Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Бонки тавсиаи содироти Ҷумҳурии Исломии Эрон Куруши Парвизиён

26.06.2012 20:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки тавсиаи содироти Ҷумҳурии Исломии Эрон Куруши Парвизиёнро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили маблағгузории лоиҳаҳои муштараки ду кишвар, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, баррасӣ шуд.

Мубодилаи судманди афкор оид ба сармоягузории саривақтии бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби мошингарди Чормағзак ва бисёр лоиҳаҳои дигар, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, нассоҷӣ, сохтмон ва тиҷорат амалӣ мешаванд, сурат гирифт.

Ба гуфти Куруши Парвизиён Ҷумҳурии Исломии Эрон тасмим дорад, ки баҳри дасгирии кишоварзони Тоҷикистон, аз ҷумла барои харидорӣ намудани техникаю таҷҳизот бо яке аз бонкҳои марбути ин соҳа дар ин ҷо муассисаи муштараке таъсис диҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520