Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба шарафи 66-умин солгарди ғалаба бар фашизм

11.05.2011 13:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ветеранҳои арҷманд!

Ҳамаи шуморо ба шарафи санаи бузург ва муқаддас - Рўзи Ғалаба, ки 66 сол муқаддам ба яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин ва фоҷиабори асри ХХ хотима гузошт, самимона табрик гуфта, бароятон сулҳу оромӣ ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.

Ин Ғалаба озодиву истиқлолро натанҳо барои собиқ халқи шўравӣ ҳифз намуд, балки тамоми мардуми Аврупоро аз вабои фашизм наҷот бахшид.

Нўҳуми майи соли 1945 дар таърихи мардуми сулҳпарвару озодихоҳи тоҷик ҳамчун натиҷаи корнамоиҳои беназир ҳам дар ҷабҳаи набард ва ҳам дар ақибгоҳ арзёбӣ мегардад. Зеро хурду бузурги кишвар ба хотири ҳифзи Ватан ва таъмини ҳарчи зудтари пирўзӣ дар ҷанг қаҳрамониҳои бемислу монандеро нишон доданд. Дар асарҳое, ки ба ин ҷанги фоҷианоки таърихи башарият бахшида шудаанд, ба корномаҳои ҷангиву меҳнатии мардуми сарбаланди мо саҳифаҳои зиёде бахшида шудаанд.

Дар ин ҷанги ҷаҳонӣ Тоҷикистон даҳҳо ҳазор фарзандони худро талаф дод. қисме аз онҳо дар қабристонҳои бародарӣ дар хоки Россия, Украина, Беларус, кишварҳои соҳили Балтика, Молдова, Аврупо ва дигар ҷойҳое, ки муҳорибаҳо барпо гашта буданд, дафн шудаанд.

Корнамоиву диловариҳои ҳамватанони мо дар таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои мардуми зиёди собиқ Иттиҳоди Шўравӣ хонаи дуюм гардид. Ҷумҳурии мо аз тамоми гўшаву канори наздик ба хати ҷабҳа - шаҳрҳои Ленинград, Киев, Москва ва дигар шаҳрҳои мамлакат зиёда аз 40 ҳазор нафар, аз ҷумла 9500 кўдаконро дар паноҳи худ гирифт. Халқи тоҷик онҳоро бо муҳаббати хоса ва тамоми шароити зарурии зиндагӣ фаро гирифта буд.

Ҳарчанд, ки ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳама ҷо ва дар ҳар як хонавода эҳсос мегардид. Бо вуҷуди тамоми мушкилоту маҳрумиятҳо мардум дар он замон бо шиори «ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» заҳмат мекашид.

Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ғалаба намерасидем.

Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ занону наврасон ва пиронсолон буданд. Онҳо, сарфи назар аз шароити сангини замони ҷанг, супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ба хотири таъмини ғалаба ва ояндаи нек ҳамаи дороиашонро ба ҷабҳа мефиристоданд. Танҳо дар се моҳи аввали ҷанг 30 корхонаи бузурги саноатӣ ба Тоҷикистон кўчонида шуд.

Корхонаҳои саноати бофандагӣ, хўрокворӣ, саноати сабук ва саноати маҳаллии Тоҷикистон ба истеҳсоли маҳсулоти барои ҷабҳа зарурӣ пардохтанд. Дар солҳои душвори ҷанг Тоҷикистон инчунин дар масъалаи таъмини аҳолии кишвар бо ғалла низ саҳми назаррас дошт.

Корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо намунаи ибрати наслҳои зиёди имрўзаву оянда хоҳад буд. Омўзиши таҷрибаи зиндагӣ, маслиҳату машваратҳои муфид, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрўзу фардои халқи тоҷик барои эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Қавӣ гардондани ирода ва рўҳу сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандўстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва таҳкими ифтихори миллӣ самтҳои асосӣ ва муҳими кори тарбиявӣ мебошанд, ки шумо, ветеранҳои мўҳтарам, дар амалӣ гардонидани ин амали хайр нақши арзанда гузоштаед ва ҳоло ҳам тимсоли ибрат мебошед.

Итминони комил дорам, ки шумо бо истифода аз таҷрибаи бузурги ҳаётӣ ва бо панду насиҳатҳои судманди худ ба наврасону ҷавонон роҳбалад шуда, барои устувор намудани аркони давлатдорӣ, иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии он, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ саҳми арзанда мегузоред. Мо ҳеҷ гоҳ корнамоиҳои диловаронаи шуморо фаромўш нахоҳем кард.

Ҳамчунин сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсўз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромўш нахоҳанд шуд. ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро дар рўҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардўстӣ тарбия намоем.

Дар баробари ин мехоҳам хотирнишон созам, ки беҳтар намудани шароити зисту зиндагии собиқадорони ҷангу меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, зеро шумо собиқадорони азиз, посдори анъанаҳои пуршарафи гузашта, тимсоли мардонагӣ ва меҳанпарастӣ барои насли имрўзаи Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистон ҳастед.

Бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми халқи азизи Тоҷикистонро бо Иди ғалаба табрик гуфта, ба ҳамагон саломативу хушбахтӣ, рўзгори обод ва сулҳу осоиш орзу дорам.

Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520