Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар ноҳияи Данғара

01.09.2023 11:01, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар ноҳияи Данғара   01.09.2023

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” оғоз бахшиданд.

Фаъолияти корхонаи саноатӣ ба коркарди ашёи хом, истеҳсоли профил бо андозаҳои гуногун, тахтаҳои пластикӣ барои фарши хона, дару тирезаҳои пластикӣ ва оҳанин равона карда шудааст. Айни замон дар корхона 5 намуди маҳсулоти пластикӣ истеҳсол карда мешавад. 

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду ба истифода додани корхонаи нави саноатиро дар доираи амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар масоҳати наздики 1 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳаким Салимов бунёд карда шуда, аз ду хати технологӣ иборат мебошад. Дар коргоҳи якум истеҳсоли 3 намуди тахтаҳои пластикӣ ва панелҳои пластикӣ ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти хати дуюми технологӣ барои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ равона карда шудааст. Маҳсулоти корхона бо тамғаи “сифат пласт” ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад.  

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” аввалин корхонаи саноатӣ дар вилояти Хатлон мебошад, ки 3 давраи асосии истеҳсоли ҳамин номгӯи маҳсулот, аз ашёи хом то маҳсулоти тайёрро дар бар мегирад. Хатҳои технологие, ки аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дастрас карда шудааст, имкон медиҳад, ки ба мизоҷон маҳсулоти босифати мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ дастрас карда шавад. 

Бо назардошти зиёдшавии талабот ба чунин намуди маҳсулот, бунёду ба истифода додани корхонаи саноатӣ имкон медиҳад, ки эҳтиёҷот ба профил ва тахтаҳои паластикӣ аз ҳисоби истеҳсолоти корхонаҳои навтаъсис қонеъ гардонида шавад.

Бинои маъмурии корхона аз 3 ошёна иборат буда, дар он барои фаъолияти кормандон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин корхона дорои ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва нонпазхона мебошад. Яъне барои кормандон шароити хуби маишӣ низ фароҳам оварда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сиёвуш Ёқуб” дар 3 марҳила сохта шуда, дар доираи марҳилаи якуми он 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ҳамчунин дар ҳамин рӯз лоиҳаи бунёди марҳилаи дуюми корхона муаррифӣ карда шуд. Оянда бунёди корхонаи “шифери Данғара” ва дарҳои чубин ба нақша гирифта шудааст.

Дар атрофи корхона гулу буттаҳои ороишию сояафкан шинонида шуда, роҳҳо сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст.

Инчунин роҳи асосӣ то корхона асфалтпӯш карда шуда, аз масофаи 600 метр об оварда шудааст.  

Дар бораи зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия зимни боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳ маълумот дода шуд.

Дар доираи солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” бунёду ба истифода додани 28 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Данғара ба нақша гирифта шудааст.

Дар 7 моҳи соли 2023 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба маблағи умумии 1 млрд. 453,4 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ҷалби сармоя ва бунёду барқароркунии коргоҳу корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби намояндагони бахши хусусӣ шароит фароҳам овард, ки имкониятҳои истеҳсолӣ давоми чанд соли охир васеъ гардад. Дар ин давра коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва аз он истеҳсол намудани маҳсулоти тайёр зиёд гардид.

Сарвари давлат саҳмгузории соҳибкорону сокинони маҳаллии ноҳияи Данғараро дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шоистаи таҳсин азёбӣ карда, бо ёдоварӣ аз имконияти мавҷуда масъулини дахлдорро барои афзоиш додани содироти маҳсулот, боз ҳам зиёд намудани ҷалби сармоя ва рушди дучанди соҳаи саноат дар ноҳия вазифадор карданд.  

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520