааст, ки оила асоси ҷомеа буда, таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Зеро бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, бунёди оила масъулият ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ танҳо соли гузашта 53 ҳазор нафар ҷавонон бо ҳам ақди никоҳ бастаанд, ки нисбат ба соли 2004-ум 3 ҳазор оила зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин, хеле ташвишовар аст, ки баъзе ҷавонон мушкилоти оддии зиндагиро таҳаммул карда натавониста, роҳи аз ҳама осон - ҷудошавиро пеш мегиранд, ки ин комилан ғалат аст.

Вайроншавии оила кори номуносиб ва нангин буда, пеш аз ҳама ба тарбияи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

Дар натиҷаи сабукандешии навхонадорон соли гузашта 2 ҳазору 900 оила аз ҳам ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2004-ум қариб 300 оила зиёд мебошад. Ин амали номатлуб ба тақдири ояндаи ҷавонон ва фарзандони онҳо таъсири ногувор мерасонад.

Худатон қазоват кунед, агар ин оилаҳо ба ҳисоби миёна 2 фарзандӣ дошта бошанд, аллакай дар кишвар 4 ҳазору 800 нафар кӯдак зиндаятим шудааст. Ин кӯдакон дар хонаи яке аз волидайн- падар ё модар зиста, тарбияи комил намегиранд.

Ҳатто баъзеи ин кӯдакон, умуман аз меҳру навозиш ва дастгирии моддию маънавии волидайн маҳрум гашта, бепарастор мемонанд ва оқибат даст ба ҷиноят ва корҳои ношоиста мезананд.

Бинобар ин, пеш аз хонадоршавӣ ва созмон додани оила ҷавонон бояд ба зиндагии мустақилона омода бошанд. Падару модарон вазъиятро ҳаматарафа омӯхта, сипас ба оиладор шудани ҷавонон кӯмак расонанд.

Дар ин маврид боз ҳам нақш ва саҳми модар ҳалкунанда аст, зеро тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, баъзе модарон ба духтарони худ маданияти оиладорӣ ва тарзи дурусти рӯзгордориро ёд намедиҳанд, яъне онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода намекунанд. Табиист, ки дар чунин оилаҳои ҷавон муноқишаву низоъҳо сар мезананд ва дар баъзе ҳолатҳо бо пошхӯрии оила меанҷоманд.


Дар робита бо масъалаҳои оила мехоҳам як нуктаи дигарро низ таъкид намоям. Мувофиқи маълумоти оморӣ синни миёнаи ҷавонон ва духтарони издивоҷкарда мутобиқан 26 ва 22 сол аст.

Вале ҳодисаҳои издивоҷи ноболиғон кам нест. Масалан, солҳои 2004 ва 2005-ум 18 нафар духтарони ноболиғ ба шавҳар дода шудаанд, ки аз рӯи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ба шавҳар додани духтари ноболиғ ғайр аз ин, ки ҷиноят аст, ҳамчунин яке аз сабабҳои вайроншавии оила низ мегардад.

Албатта дар мавриди сар задани муноқишаи ҷавонон падару модарон, пирони рӯзгордида ва кормандони мақомоти адлия бояд тамоми имкониятҳоро истифода намуда, оилаҳоро бо ҳам оштӣ диҳанд ва нақши худро барои пойдории ҷомеа гузоранд.

Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардори сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд.

Бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки зан - модар пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои солими гузашта ва арзишҳои пурқимати ҷомеа мебошад.

Дар ҳаёти имрӯзаи мо инчунин ҳодисаҳое ба чашм мерасанд, ки ба шаъну шарафи зан - модар, бахусус зани тоҷик чандон зебанда нестанд.

Ҳарчанд ки гуфтани чунин суханҳо дарднок аст, вале дар давоми даҳсолаи охир шаклҳои нави зӯровариву хушунат зуҳур карда, истифодаи занон барои интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва бо мақсадҳои нопок ба хориҷи кишвар бурдани духтарон ба назар мерасад.

Мувофиқи маълумоти Прокуратураи генералӣ дар се соли охир 329 нафар занон, аз ҷумла 88 нафари онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон бо гуноҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Инчунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар соли 2005 81 ҷинояти вобаста ба хариду фурӯши одамонро ба қайд гирифтаанд, ки дар байни онҳо ҳатто 9 ҳодисаи хариду фурӯши ноболиғон ҷой дорад.

Ин масъаларо Ҳукумати Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ муҳокима намуда, парламенти мамлакат Қонун "Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон"-ро қабул кард. Ғайр аз ин, Комиссияи байниидоравии мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон таъсис ёфта, барои баргардонидани духтарон аз хориҷи кишвар то имрӯз корҳои мушаххасро анҷом додааст.


