Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш Муҳаммади VI ибни Ҳасан

10.09.2023 09:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш муҳтарам Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари зилзилаи шадид дар кишвари дӯсти Марокаш боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба пайомадҳои фоҷеабори ин офати табиӣ таъзияву ҳамдардии самимии ҷониби моро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Марокаш изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520