Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми телевизионӣ ба муносибати иди Фитр

16.08.2012 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Субҳи рӯзи нуздаҳуми август моҳи шарифи Рамазон хатм мешавад ва иди саиди Фитр фаро мерасад.

Мардуми кишвари мо ин суннати мӯътабари исломиро ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои неки дини мубини ислом истиқбол мегиранд.

Аз ин рӯ, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии ин рӯзи муборак, яъне иди саиди Фитр самимона табрик мегӯям.

Шаҳрвандони Ватани азизи мо – Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ бо роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва рушди устувор пеш мераванд ва дар заминаи эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва милливу мазҳабии худ барои эъмори ҷомеаи мутамаддини демократӣ талош меварзанд.

Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки маҳз ба шарофати истиқлолият ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистон мардуми мо ба дину ойинҳои аҷдодии худ ҳамчун сарчашмаи поки ахлоқиву маънавӣ рӯ оварда, ба суннату анъанаҳои дини мубини ислом озодона арҷ мегузоранд.

Бинобар ин, мо идҳои Рамазону Қурбонро ба феҳристи идҳои миллӣ ворид кардаем ва имрӯз тамоми мардуми мусулмони кишварамон ин маросиму суннатҳои миллиро дар иҳотаи аҳли хонавода, хешу ақрабо ва дӯстону ҳамсоягон таҷлил менамоянд.

Иди Фитр яке аз маросимҳои пурфайзи маънавие мебошад, ки дар айёми он ба дилҳои мардум нури маърифату муҳаббати илоҳӣ ворид гардида, торикӣ ва кинаву кудурат аз онҳо берун меояд.

Зеро дар моҳи пур аз каромату раҳмати рамазон ва шаби қадр мусулмонон бо доштани рӯза, дуои нек, зикру тиловати оятҳои раббонӣ дилу рӯҳи худро нуронӣ ва ба Худои таоло наздиктар карданд.

Дар ин маврид Расули акрам мефармоянд: «Ва чун шаби иди Фитр, ки шаби ҷавоиз ном дорад, фаро расад, Аллоҳ таоло подоши амалкунандагонро бидуни ҳисобу шумурдан бибахшад. Ва чун субҳи рӯзи ид фаро расад, Худованд фариштагонро ба ҳамаи шаҳрҳо бифиристад».

Фазилати асосии моҳи мубораки рамазон нузули оятҳои аввалини Қуръони маҷид мебошад.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки таълимоти дини мубини ислом саршор аз ғояҳои башардӯстиву инсонпарварӣ, аз ҷумла ҳусни муошират бо аҳли хонадон, самимияту муҳаббат ба наздикону хешу таборон, муомилаи ҳасана бо ҳамсоягон, аҳди бародариву мурувват бо дӯстону ҳамкорон, раҳму шафқат ба беморону барҷомондагон, ёриву ғамхорӣ ба дармондагону бечорагон ва поси хотири гузаштагон мебошад.

Арзишу фазилатҳои моҳи Рамазон инсонро ба роҳи рост, риояи адолату баробарӣ, анҷом додани амалҳои хайру саховат, бахшидани гуноҳҳо ва пок сохтани зоҳиру ботин ҳидоят мекунанд ва аз ҳамин ҷост, ки донишмандон онро беҳтарин мактаби одамият ва худсозии инсон гуфтаанд.

Ислом дини ибодату тақво, инсофу адолат, сулҳу амният, ахлоқи ҳамида ва талқингари маънавияти воло буда, ҳама гуна аъмоли зишту носавоб, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғоратро маҳкум менамояд ва хилофи зуҳуроти глобалии имрӯза, аз қабили терроризм ва экстремизм мебошад.

Мо як маротиба ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронида, оқибату пайомадҳои фоҷиабори онро дидем ва хуб дар ёд дорем, ки ин рӯйдоди даҳшатнок кишвари моро даҳсолаҳо ба ақиб бурд.

Ва ҳар кадоми мову шумо набояд ҳаргиз фаромӯш созем, ки амнияту оромӣ, ризоияти шаҳрвандӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи саросарӣ бар ивази чӣ қадар талафоту хисороти ҷониву молӣ ба даст омадааст.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон чун дар ин рӯзи хуҷаста суннатҳои волои инсондӯстиву сулҳпарварии аҷдоди некноми худро ҳамеша дар ёд дошта, барои сулҳу суботи ҷовидона, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободиву тараққиёти Ватани азизамон ва оромиву осоиши ҳар як хонаводаи тоҷик саъю талош мекунанд.

Фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ ва сулҳхоҳиву сулҳпарварӣ чун суннату фазилатҳои ҳамидаи исломӣ ба густариши ҳамбастагиву ҳамкории мусулмонон ва умуман аҳли башар мусоидат менамояд.

Дар ин раванд халқи азизи мо арзишҳои неки таҳаммулгароӣ, хайрандешӣ ва инсондӯстиро ҳамеша гиромӣ медорад.

