Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ

18.10.2023 11:26, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёнӣ  18.10.2023

18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистону Эрон ва дар ин зимн ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдиду хатарҳои муосир  зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар самти муқовимат ба чунин зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва   ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.

Ду кишвар аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520