Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс

29.09.2023 21:15, Олмон
Мулоқот бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс 29.09.2023

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот карданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистону Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.

Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишвари мо зарур шумурда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯъҳои муҳимми мулоқот буданд.

 Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя таъкид гардид, ки Тоҷикистон тамоми имконоти логистикии худ, аз ҷумла 6 пулро дар марз бо ин кишвар барои расонидани кумаки башарӣ ба мардуми он фаро гузоштааст. Чор бозори наздисарҳадӣ аз нав ба фаъолият шурӯъ кард. Ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқ, маводи ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонӣ содирот мешавад. 

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии мутақобилаи худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо ва истифодаи имконияту зарфиятҳои мавҷуда изҳор намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520