Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 №480

20.06.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат ба таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардуми кишварамон равона гардидааст.

Дигаргунсозиҳои солҳои охир дар раванди иҷроиши ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар он стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҳифзи аҳолӣ, мавқеи асосиро ишғол менамоянд, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Дар 4 соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба ҳисоби миёна қариб 4 баробар афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2003 фонди музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ нисбати маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 3,1 фоизро ташкил карда бошад, дар соли ҷорӣ ин рақам ба 4,6 фоиз баробар гардида, қариб 800 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2008 № 480 «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия» ба мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи моддии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар муассисаҳои аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ва инчунин дигар табақаҳои аҳолии камбизоат, аз ҷумла; нафақахӯрон ва донишҷӯён равона карда шудааст.

Мувофиқи фармони мазкур аз 1 июли соли 2008:

- музди меҳнати ҳадди ақал ва нафақа на кам аз 60 сомонӣ, яъне се баробар афзоиш меёбад;

- музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ бо нақшаи нави маоши вазифавӣ амалӣ карда шуда, дар он пеш аз ҳама номутаносибии музди меҳнат аз рӯи гурӯҳи вазифаҳо ба танзим дароварда мешавад;

- зиёдшавии музди меҳнати кормандони мақомоти қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ низ бо тартиби зиёдшавии музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Дар маҷмӯъ музди меҳнати миёнаи кормандони сохторҳои қудратӣ аз 2 то 2,3 маротиба, аз ҷумла; музди меҳнати ҳайати миёнаи шахсии роҳбарикунанда 2,3 маротиба ва ҳайати шахсии қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда 2 маротиба зиёд карда мешавад.

Дар баробари ин пардохти иловапулӣ барои коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва коэффисиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз маоши моҳонаи таъминоти пулӣ муайян карда мешаванд. То имрӯз ин коэффисиентҳо аз музди меҳнати ҳадди ақал ҳисобӣ карда мешуданд.

Дар соҳаи тандурустӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба андозаи 70 фоиз ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 50 фоиз зиёд карда мешаванд.

Дар баробари ин муассисаҳои дуюминдараҷаи тиббӣ яъне беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тиббӣ, метавонанд барои кормандонашон аз ҳисоби хизматрасонии пулакие, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ муайян карда мешаванд, маоши иловагӣ пардохт намоянд.

Маоши вазифавии кормандони соҳаи илм, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг 50 фоиз ва дигар кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба андозаи 40 фоиз зиёд мегарданд.
Дар соҳаи маориф зиёдшавии музди меҳнати кормандон ва стипендияи донишҷӯёну аспирантҳо аз соли хониши нав пешбинӣ шудааст:

- маоши вазифавии кормандони соҳаи маориф ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад;

- инчунин, маоши вазифавии мудирони муассисаҳои томактабӣ мувофиқи шумораи тарбиягирандагон ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба маоши вазифавии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мувофиқи шумораи хонандагон, маоши вазифавии директорони муассисаҳои беруназмактабӣ ба маоши вазифавии директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шумораи хонандагонашон то 400 нафарро ташкил медиҳад, музди меҳнати мураббиёни муассисаҳои томактабӣ ва мактаб-интернатҳо, муаллимони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи тахассус ва таҳсилот ба музди меҳнати муаллимони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар карда мешаванд.

Ҷиҳати дастгирии ҷавонони лаёқатманд, тарбияи мутахассисони баландихтисос ва ҳавасмандгардонии фаъолияти илмии аспирантон ва донишҷӯён андозаи амалкунандаи стипендияҳои президентӣ, стипендияи аспирантҳо ва стипендияҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ 40 фоиз зиёд карда мешаванд.

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 1 июли соли 2008 андозаи ҳамаи намуди нафақаҳо бо тартиби зерин зиёд карда мешавад:

- нафақаи ҳадди ақал 60 сомонӣ муайян гардида, яъне 3 баробар зиёд карда мешавад;

- мувофиқан ба ҳадди ақали нафақа тамоми нафақаҳои иҷтимоӣ низ 3 баробар зиёд карда мешаванд;

- нафақаи меҳнатии нафақахӯрон ба андозаи 40 фоизи нафақаи ҳадди ақал зиёд карда мешавад;

- андозаи ниҳоии нафақа аз 180 сомонӣ то ба 300 сомонӣ расонида мешавад.

Барои дар амал татбиқ намудани фармони мазкур дар 6 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 300 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои зиёдшавии музди меҳнат 160 млн. сомонӣ, нафақа 130 млн. сомонӣ, стипендия ва дигар кӯмакпулиҳо 15 млн. сомонӣ равона мегардад, ки ин маблағ дар Буҷети давлатӣ барои соли 2008 пешбини гардидааст.

Дар доираи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва Барномаи миёнамӯҳлати хароҷотҳои давлатӣ механизми нави маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ бо тартиби маблағгузории сарикасӣ, ислоҳоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо тартиби таъминоти маблағгузории суроғавӣ ба аҳолии камбизоат ва механизми нави таъминоти нафақа амалӣ карда шуда, ин низом дар 3 соли оянда бояд ба итмом расонида шавад.

Инчунин ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ ва дар доираи он ислоҳоти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ дар солҳои оянда низ давом дода мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520