Илова бар ин, дар давоми солҳои 1999-2005 нисбат ба 1245 нафар занҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авфи умумӣ" татбиқ гардида, онҳо аз адои минбаъдаи ҷазо ва ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд.

Ман мефаҳмам, ки зиндагӣ пастию баландӣ ва мушкилиҳо дорад. Вале бо роҳи ҷинояткорӣ ва одамфурӯшӣ, ки шаъну шарафи инсонӣ ва қадри фарзандонро паст мезанад, ба мурод расидан раво нест. Фаромӯш набояд кард, ки барои зан бадбахтии бузургтарин бадномӣ аст.


Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва давраи инқилоби техникию технологӣ ва рушди босуръати шабакаҳои иттилоотӣ умр ба сар мебарем. Имрӯз фарзандони мо ба воситаи технологияи муосир ба таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии тамоми олам, зиндагиву рӯзгори ҳамсолони худ ошно мешаванд.

Ин аз як ҷониб хуб аст, зеро мафкураву ҷаҳонбинии фарзандони мо тадриҷан инкишоф меёбад, вале дар айни замон аз таъсири ногувори ахлоқи зишт, кирдорҳои ношоям ва арзишҳои пасти фарҳангии шабакаҳои иттилоотии беруна чашм пӯшидан мумкин нест.

Раванди рӯзафзуни инқилоби илмию техникӣ баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии ҷавонон, махсусан ҷавондухтаронро ҷиҳати омӯхтану донистани забонҳои хориҷӣ ва дастовардҳои илми муосир, инчунин шинохтану ошно шуданро бо фарҳанги пешрафтаи халқҳо ва кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад.

Ҷавондухтарони мо бояд шахсони босавод, соҳибмаърифат, фарҳангӣ, эҷодкор ва номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд.

Инсоният дар ин марҳилаи хеле ҳассос ва мураккаби таърихӣ нисбат ба тамоми давраҳои дигар ба илму маърифат, ҳифзи арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва меҳру рафоқат ниёзи бештар дорад.

Ба ин хотир, ман дар суханронии худ дар Сессияи Генералии XXXIII-юми ЮНЕСКО моҳи октябри соли гузашта пешниҳод карда будам, ки яке аз солҳои наздик "Соли ахлоқи ҳамида" эълон гардад ва дар ҷараёни он принсипҳои беҳтарини ахлоқи умумиинсонӣ таблиғ карда шаванд.

Имрӯз, ки бар асари рушди бозори иттилоот арзишҳои ахлоқии барои миллати фарҳангии мо бегона озодона тарғиб мешаванд, рӯ овардан ба тарзи зиндагии солим, арзишҳои волои ахлоқи миллӣ ва сиришти неку маънавиёти пок, махсусан ба ҷавондухтарони мо зебандаву зарур аст.

Дар ҳадисҳои Паёмбари ислом ахлоқи наҷиб ва маърифату донишандӯзӣ тавсиф шуда, онҳо василае барои расидан ба мақсуд ва пос доштани имон шуморида мешаванд.

Яке аз масъалаҳои муҳими зиндагӣ, ки дар назди аҳли ҷомеаи мо, бахусус ҷавонону ҷавондухтарон қарор дорад, танзими оила аст. Мақсад аз тадбирҳои танзими оила пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи маърифати занон, таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, ҳифзи саломатии онҳо ва тарбияи наслҳои рӯҳану ҷисман солим ва ташкили оқилонаи оила мебошад.

Мувофиқи маълумоти барӯйхатгирии умумии аҳолии Тоҷикистон (соли 2000) ҳайати ҳар як оилаи мардуми мо ба ҳисоби миёна шаш нафариро ташкил медиҳад, ки таъминоти ҳамаҷонибаи он барои сардорони оила хеле мушкил аст.

Бо дарназардошти аҳамияти ин масъала соли 2002-юм дар машварати доир ба сиёсати демографӣ ва танзими оила таъкид карда будам, ки "ба низом овардани таваллуд дар кишвари мо тақозои ҳаёт ва талаботи замон аст".

Ташаккули тарзи зиндагии солим, оилаи солим ва модару фарзанди солим дар маҷмӯъ ба нафъи ҷомеа ва давлат мебошад. Ба назари ман, серфарзандӣ нишонаи сарвату давлат набуда, баръакс омили коҳиш ёфтани вазъи саломатии модару кӯдак, суст шудани таҳкурсии моддӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоии оила мебошад.

Соли гузашта шумораи таваллуди кӯдакон нисбат ба соли 2004-ум беш аз шаш ҳазор нафар зиёд гардид, ки ин нишонаи ҳанӯз ҳам мукаммал набудани сатҳи танзими оила ва фарҳанги оиладорӣ мебошад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби худ барои беҳбудии вазъи тандурустии модару кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо тадбирҳои мушаххас андешида, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистонро "Дар бораи Барномаи миллии пешгирии бемории камхунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Барномаи миллии саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқи репродуктивӣ" ва дигар асноди ба таҳкими тандурустии аҳолӣ равонашударо қабул намуд.

