Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбаев

05.10.2023 16:35, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонии дӯстона анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Нурсултон Назарбоев Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику таҳният гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз намуданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо анъанаҳои пурифтихору таърихии муносибатҳои нек ва дӯстии  мардумони ду кишварро мавриди таъкид қарор дода, аз раванди рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷонибдорӣ намуданд.  

Пешвои миллат дар навбати худ ба Нурсултон Назарбоев сиҳатмандии комил, саодати рӯзгор ва некуаҳволӣ орзӯ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520