Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати Рўзи модар

08.03.2010 08:00, шаҳри Душанбе

Модарону хоҳарони гиромӣ!
Фарзандони азиз!

Бисёр хушҳолам, ки дар ин рўзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ва фасли сабзаву гулҳои зебои сарзамини бостониамон ҷашни шуморо табрик мегўям.

Соли дуввум аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 8-уми мартро ҳамчун Рўзи модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – модар таҷлил мекунад.

Аз ин лиҳоз, Рўзи модар эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.

Албатта, барои ҳар як миллат ва ҳар шахси бонангу номус ҳар рўз рўзи модар аст.

Лекин мо ин рўзро махсус чунин ном ниҳодем, ки эҳтирому арҷгузории хосаи худро ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришти хеш – офарандагони зиндагӣ ва сарчашмаи ҳаёти наслҳо собит созем.

Зеро ҳама эъҷозу парвоз, ҳама эҷоду бунёд ва ҳама мардонагиву қаҳрамонӣ натиҷа ва самараи заҳмати шаборўзии модар аст.

Яъне дунё дар домони биҳиштии модар парвариш меёбад ва аз ин рў, башарият ҳамеша аз ў сипосгузор мебошад.

Хираду наҷобат ва бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрўзи зиндагӣ, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Дар осори бузургони ҷаҳон нақши занону модарони диловару қаҳрамон, ватандўсту озодихоҳ, соҳибиродаву рисолатшинос ҷойгоҳи арзанда ва хоса дорад.

Мисол овардани сифатҳои неки фақат қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ, амсоли Таҳмина ва Гурдофарид, ҳамчунин меҳанпарастиву фидокории садҳо нафар шахсиятҳои таърихии миллати бостонии мо далели равшани эҳтиром ва арҷгузории бузургони гузаштаамон нисбат ба зан – модар мебошад.

Зан - модар дар дини мубини ислом низ мақому манзалати хоса дорад. Дар чандин сураҳои қуръони маҷид ҳуқуқ ва ҷойгоҳи зан возеҳу равшан ифода ёфтааст. Дар ҳадисҳои набавӣ ва қавли саҳобагон низ қадри волои модар борҳо таъкид гардидааст.

Беҳуда нест, ки дар мамолики Шарқи мусулмонӣ бо шири модар савганд ёд мекунанд.

Зеро модар ғайр аз ин, ки ба фарзанди худ ҳаёт мебахшад, инчунин хислатҳои накўтарини инсониро дар сиришти ў бо шири поки худ ҷой медиҳад.

Воқеан, тарбияи насли солим ва инсони комил ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва саховату садоқати беинтиҳои модар наметавонад боровар бошад.

Ба ибораи дигар, модарон ҳамеша дар рушди тамаддуну фарҳанг ва бунёди ҳаёти пурсаодати аҳли башар, аз ҷумла мардуми мо нақши муассир мегузоранд.

Ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишварамон маҳз ба хотири қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба ҳамин нақшу мақоми хосаи онҳо мебошад.

Барои амалӣ намудани ин мақсади наҷиб Ҳукумати Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ қонуну барномаҳои муҳимеро қабул намуд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои кору зиндагии занон, таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳалли масоили мубрами ҳаёти кишвар ва рушди устувори он мебошад.

Занону духтарони арҷманди мо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат дар баробари мардон заҳмат кашида, ба хотири таҳкими иқтидор ва мақоми шоистаи Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ саъю талош доранд.

Дар таърихи навини мо занон дар фаъолияти мақоми олии қонунбарор - парламенти кишвар низ саҳми назаррас мегузоранд.

Онҳо дар таҳия, қабул ва татбиқи қонунҳои ба талаби замон мутобиқ фаъолона ширкат меварзанд.

Имсол низ шумораи зиёди бонувони фаъоли мо номзадии хешро ба вакилии парламенти мамлакат пешниҳод намуда, ба пирўзӣ ноил гардиданд. Ин боз як нишонаи торафт мустаҳкам гардидани мақом ва манзалати зан дар ҷомеаи мо мебошад.

Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо хусусан дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад.

Бо мақсади таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бо таҳсил фаро гирифтани духтарон ҳамеша таваҷҷўҳи хоса зоҳир менамояд.

Дар робита ба нақши созандагии бонувони тоҷик мехоҳам бо изҳори миннатдорӣ аз саҳми арзандаи онҳо дар бунёди иншооти тақдирсози аср - нерўгоҳи барқи обии Роғун ёдовар шавам.

Модарону хоҳарони азизи мо аз аввалинҳо шуда, дастгириву ҳамовозии хешро ба хотири бунёди ин кохи нур иброз намуданд.

ҳамзамон бо ин, баробари ба фурўш баромадани саҳмияҳои нерўгоҳи мазкур занону модарони баландҳиммати мо дар харидории онҳо беш аз ҳама ташаббус нишон дода истодаанд, ки ин худ намунаи олии ватандўстӣ мебошад.

Мо бо занону модарони худ ҳамеша ифтихор мекунем.

Зеро Модари тоҷик дар тўли садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаеро ба дунё овардаву ба камол расонидааст, ки онҳо бо ақлу заковат ва нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтаанд.

Орзўи имрўзаи мо аз занону модарони арҷмандамон ин аст, ки онҳо рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рўҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами кишварамонро ба сўи уфуқҳои ояндаи дурахшон парафшон баранд.

Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ў қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст. Мо дар сурате ба пирўзиву комёбиҳо ноил мегардем, ки агар дуои неки модарро гирем, ба қадри ранҷу заҳмат, шири сафеди ҷонбахш ва дилсўзиву ғамхории ў расем.

Ҳамду сано ба зан - модар, ки муҳаббати ў интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои ўст.

Бори дигар ҳамаи шумо – модарону хоҳарони меҳрубон ва фарзандони азизро бо ин ҷашни пуршукўҳ шодбош гуфта, бароятон дар арафаи Наврўзи фархундапай рўзгори пур аз баҳорро орзу дорам.

Идатон муборак бошад, модарону хоҳарони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520