Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими супоридани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

08.09.2023 11:00, шаҳри Душанбе
Маросими супоридани рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  08.09.2023

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  як қатор  хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи  генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи марказии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи олии ҳарбии «генерал-майор» ва рутбаи дараҷавии «Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3» қадрдонӣ намуданд.

Президенти мамлакат зимни суҳбат иброз доштанд, ки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Кувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар воҳидҳои низомӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз худ матонату маҳорати баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, дар таъмини амнияту субот, ҳифзи дастовардҳои миллат ва ваҳдати сартосарӣ нақши муассир доранд.

«Ҳукумати мамлакат низ хизматҳои фарзандони содиқу  далер ва матиниродаи Ватанро пайваста қадршиносӣ намуда, онҳо бо шароитҳои арзандаву шоистаи хизмату зиндагӣ фаро гирифта мешаванд,» - таъкид намуданд Пешвои миллат.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520