Зеро тоҷикон дар баробари дигар мардуми мусулмони ҷаҳон дар ғанӣ гардонидани фарҳангу тамаддуни исломӣ саҳми ниҳоят сазовор дошта, фарзандони фарзонаи миллати мо дар рушди илмҳои калом, ирфону тасаввуф, инчунин тафсиру таъвили оятҳои раббонӣ, ҷамъоварӣ ва тарҷумаи ҳадисҳои набавӣ китобу рисолаҳои мӯътабари илмӣ ва шаръӣ навиштаанд, ки то ҳанӯз мавриди истифодаи мусулмонон қарор доранд.

Яке аз фазилатҳои дигари иди саиди Фитр додани фитри рӯза аст. Ба ин маънӣ, Худованди таоло дар Қуръони шариф мефармояд: «Садақот барои фақирон асту мискинон… Ва низ барои ба даст овардани дили рақибон ва озод кардани бандагону қарздорон ва инфоқ дар роҳи Худо ва мусофирони ниёзманд ва он фаризаест аз ҷониби Худо».

Тибқи фарзиёти исломӣ пардохти фитри рӯза дар моҳи мубораки Рамазон воҷиб шумурда шуда, бозкунандаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Олимони фиқҳи исломӣ додани фитри рӯзаро пеш аз адои намози ид кори савоб донистаанд. Зеро амалӣ намудани фазилатҳои ҳамидаву писандидаи моҳи шарифи Рамазон, аз қабили эҳсону сахо, дастгирии моддиву маънавии ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва пиронсолону мӯҳтоҷон кори ниҳоят хайр ва амали басо нек мебошад.

Эҳсону накӯкорӣ ҳамчун яке аз фазилатҳои ахлоқӣ бояд ба як хислати фитрӣ ва амали доимии инсонҳо табдил гардад.

Соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва ҳамаи онҳое, ки зиндагии осуда доранд, метавонанд барои анҷом додани ин амали хайр чи дар айёми ид ва чи ҳар вақти дигар ба оилаҳои камбизоат ва шахсони эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонанд ва соҳиби савоби зиёд гарданд.
Дар баробари ин, ба ҳар шахси бонангу номус, падару модарон, олимону зиёиён, ходимони дин ва умуман аҳли ҷомеа муроҷиат карда, хотирнишон месозам, ки ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибватанӣ ҳамаи саъю кӯшиш ва донишу таҷрибаи худро ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ, пешрафти давлати соҳибихтиёри миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, риояи аслҳои бунёдии давлати демократӣ - волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ, яъне танҳо дар доираи қонун зистану фаъолият кардан равона намоянд.

Чунки мо дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як бор поймол шудани Конститутсия ва қонунҳоро дидем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем, ки ин амал ба чӣ оқибатҳои даҳшатовар боис гардид.

Аз ин хотир, ҳар як фарди бедордил ва бонангу номуси миллат бояд кӯшиш намояд, ки дар баробари адои қарзи шаҳрвандии худ барои ҳифзи сулҳу осоиши сартосарии кишварамон дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо, ки ҳамчунин амали хайру савоб аст, фаъолона саҳм гузорад.

Илова бар ин, падару модарон, олимону зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон, яъне ояндаи давлату миллат ва ба воя расонидани насли тарбиядидаву огоҳ ва соҳибмаърифату ватандӯст бо тамоми масъулият муносибат намоянд.

Хусусан дар шароити бисёр ҳассосу пурмоҷарои ҷаҳони имрӯза ҳар яки мо бояд аз ёд набарорем, ки давлатсозиву давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ кори осон нест.

Бинобар ин, мо ҳама – хурду бузурги ин сарзамини куҳанбунёд вазифадорем, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, фирефтаи доми ҳар гуна бадхоҳони миллату давлатамон нагардем ва доим дар хотир дошта бошем, ки на ҳама нисбат ба давлати соҳибистиқлоли мо ниятҳои нек доранд.

Мардуми шарифи кишварамон хуб огоҳанд, ки имрӯз дар сайёра чӣ рӯйдоду ҳодисаҳо ҷараён доранд. Бовар дорам, ки онҳо минбаъд низ барои таҳкими сулҳу оромӣ, густариши эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва муҳимтар аз ҳама, ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллатамон саъю талош менамоянд.

Ҳамчунин изҳори итминон менамоям, ки мардуми мусулмони мо ҳангоми адои намози ид барои сулҳу суботи кишварамон, ободиву осоиши мулкамон, то абад пойдор мондани ваҳдати миллиамон ва пешрафти давлати соҳибистиқлоламон ба даргоҳи Худои яккаву ягона сидқан дуо мекунанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба тамоми ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони тоҷик оромиву осоиш, файзу баракат, иқболу хушбахтӣ ва кушоиши кор орзу менамоям.

Доимо сарбаланду пирӯз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520