Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон

07.03.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Модарону хоҳарони арҷманд!
Фарзандони азиз!

Ҳоло, ки мо дар остонаи яке аз ҷашнҳои зебову дилписанди сол - иди байналмилалии занон қарор дорем, мехоҳам тамоми занону модарони гиромӣ ва духтарони азизи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ин муносибат самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвар ободиву осоиш ва саодату хушрӯзӣ орзу намоям.

Воқеан, ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарзабзиву таровати онро дучанд меафзояд.

Ба ибораи дигар, агар нури офтоб ҷаҳонро файзу хуррамӣ бахшад, пас зан-модар бо меҳру муҳаббат ва раҳму шафқати хеш сарчашмаи зиндагӣ ва гармии ҳар як хонавода аст. Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зани тоҷик ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми куҳанбунёди мо ҳамчун фарди озоданажоду озодихоҳ, зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, диловару гурдофарид, ватандору ватанпараст ва ҳунарманду кадбону тасвир ёфтааст.

Мо бо ифтихор ва такрор ба такрор мегӯем, ки модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бонангу номус, паҳлавону ҷасур, хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбия карда, ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хайри хизмат ба инсоният дуо додааст.

Аз ин хотир, дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Дар мавриди шинохтани ҳаққи падару модар ва ба ҷо овардани иззату икроми онҳо Унсуралмаолии Кайковус ба фарзанди худ чунин насиҳат мекунад: «Бидон, эй писар! Офаридгор чун хост, ки ҷаҳон обод монад, падару модарро сабаби ҳастии фарзанд кард.

Бинобар ин, ба фарзанди хирадманд воҷиб аст, ки хизматгузорӣ ва нигоҳ доштани ҳурмати падару модарро ба зимма гирад. Ва дар як ривоят хондаам, ки «аввали амр модару падаранд». Пас мо фарзандон ин рисолатро танҳо дар сурате адо карда метавонем, ки ба қадри шири поку сафед, меҳрубониву навозиш, ғамхориву парастории самимии модарону занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем.

Чунки зан ва модари тоҷик дар тамоми давраҳои таърихи халқамон барои ҳастии забон, пойдории миллат ва рушди фарҳанги миллӣ ғамхорона ва содиқона хизмат кардааст. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо дарназардошти мақому мартабаи шоистаи занон ва вобаста ба масъалаҳои таҳкими қадру манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо аз оғози даврони истиқлолият то имрӯз хеле санадҳоро қабул ва татбиқ кардааст.

Як силсила фармонҳои Президент, қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин нақшаву барномаҳои давлатӣ дар хусуси баланд бардоштани мақом ва нақши зан, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон ва оид ба масъалаҳои тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки онҳо барои таҳкими мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоии кишвар, беҳтар шудани вазъи намояндагӣ ва фаъолияти онҳо дар раванди идоракунии давлат такони ҷиддӣ бахшиданд.

Илова бар ин, охири соли гузашта ҳангоми мулоқот бо доираҳои соҳибкории мамлакат нақш ва аҳамияти соҳибкориро дар байни занон махсус таъкид карда, изҳор дошта будам, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон ҳаҷми маблағгузории грантҳо барои онҳо имсол боз як миллион сомонӣ зиёд карда шавад.

Дар доираи барномаҳои давлатӣ мо масъалаҳои ҷалб кардани занон ба идораи корҳои давлатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои онҳо, андешидани тадбирҳо доир ба беҳтар кардани саломатии модару кӯдак ва масоили дигарро тадриҷан ҳаллу фасл карда истодаем. Албатта, мо мушкилоти имрӯзаи кишварро, ки муваққатӣ мебошанд, аз ҷумла проблемаҳои дар ҳаёти занон мавҷударо хуб медонем ва тавре ки гуфтам, ҳамаи онҳоро марҳала ба марҳала бартараф месозем.

Масалан, зимистони имсола нисбат ба солҳои пешин хеле сард ва дурудароз омад ва камчинии барқ то имрӯз мушкили аввалиндараҷаи Тоҷикистон аст. Бо дарназардошти ин проблема 20-уми январи соли равон агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1 се моҳ пеш аз мӯҳлат ба истифода дода шуд ва мо тамоми чораҳои имконпазирро меандешем, ки нерӯгоҳи мазкур то охири соли ҷорӣ пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар ин самт, яъне таъмин кардани истиқлолияти энергетикӣ мо ҳоло тамоми захираву имконият ва саъю талоши худро равона кардаем. Мо дар назди худ мақсад гузоштаем, ки бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва таъмин кардани рушди мунтазам, бемайлон ва устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои наздиктарин мушкилоти мавҷударо бартараф карда, сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободиву шукуфоии Тоҷистони соҳибистиқлоламонро ба сатҳи шоиста ва сазовор мерасонем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама ба занону модарони бошарофати мамлакат, ки мушкилоти зимистони имсоларо бо дарки воқеияти вазъ, бо сабру таҳаммул ва бурдборӣ паси сар намуданд, изҳори сипос намоям.