Вале то ҳанӯз вазъи саломатии модару кӯдак ташвишовар буда, дар байни аҳолии деҳот фавти модару кӯдак аз меъёр зиёд аст. Танҳо соли гузашта 57 нафар занон ҳангоми таваллуд ва 2543 кӯдакони то яксола фавтидаанд. Проблемаи камхунӣ ва бемориҳои дигар низ пурра роҳи ҳалли худро наёфтаанд.

Имрӯз 37,7 фоизи занон гирифтори бемории камхунӣ буда, синни миёнаи умри онҳо дар Тоҷикистон 69,7 солро ташкил медиҳад.

Аз ин рӯ, ба Вазорати тандурустӣ ва дигар идораву муассисаҳои дахлдор зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани проблемаҳои фавти модару кӯдак, камхунӣ ва дигар бемориҳои вобаста ба таваллуд тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода намоянд.

Дар кишвари мо инчунин бемориҳои камбуди йод, хусусан ҷоғари эндемӣ хеле зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Ҳарчанд ки аз ҷониби Ҳукумат Барномаи миллӣ "Оид ба мубориза бар зидди бемориҳои камйодӣ барои солҳои 1997-2001" ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи йоднок гардонидани намак" соли 2002 қабул карда шудааст, вале фоизи бемориҳои зикргардида ба дараҷаи зарурӣ кам нашуда истодааст.

Муоинаҳои гузаронидашуда нишон доданд, ки танҳо 53 фоизи аҳолии кишвар намаки йоднокро истифода мебарад. Ин раванд метавонад оянда ба инкишофи ақлонӣ ва генофонди миллат таъсири манфӣ расонад.

Чанд рӯз пештар дар ҷаласаи Ҳукумат ба вазоратҳои тандурустӣ, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ супориш додам, ки барои ширкатҳо ва сохторҳое, ки намаки бейод ворид мекунанд ва ба фурӯш мебароранд, ҷарима ҷорӣ кунанд.

Вазорати тандурустӣ ва масъулину мутасаддиёни соҳаро зарур аст, ки ба ин проблема ҷиддӣ муносибат карда, ҳамкориҳои байнисоҳавиро рушд диҳанд ва барои пешгирии бемории ҷоғар тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Масъалаи муҳими дигаре, ки шумо - модарону хоҳарони азиз, барои ба низом овардани он саҳми назаррас гузошта метавонед, танзими расму оинҳои мардумӣ мебошад.

Пос доштани муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла расму суннати гузаштагон, ки дар ҷараёни ҳазорсолаҳо вобаста ба тафаккури миллӣ, дину оин, вазъи иҷтимоӣ, омилҳои иқтисодиву сиёсӣ ва тарзи зиндагӣ ташаккул ёфтаанд, барои мо фарз аст.

Вале расму оинҳо бояд танзим гардида, ҳамчун қисми таркибии тамаддун ва фарҳанги миллӣ ба меъёрҳои зиндагии солим, пешрафти миллат ва тақдири ояндаи фарзандон мусоидат намоянд.

Мардуми мо набояд аз рӯи таассуб ва тақлиди якдигар ба исрофкорӣ роҳ диҳанд.

Мо борҳо таъкид карда будем, ки танзими расму оин маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳои гузаштаро надоранд, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба тарзи зиндагии солим, густариши фарҳанги оиладорӣ, сарфаю сариштакорӣ ва ниҳоят боло рафтани сатҳи маданияти халқамон мебошад.

Бинобар ин шумо - модарону хоҳарони азиз, ки дар баргузор кардани маросим ва суннатҳои мардумӣ саҳми асосӣ доред, барои оддӣ, камхарҷ, хоксорона ва дар муҳити хешу ақрабою ёру дӯстон гузаштани тӯю маъракаҳо ва дигар маросимҳо кӯшиш намоед.

Кумитаҳои кор бо ҷавонон, оид ба корҳои дин, оид ба корҳои занон ва оила, аъзои Ҳукумат, вакилони парламент, Комиссияи ҷумҳуриявӣ доир ба анъана ва маросимҳои миллӣ, инчунин раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо, маҳаллахонаҳо ва хизматчиёни давлатӣ бояд дар доираи салоҳияти худ барои ба танзим овардани расму оинҳо чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, доир ба иҷрои супориши маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон аз 30 январи соли 2006 оид ба танзим намудан ва гузаронидани ҷашну маросимҳо ҳар 6 моҳ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал пешниҳод намоянд.

