Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

17.08.2023 08:15, шаҳри Хоруғ
Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   17.08.2023Ба истифода додани Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон   17.08.2023

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона ва дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои хизматрасонии он шинос гардиданд.

Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва бо дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки Беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидааст.

Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ ҳам хизмат хоҳад расонид.

Сокинони кӯчаҳои гирду атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошад.

Барои расонидани хизматрасонии босифати тиббӣ ба беморон, 27 нафар мутахассиси соҳибмалака ба кор ҷалб карда шудаанд. 

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи майи соли 2022 оғоз гардида, он дар муҳлати кӯтоҳ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуд.

Беморхона аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, намои берунаи он ба таври махсус рангу оро ёфтааст. Тадбирҳои сабзкорӣ низ дар гирду атрофи иншооти мазкур бо завқу салиқаи баланд анҷом дода шуд.

Зимни боздид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои муолиҷаву табобати беморон хизматрасонии босифатро ба роҳ монда, имкониятҳои фароҳамоварашударо барои таъмини солимии ҷомеа самаранок истифода баранд. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520