Мо дар ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда ҳамеша ба нерӯи созанда ва солими ҳар як фарди баору номус, ватандӯсту ватанпараст ва бахусус шумо-занону модарон такя карда, Ватани азизи худро якҷоя ва бо заҳмати созандаву содиқона обод месозем. Шумо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки нақши занон дар ҳаёти ҷомеаи мо хеле муассир мебошад ва шумо бо маърифату одоб ва нерӯву тавони хеш метавонед ба ҳама равандҳои ҷомеа таъсир ва такони ҷиддӣ бахшед.

Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ҳалли масъалаҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ҳамеша барои ҳифзи саломатии модару кӯдак, беҳдошти хизматрасонии тиббӣ ба онҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, аз ҳисоби ҷавондухтарон тайёр кардани кадрҳои тиббӣ, омӯзгорӣ ва ихтисосҳои дигар ба касбу ҳунаромӯзӣ, аз ҷумла кори хонагӣ ва косибӣ ҷалб намудани онҳо, ташкили корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна тадбирҳои заруриро амалӣ мекунад.

Албатта, корҳое, ки то имрӯз ба анҷом расидаанд, ҳоло ҳам моро қаноатманд сохта наметавонанд ва мо дар оянда низ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла занон ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро равона хоҳем кард. Вобаста ба ин, мехоҳам як масъаларо махсус таъкид созам, ки соли гузашта мо вобаста ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо қонун қабул кардем.

Қонуни мазкур ҳамчун санади ҷавобгӯи ниёзмандиҳои мардум аллакай самараҳои хуб дода истодааст ва ба фикри ман, аз натиҷаҳои он пеш аз ҳама шумо-занону модарони мӯҳтарам қаноатманд ҳастед, зеро мушкилоти рӯзгорро шумо бештар аз дигарон эҳсос менамоед. Аз ин рӯ, аз шумо бори дигар тақозо мегардад, ки барои ҳарчи камхарҷ ва осонтар гузаронидани маъракаҳо ва расму оинҳо минбаъд низ ташаббус нишон диҳед.

Илова бар ин, мехоҳам як нуктаро барои шумо – занону модарони арҷманд хотирнишон созам, ки Иди ҳаштуми март дар рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни бисёр муборак ва азизи мардуми мо – Наврӯз таҷлил мегардад. Ва тавре ки медонед, халқи мо аз азал ҳамчун миллати шаҳрсозу шаҳрдор дар остонаи ин суннати фараҳбахши миллӣ хонаву кошона, асбоби рӯзгор, кӯчаву хиёбон ва маҳалу гузари худро тозаву покиза мекард, боғу гулгашт ва наҳру ҷӯйҳои обро ба тартиб меовард, гулу ниҳол мешинонд ва хулоса Наврӯз-ин арӯси сол ва рӯзи баробариву зебоиро бо дили покизаву манзили мусаффо истиқбол мегирифт.

Шубҳае надорам, ки занону модарони зебоипараст ва духтарони зебоидӯсти мо дар ин кори хайру амали савоб низ мисли ҳарвақта саҳми арзанда мегузоранд.

Модарон ва бонувони арҷманд!

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Занону модарони мо ҳеҷ гоҳ набояд фаромӯш кунанд, ки сарзамини мо гаҳвораи забони нобу ширин ва шоиронаи тоҷикӣ-форсӣ ва оғозгоҳи шеъри оламшумули султони шоирон устод Рӯдакӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон ин нуктаро ба инобат гирифта, соли 2008-ро Соли забони тоҷикӣ эълон кардааст, ки 1150 - солагии поягузори адабиёти оламшумули тоҷику форс - устод Рӯдакӣ низ дар доираи ҳамин сол таҷлил мегардад.

Мақсад аз бузургдошти забони тоҷикӣ ва таҷлили ҷашни қофиласолори шеър устод Рӯдакӣ пеш аз ҳама дар он аст, ки мардуми кишвар бо эҳсоси гарми миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ асолати забони шаҳдбори тоҷикиро нигоҳ доранд, барои рушду густариш ёфтан ва фарогир шудани он ҳамеша талош намоянд.

Рисолати модарон дар масъалаи поку беолоиш нигоҳ доштани забон ҳамчун пояи асосии ҳамаи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин шиноснома ва бақову ҳастии миллати мо бузургтар аз ҳар каси дигар аст ва мо итминон дорем, ки занону модарон ин рисолати муқаддасро бо ифтихор анҷом медиҳанд.

Бо ҳамин умеду орзуҳои нек, шумо- модарону хоҳарон ва фарзандони азизро бори дигар ба муносибати ҷашни фархундаатон табрик гуфта, ба ҳар кадоматон тандурустиву саодатмандӣ, бахту иқболи нек ва рӯзгори ободу осуда орзумандам.

Идатон муборак бошад, модарон ва хоҳарони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520