Имрӯз дар Тоҷикистон барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо маром ташаккул меёбанд ва шумораи онҳо сол то сол меафзояд.

Агар соли 1995-ум дар мамлакат танҳо се ташкилоти ғайриҳукуматии занон вуҷуд дошта бошад, пас ҳоло шумораи онҳо ба 153 адад расидааст.
Ин созмонҳои ғайриҳукуматии занон беш аз пеш дар ҳалли мушкилоти мушаххас ва ҳаётан муҳим, қабл аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқиву иқтисодии занон, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва фарҳанги оиладорӣ мусоидат намуда, иштироки онҳоро дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳтар месозанд.

Борҳо таъкид кардаем, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ҳамеша таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар шароити кунунӣ ҳамкориҳои мо бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд дар сатҳи баланд ва ҳамбастагии комил сурат гиранд.
Дар навбати худ бо он созмонҳое, ки доир ба масъалаҳои дорои аҳамияти умумимилливу давлатӣ пешниҳодҳои ҷолиб доранд, бо ҳисси эҳтиром ҳамкорӣ хоҳем кард. Дар ин робита ба сохторҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода мешавад, ки ҳамкориро бо чунин созмонҳо беҳтар ба роҳ монанд.

Ҳамзамон мо барои мусоидат дар ҳаллу фасли мушкилоти занон ва кӯмаку дастгирии созмонҳои ғайриҳукуматии онҳо ба фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Барномаи Рушди занони Созмони Милали Муттаҳид, Рушди кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон имкониятҳои афзалиятнок додаем.

Бояд қайд намуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳо оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа фаъолият доранд ва аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, бояд на барои худнамоӣ ва таъмини манфиатҳои шахсии худ, балки пеш аз ҳама барои беҳбудии вазъи иҷтимоӣ, густариши фарҳанги оиладорӣ, рушди соҳибкорӣ, махсусан беҳдошти кору зиндагии занон саҳм гузоранд.

Ҳадафи ниҳоии мо аз тадбирҳое, ки то имрӯз дар доираи сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои занон андешида шудаанд ва дар оянда низ андешида хоҳанд шуд, таъмини озодии воқеии зани тоҷик мутобиқи меъёрҳои тамаддуни муосир ва дар айни замон ҳифзи арзишҳои фарҳангу тамаддуни бостонии миллиамон мебошад. Мо мехоҳем, ки занони Тоҷикистон босаводу соҳибмаърифат, болаёқату соҳибихтисос ва пешрафтаву фарҳангӣ бошанд, зеро онҳо дар баробари ин, ки тарбияткунандаи миллат ҳастанд, оина ва зевари миллати сарбаланди тоҷик ва ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии мо низ мебошанд.

Ҳамватанони гиромӣ!

Чунон ки дар оғози сӯҳбат қайд кардам, имсол барои халқи мо соли махсуси хотирмон ва ниҳоят пурмасъулият аст.

Мо барои дар сатҳи баланд ва ба таври шоиста гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ омодагӣ мебинем.

Мақсад аз таҷлили ҷашнҳои мазкур, ки аз иштироки фаъолонаи шумо - занон бештар ҳусну шаҳомат мегиранд, густариши ҳисси ифтихор ва ҳуввияти миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, истиқлолияти давлатӣ, тақвияти худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, инчунин вусъат додани корҳои созандагӣ мебошад.

Президенти мамлакат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба шумо - занону модарон ва хоҳарону духтарони меҳрубон ҳамчун қувваи бузурги ҷомеа бовариву эътимод доранд ва аз шумо тарбияи фарзандони содиқи Ватан ва миллат, ободонии кишвари азиз ва дигар иқдомҳои неку шоистаро интизоранд.

Итминони комил дорам, ки шумо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагиву зебоӣ, бақои меҳру муҳаббат ва чароғи хонадон дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат фаъолона ширкат варзида, барои пешрафти Тоҷикистони азиз рисолати созандагии хешро иҷро менамоед.

Дар арафаи Иди байналмилалии занон одатан ба диёри мо фасли нозанини баҳор омада, гулҳо мешукуфанд. Вале шумо - бонувони азизу арҷманд, гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед.

Шуморо бори дигар бо арафаи фарорасии Наврӯзи Аҷам ва рӯзи байналмилалии занон самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатмандиву рӯзгори обод, бахту саодати пойдор ва сулҳу амонӣ орзу мекунам.

Бигзор лабҳои занону модарон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша пурханда бошанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ дарду ғамро набинанд. Орзу дорам, ки худованди мутаол хонадонатонро пур аз файзу баракат гардонад ва ҳар яки шуморо ба тамоми ниятҳои некатон расонад.

Бахт ёратон бод, модарону хоҳарони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520