Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ

15.08.2012 18:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он омадааст:

Ҷаноби Олӣ,

Сарфарозам, ки Шумо ва мардуми дӯсти Ҳиндустонро ба муносибати ҷашни солгарди истиқлоли кишвар табрику таҳният гӯям.

Мамлакатҳои мо тӯли чандин садсолаҳо робитаҳои гуногунҷанбаи таърихӣ доштанд. Ин таҷрибаи муфиду бузург тақозо менамояд, ки дар шароити имрӯза низ мо ҳамкориҳои судманди гуногунарсаро рушду густариш бахшида, сатҳи онро ба зинаҳои баландтар бардорем.

Дастовардҳои назарраси кишвари фарҳангпарвари Ҳинд дар самтҳои гуногун ва боло рафтани нуфузи байналмилалии он боиси хурсандии мост.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли пешина, мӯътақид бар он аст, ки ҳамкории васеъ ва мутақобилан судманди бунёдии ду кишвари дӯст на фақат ҷавобгӯи манфиатҳои миллии онон, балки омили муҳими суботу истиқрор ва пешрафти минтақа мебошад. Итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафти ин раванди созанда ҳар ду ҷониб саъю эҳтимом ва кӯшишҳои пайвастаи хешро дареғ нахоҳанд дошт.

Бо ибрози таманниёти беҳтарини пешрафту шукуфоӣ ба мардуми дӯсти Ҳиндустон, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатии комил, хушрӯзӣ ва дастовардҳои навин хоҳонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520