Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон

29.09.2023 16:27, Олмон
Иштирок дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон 29.09.2023

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушди босуръати худро идома медиҳад.

Ҳадафҳо ва афзалиятҳои асосии мамлакат дар ин ҷода дар Стратегияи миллии рушди кишвар барои давраи то соли 2030 муайян гардидаанд. Тибқи Стратегияи мазкур аз ҷониби Ҳукумат айни замон ислоҳоти фарогири иқтисодӣ амалӣ карда мешавад, ки ба таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд.

Дар ин раванд Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ бо ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикон ҳамкории муваффақ дорад ва бо дастгирии онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишварамон садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки созмонҳои байналмилалии молиявӣ имрӯз Тоҷикистонро яке аз кишварҳои дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда арзёбӣ мекунанд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дорои бахши хусусии рушдёбанда мебошад, ки ҳиссаи он дар истеҳсоли молу хизматрасониҳо қариб 90 фоизро ташкил медиҳад.

Барои ҷалби сармояи хориҷӣ дар кишвар тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, тиҷорати байналмилалӣ вусъат меёбад.

Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Ҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи сармоягузор низ аз мутобиқати қонунгузории кишвари мо ба меъёрҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад.

Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо шарикони хориҷӣ имконоти мусоид дорад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво ҳамчунин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни форуми иқтисодиро ба захираҳои фаровони об, сарватҳои маъданӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, имкониятҳои ҷалби сармояи хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва татбиқи дигар афзалиятҳои кишвар ҷалб карданд.   

Сарвари давлат иброз доштанд, ки мо ҳамчунин ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷониби Олмон дар рушди бахшҳои молиявию бонкӣ ва рақамисозии иқтисоди Тоҷикистон манфиатдорем.

Дар интиҳои суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки афзалиятҳои Тоҷикистон ба мисли тамоюли мусбии демографӣ ва зарфияти кофии меҳнатӣ, мавҷудияти захираҳои бузурги табиӣ, инчунин имкониятҳо ва иқтидорҳои тавлиди энергияи сабз заминаҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмонро ташкил хоҳанд дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520